From Wikipedia, the free encyclopedia
Папи́рус (юн.-қад. πάπῡρος, лот. papyrus), ё би́блиос (юн.-қад. βιβλίος) — як навъ гиёҳ аст, ки дар давраҳои қадим аз он барои хатнависӣ мавод тайёр мекарданд. Дастхати дар ин материал навиштаро низ папирус гӯянд.
Папирус чун материали хатнависӣ дар Мисри Қадим тақрибан дар аввали ҳазораи 3 то мелод ихтироъ гардид ва миёнаҳои ҳазораи 1 то мелод ба дигар мамлакатҳои баҳри Миёназамин низ паҳн гашт. Барои тайёр намудани материали хатнависӣ шохаҳои папирусро тунук-тунук бурида, паҳлӯи ҳам ду қабат чида, ҳар ду қабатро сахт фишурда ба ҳам мечаспонданд ва мехушконданд. Чанд тахтаи онро нӯг ба нӯг часпонида, лӯла месохтанд. Ҳарчанд ки дар Миср дар садаи VIII коғаз бештар истифода мешуд, ин ҷо папирусро дар садаи IX мелод ҳам ба кор мебурданд.
Матнҳои папирусро папирусшиносон, мисршиносон, сомишиносон ва дигар меомӯзанд. Папирус муҳимтарин манбаест дар омӯзиши ҳаёти иқтисодӣ, маданӣ ва сиёсии Мисри Қадим ва олами атиқа. Аз Миср ба ғайр аз папируси Мисри Қадим ва қибтӣ матнҳои юнонию сомия асрҳои 6—5 то мелод низ ёфт шудаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.