From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Қубодиён (форсӣ: ناحیۀ قبادیان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ноҳияи Қубодиён | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Хатлон |
Марказ: | Қубодиён |
Замони таъсис : | 27 октябри 1939 |
Раиси ноҳия: | Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ (аз 2023)[1] |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 1834,4 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 1 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 6 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 195,1 ҳаз. кас[2] |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, ӯзбeкӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | KA |
Код ISO : | TJ.KТ.KA |
Пешшумора : | +992 3251 |
Нишонии почта : | 735140 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[3] ва дар солҳои 1930—1970 ба ёди Анастас Микоян, яке аз раҳбарони шӯравӣ, ноҳияи Микоянобод номида мешуд[4].
Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қӯрғонтеппа шуд.
Маркази ин ноҳия шаҳраки Қубодиён (форсӣ: قبادیان) аст, ки дар канори рӯди Кофурниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 94 км ҷанубу ғарбтар аз Бохтар ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷой дорад. Аз Қубодиён то Душанбе 198 км роҳ аст. Ин шаҳрак дар солҳои 1930 — 1970 Микоянобод ном дошт.
Ноҳияи Қубодиён бо сарзамине 1834,4 км² дар дараи рӯди Кофурниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Дӯстӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳритӯс аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Қалъаи Зол аз ноҳияҳои Вилояти Қундузи Афғонистон ҳаммарз аст.
Мардум дар дараи рӯди Кофурниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[5].
Номи Қубодиён дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои форсӣ: «قبادیان», форсӣ: «قوادیان» ва форсӣ: «قباذیان» омада ва дар он замон сарзамини миёни рӯдҳои Сурхондарё ва Вахшро меномиданд.
Нахустин бор аз Қубодиён ба гунаи форсӣ: «قبادیان» дар «Торихи Табарӣ», навиштаи Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, дар замони лашкаркашии Асад ибни Абдуллоҳ ба Хутталон дар соли 725 ёд шудааст[6].
Дар садаи IX м. Қубодиён яке аз бахшҳои Хутталон[7], ва дар садаи X м. дар замони аморати Сомониён — бахше аз вилояти Чағониён[8] будааст.
Бино бар навиштаи ас-Самъонӣ, Қубодиён дар садаи XII м. «ноҳияе ободон» аз бахшҳои Балх будааст. Қубодиён дар садаҳои миёна яке аз калонтарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр буда. Сарзамини Қубодиён чанд шаҳри бузургу ободон доштааст, ки дар миёни кӯҳсор дар поёноби рӯди Кофурниҳон ва начандон дур аз Омударё ҷой доштаанд[9].
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Қубодиён бахше аз вилояти Қурғонтеппа гардид ки то соли 1929 вуҷуд дошт. Вилояти Қурғонтеппа дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Қурғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ҷумҳурӣ шуд. Аз 4 январи соли 1944 ин ноҳия бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.
Мардуми Қубодиён ба забони тоҷикӣ ва ӯзбeкӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Қубодиён 169,8 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[10].
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
191,4 | 195,1 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Қубодиён 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат[11]. дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Қубодиён[12] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ, 2015 | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Қубодиён, шаҳрак | 12 200 (2020) | ||||||||||
Заркамар | 11 787 | ||||||||||
Навобод | 11 200 | ||||||||||
Носири Хусрав | 35 248 | ||||||||||
Эшмурод Ниёзов | 18 682 | ||||||||||
Тахти Сангин | 36 769 | ||||||||||
20-солагии Истиқлол | 20 889 (2010) | ||||||||||
Ӯтақара Назаров | 22 107 (2017) | ||||||||||
Сарвари ноҳияи Қубодиён Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Қубодиён Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Қубодиён барои 5 сол интихоб мекунанд.
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.