ноҳияе дар вилояти Хатлони Тоҷикистон From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Фархор (форсӣ: ناحیۀ فرخار) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Маркази маъмурӣ | Фархор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 23 ноябр 1930 |
Масоҳат |
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 179 100[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон, узбакҳо |
Мазҳаб | мусулмонон |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | 3316 |
Нишонаи почта | 735140 |
Ин ноҳия 23 ноябри соли 1930[2] дар бахше аз вилояти Кӯлоб дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[3].
Маркази ин ноҳия шаҳраки Фархор аст
Ноҳияи Фархор бо сарзамине 1183,1 км² дар дараи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Данғара ва Восеъ, дар шарқ — бо ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ғарб — бо ноҳияҳои Вахш ва Румӣ ва дар ҷануб — бо ноҳияи Панҷ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва вулусволии Дарқад аз бахшҳои Вилояти Тахор дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Дар сарзамини Фархор осори бисёре аз гаҳи бостон мавҷуд аст, ки куҳантаринашон аз асри санг бозмондааст[4]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин вайронаҳои Шӯртеппа ё Мазортеппа аст, ки 3 км шимолтар аз Фархор ҷой доранд.
Сарзамини кунунии ноҳияи Фархор дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд. Номи Фархор дар манобеъи садаҳои миёна ба гунаҳои «Форғар» (форсӣ: فارغر) ё «Борғар» (форсӣ: بارغر) омада [5] ва дар он замон сарзаминеро меномиданд ки миёни рӯдҳои Порғар и Ахшу ҷой дошт. Ин ҷойном дар асл «Порғар» (форсӣ: پارغر) буда ва «Форғар» (форсӣ: فارغر) ва «Борғар» (форсӣ: بارغر) арабишудааш аст.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз ҷойноми «Форғар» дар достони ҷангҳои подшоҳи Турон Афросиёб ёд мекунад[6].
Дар садаи X м. Фархор сарзамине ободон ва дорои кишту барзи фаровон ва мардуми бисёр буд[7]. Дар садаи XVII м. ин сарзаминро «Форхар» (форсӣ: «فارخر») мехондаанд[8].
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Фархор бахше аз вилояти Кӯлоб гардид.
Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Фархор 155,7 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[9]. Мардуми Фархор ба забони тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
175,7 | 179,1 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Фархор 1 шаҳрак ва 8 ҷамоат[10] дорад:
Сарвари ноҳияи Фархор Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Фархор Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Фархор барои 5 сол интихоб мекунанд.
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.