From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Мастчоҳ, Ноҳияи Мастчоҳ (форсӣ: ناحیۀ مسچا) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Бӯстон (форсӣ: بوستان). Аҳолӣ — 132 000 нафар. Масоҳат — 1000 км². Масофа: 56 км шимолу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Бӯстон то Душанбе 360 км роҳ аст.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Масчоҳ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Суғд |
Шомили | 3 шаҳрак, 7 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Бӯстон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 26 ноябри соли 1956 |
Масоҳат | 1000 км² |
Баландӣ | 768 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 132 500[1] нафар (2022) |
Зичӣ | 113,4 нафар/км² |
Миллият | тоҷик |
Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | MA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU.MA[2] |
Коди телефон | +992 3445 |
Нишонаи почта | 735800 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 02 TJ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Мастчоҳ бо сарзамине 1000 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Тошканди Ӯзбекистон, дар шарқ ва ҷануб — бо ноҳияи Ғафуров ва дар ғарб — бо ноҳияи Спитаман аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ноҳияи Масчо ноҳия 26 ноябри соли 1956 дар бахше аз вилояти Ленинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Мардуми Масчо ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Масчо 113 400 нафар ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 113,4 кас дар км² буд[3].
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
110,3 | ↗113,4 | ↗125,3 | ↗128,4 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Масчо 3 шаҳрак ва 4 ҷамоат дорад[4]:
Сарвари ноҳияи Масчо Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Масчоҳ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Масчо барои 5 сол интихоб мекунанд.
Ноҳияи Масчо 9 корхонаи саноатӣ, 1070 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 1060 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 24025 га, аз ҷумла 22482 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[6].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.