Носири Хусрав (форсӣ: ابومعین ناصر بن خسرو بن حارث قبادیانی بلخی، معروف به ناصرخسرو) — нависанда, файласуф, шоир, адиб ва мутафаккири барҷастаи тоҷик.

Quick Facts Носири Хусрав, Ном ба ҳангоми таваллуд: ...
Носири Хусрав
форсӣ: ناصر خسرو قبادیانی
Thumb
Ном ба ҳангоми таваллуд: Абу Муиз Ҳомидуддин Носир ибнӣ Хусрав ал-Қубодиёнӣ ё Носир Хусрав Қубодиёнӣ Балхӣ
Таърихи таваллуд: 1004
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: тақрибан 1088
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ: Давлати Ғазнавиён Ғуриён
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, файласуф, риёзидон, мақоланавис, мусофир, доъӣ, scholar
Забони осор: форсӣ[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Close

Зиндагинома

Носири Хусрав соли 1004 дар шаҳри Қубодиён, ки дар қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ҷойгир аст, дар хонаводаи деҳқон ба дунё омадааст. Номи пурраи ӯ чунин аст: Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хусрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Қубодиёнӣ нисбааш мебошад. Падараш деҳқон буд ва Носири Хусрав баробари ёд гирифтани кори деҳқонӣ, хату савод ҳам баровард. Қайд кардан лозим аст, ки дар он замонҳо шахси бадавлату молдорро деҳқон мегуфтанд ва онҳо дар назди дигар табақаҳои ҷомеа обрӯи калон доштанд. Баъд аз ин Носир дар мактаб маълумоти ибтидоиро гирифта, пас аз он таҳсилро дар мадрасаи Балх давом дод.

Дар давоми таҳсил махсусан ба омӯзиши илмҳои фалсафа, мантиқ ва табиатшиносӣ бештар майл зоҳир мекард. Носири Хусрав солҳои 30-юми асри XI ҳамчун шоир ва олими забардаст ном баровард. Муддате дар даргоҳи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар корҳои маъмурии молиявӣ хидмат кардааст. Соли 1037 дар Хуросон табаддулоти давлатӣ оғоз ёфт. Носири Хусрав муддате дар девони молиёти Салҷуқиён хидмат намудааст. Носири Хусрав бар замми хидмати дарбор, бо корҳои деҳқонӣ низ машғул буд. Оҳиста — оҳиста хидмати дарборӣ ба дилаш зад, чунки дар хидмат тазъиқу фишор ва аз фосидон бадӣ медид. Дӯсти ҳақиқии беғаразро надошт, касеро ки медид, хушомадгӯю риёкор буда, барои худ баҳрае меҷуст. Носири Хусрав ин гуна дӯстони риёкорро чашми дидан надошт ва аз онҳо худро дур медошт. Ҳамаи ин сабаб шуданд, ки ӯ тарки хидмати дарбор намуда, ба сафар тайёрӣ дид. Мақсади сафар карданаш шинос шудан бо ҳаёт ва зисту зиндагонии мардум, табиати кишварҳо, шаҳрҳо буд ва инчунин ӯ мехост бо мундариҷа ва таълимоти мазҳаби исмоилия дар минтақаҳои гуногун шинос шавад.

Исмоилиён як шохаи машҳури ши’аён дар асрҳои X—XII буданд. Носири Хисрав ба ин мазҳаб аз он сабаб майл дошт, ки онҳо ба ривоҷи илму дониш диққат медоданд ва тарафдори озодфикрӣ буданд. Носири Хусрав молу мулкашро ба бечорагон тақсим карда, соли 1045 бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, ӯ аз Эрони Ғарбӣ, Ироқ ва Арабистону Мисрдидан кард. Дар ин муддат Носири Хисрав ҷараёни исмоилияро бештар омӯхта, худ тарғибгари ин ҷараён шуд. Соли 1052 Носири Хусрав ба Хуросон баргашт. Вай боз кори деҳқониашро ба роҳ монда, акнун пайваста дар байни мардум мазҳаби исмоилияро ташвиқу тарғиб мекард, ки ин қаҳру ғазаби суннипарастонро ба амал овард.

Носири Хусрав ба таъқиб дучор шуд ва дар Хуросон зистани ӯ хавфнок гардид. Вай дар чанд ҷойгоҳ паноҳ бурда ва оқибат ба кӯҳистони дурдасти Бадахшон, дараи Ямғон, дар паноҳи мардуми олиҳиммати Бадахшон боқимондаи умрашро гузаронид. Носири Хусрав дар ғарибӣ ва дур аз ватани аҷдодӣ худро нороҳат ҳис мекард, мулки Хуросонро ёд мекард, бар замми он дар ин ҷо имконияти шуғли деҳқонӣ ҳам набуд. Носири Хусрав дигар ба Хуросон баргашта натавонист. Вай қариб ҳамаи асарҳояшро дар ҳамин ҷо навишта, онҳоро ба мулкҳои дигар равон кардааст. Соли 1088 Носири Хусрав дар Ямғон аз олам чашм пӯшид.

Эҷодиёт

Китоби Сафарнома мушоҳидаҳои нависандаро аз сафари ҳафтсола бо насри равону сода инъикос кардааст. Ин асар аҳамияти бадеию таърихӣ дорад, ҳодисаҳои он вокеӣ мебошанд. Нависанда ҳар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки ҳосил кардааст, ҳамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шаҳри Байтулмуқаддас (Иерусалим) менависад: «Шаҳрест бар сари кӯҳе ниҳода ва об нест, магар аз борон ва дар рустоҳо об аст, аммо ба шаҳр нест. Ин шаҳр бар сари санг ниҳодааст ва шаҳри бузург аст, он вақт ки дидам, бист ҳазор мардум дар вай буданд. Ва бозорҳои неку ва биноҳои олӣ дорад ва ҳама замини шаҳр бар тахтасангҳое фарш андохта ва ҳар куҷо кӯҳ будааст ва баландӣ буридаанд ва ҳамвор карда чунон ки борон борад, ҳама замин покиза шуста шавад». Дар Сафарнома Носири Хусрав манзараҳои табиати кишварҳои гуногун, анъанаҳои мардум, ободии шаҳрҳоро ба таври муфассал нақл кардааст.

Девони ашъори Носири Хусрав аз қасидаҳои мазҳабӣ, фалсафавӣ ва иҷтимоӣ, ғазалхо, рубоиҳо ва қитъаҳо иборат буда, 11000 байтро ташкил медиҳад.

«Рӯшноинома» маснавиест иборат аз 592 байт ва он дар муддати як ҳафта эҷод шудааст. Дар ин асар масъалаҳои ахлоқию фалсафӣ инъикос гардидаанд.

«Саодатнома» аз 300 байт иборат буда, қисман такрор ва қисман давоми «Рӯшноинома» мебошад. Дар он ақидаҳои панду ахлоқӣ, дар бораи муносибати байни одамон, дар бораи меҳнат ва аҳли кор, авлиё ва ҳукамо, ақл ва имон, дар бораи танҳоӣ, тарки дунё ва қаноат, мазаммати синфи ҳоким ва муфтхӯрон ақидаҳои арзишманд изҳор шудаанд.

Дар эҷодиёти Носири Хисрав панду насиҳат бисёр вомехӯрад:

Дар мавриди баёни аҳамияти панду андарз:
Насиҳат бишнав ар талх ояд аз ёр,
Ки дар охир ба ширинӣ расад кор.
Дар бораи айби худро дидан ва дигаронро айб накардан:
Макун айби касон, гар метавонӣ,
Ки ту, эй дӯст, айби худ надонӣ.
Оиди некиро фаромӯш накардан:
Касе, к-ӯ бо ту некӣ кард як бор,
Ҳамеша он накуӣ ёд медор.
Оиди донишомӯзӣ:
Сар андар ҷустани дониш ниҳодам,
Накардам рӯзгори хеш бебар
Намонд аз ҳеч гун дониш, ки ман з-он
Накардам истифодат бешу камтар.
Андар сифоти касбу ҳунар:
Беҳ аз саннои олам деҳкон аст,
Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Ки вахшу тайрро роҳатрасон аст.

Ҳакими бузург

Носири Хусрави шоҳи банда навоз,
Искандараму саги туям аз дарвоз
Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту ояд ба ниёз.
Навмед зи даргоҳи ту кай гардад боз.

(эҷодиёти даҳонии халқ)

Ба пирӣ хидмати модар падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки то ёбӣ замон гардӣ ту ҳам пир.
Зи паси Фотимиён рав, ки ба фармони Худо,
Умматонро зи паси ҷаду падар раҳбаранд.
Эй писар, дини Муҳаммад ба масал чун ҷасадест,
Ки ба ин шуҳра ҷасад Фотимиён ҳамчу саранд.

Носири Хусрав

Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,
Ки доим дерзӣ бошад камозор…
Ҳамша некхоҳи мардумон бош,
Ба некӣ кӯш в-он гаҳ дар амон бош.
Мурувват нест, ар афтодагоне,
Ба раҳ биниву худ маркаб биронӣ.
Зи некон бош, андар некӯӣ кӯш,
Макун некии кас аз дил фаромӯш.
Ба некон умри созу барг хоҳад,
Бадонро халқи олам марг хоҳад.


Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,
Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.
Ба ростии бол назар карду чунин гуфт:
«Имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост!»
Гар авҷ бигарам бипарам аз назари шед,
Мебинам агар заррае андар таги дарёст.
Гар бар сари хошок яке паша биҷунбад,
Ҷунбидани он паша аён дар назари мост.
Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид,
Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.
Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне,
Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.
Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз,
В-аз абр мар-ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост.
Бар хок биафтоду биғалтид чу моҳӣ,
В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост.
Гуфто: «Аҷаб аст ин, ки зи чӯб асту зи оҳан,
Ин тезиву тундиву паридан-ш куҷо хост».
Бар тир нигоҳ карду пари хеш бар ӯ дид,
Гуфто: «Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост».
Ҳуҷҷат ту маниро зи сари хеш бадар кун,
Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост.

Корҳои илмӣ ва мақолаҳо дар бораи Носири Хусрав

Олими шӯравии тоҷик Холиқ Мирзозода дар китоби худ «Таърихи адабиёти тоҷик» эҷодиёти Носири Хусравро ҳаматарафа таҳлил намуда, ақидаву назарияҳо ва ҷаҳонбинии бой доштани ӯро қайд кардааст. Мирзозода оид ба эҷодиёти Носири Хусрав чунин хулосаҳо баровардааст:

      • 1. Носири Хусрав аввал подшоҳпараст бошад ҳам, баъд ба мавқеи халқии зиддифеодалӣ гузаштааст…
      • 2. Ҷаҳонбинии назариявӣ ва ғояҳои ӯ хеле мураккаб ва зиддиятнок аст…
      • 3. Бадбахтии ҷамъиятро аз як тараф аз нобаробарии иқтисодӣ донад, аз дигар тараф онро аз таъсири ҳаракати сеҳрангези сайёраҳо — фалак медонад.
      • 4. Ҷаҳонбинии шоир асоси зуҳди мистикӣ ва таркидунёӣ дорад, вале ба мазҳаби исмоилия такя дорад.
      • 5. Дар эҷодиёти Носири Хусрав панду ҳикматҳо дар шакли тезис ифода шуда, мақоми асосиро ишғол мекунанд.
      • 6. Дар эҷодиёти Носири Хусрав насри илмӣ, фалсафӣ, мазҳабӣ, таърихӣ ва этнографӣ мақоми баландро соҳиб бошанд хам, вале назм дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён дорад.
      • 7. Дар масъалаи мазҳабӣ, нафрат ба ҳоким ва уламои мазҳаби суннат пайрави ақидаи Кисоии Марвазӣ мебошад.

Руйхати мақолаҳо ва осори илмии олимон оид ба эҷодиёти Носири Хусрав

      • Айнӣ Камол: Носири Хусрави Қабодиёнӣ «Сарсухан ба Гулчине аз ашъор», Сталинобод, 1957.
      • А. Е. Бертельс «Носир Хисрав и исмаилизм», Москва, 1959
      • Г. А. Ашуров «Решение основного вопроса философии Носири Хисравом», Известия АН Тадж. ССР, № 1, Отделение общественных наук, Душанбе, 1963
      • Г. А. Ашуров «Об отношении Носири Хисрав к Абубакру-ар-Рози», Известия АН Тадж. ССР, № 2, Душанбе, 1963.
      • Додихудоев Х. «Очерки философии исмаилизма», Душанбе, «Дониш», 1976.

Эзоҳ

Нигаред

Адабиёт

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.