Камол Айнӣ (Айнӣ Камол Садриддинович; (15 майи 1928 — 9 августи 2010, Душанбе) — ховаршинос, адабиётшинос, академики Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1996), дорандаи Ҷоизаи байналмилалии Бунёди фарҳангии Афшор (Эрон, 1990), Ҷоизаи байналмилалии Форобӣ дар улуми инсоншиносӣ (Эрон ,2008), академики Акададемияи мактабҳои олӣ дар соҳаи ховаршиносӣ.
Айнӣ Камол Садриддинович | |
Таърихи таваллуд | 15 май 1928 |
Таърихи даргузашт | 9 август 2010 (82 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
Дар гузари Лабиғори ш.Самарқанд ба дунё омадааст. Фарзанди аршади Садриддин Айнӣ. Факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинград ба номи А. А. Ждановро хатм кардааст (1949). Аспиранти Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС (1949—1953), ходими калони илмии ИЗА ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон, мудири шуъбаи (ганҷинаи) навбунёди дастнависҳои шарқии назди Президиуми АИ ҶШС Тоҷикистон (1953—1958), мудири сектори матншиносии Шуъбаи шарқшиносӣ ва осори адабӣ (1958—1966), ходими калони илмии назди Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамкории байнидавлати дар таҳқиқ ва нашри осори хаттӣ (1965—1972), мудири сектори Эрони Институти шарқшиносии АИ ҶШС Тоҷикистон, мудири шуъбаи таҳқ. дастнависҳо ва осори хаттии ҳамин Институт (1980—1986), директори ганҷинаҳои дастхатҳои Шарқ ба номи академик А. Мирзоев (1986—1992), муовини раиси ҷамъияти «Пайванд» (1996—2002), корманди илмии Институти шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси доимии Бунёди байналмилалии С. Айнӣ (2002—2010).
Узви даҳ анҷуману марказҳои илмӣ — академии ва фарҳанги эроншиносии кишварҳои Шарқу Ғарб — ИМА, Канада, Фаронса, Эрон, Италия, Олмон ва ғ. Раиси Анҷумани ховаршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонишини Раиси Шӯрои таҳқиқ ва нашри осори хаттии АИ Тоҷикистон, муовини Раиси Анҷумани тоҷикони ҷаҳон.
Иштирок дар беш аз 30 конгрессу симпозиумҳои шарқшиносон ва узви чандин комиссияҳои илмӣ доир ба омӯзиши адабиёт ва фарҳанги Шарқ. Аз соли 1980 то 1983 муовини раиси Комитети шӯравии Ассотсиатсияи байналмилалӣ оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО, раиси Анчумани шарқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистон. (1983—2010).
Оила
Падар — Садриддин Айнӣ, модар — Салоҳат, хоҳарон —Лутфия ва Холида Айнӣ
Ҳамсар — Муқаддамаи Ашрафӣ, санъатшинос, писараш — Эраҷ, духтараш — Лайло ва наберааш — Бежан[1].
Мероси илмӣ
Қисми зиёди корҳои илмии ӯ ба масъалаҳои муҳими адабиёти класикии форсу тоҷик марбут аст. Ӯ муаллифи мақолаҳои:
- "Бадриддин Ҳилолӣ ва достони ӯ «Лайлӣ ва Маҷнун» (1954),
- «Беҳзод — рассоми бузурги тоҷик» (1956),
- «Қасида дар эҷодиёти Рӯдакӣ» (1958),
- «Хоҷуи Кирмонӣ ва девони ӯ» (Теҳрон, 1969) ва ғ.,
- рисолаҳои:
- «Шаҳриёрнома»-и Мухтори Ғазнавӣ (1964, ба заб. тоҷ., русӣ ва анг.),
- рисолаи «Бадриддин Ҳилолӣ» (1957),
- муқаддимаву тавзеҳоти маҷмӯаҳои «Носири Хисрав» (1957),
- «Бадриддин Ҳилолӣ» (1958),
- достони «Соломон ва Абсол»-и Абдураҳмони Ҷомӣ (1964),
- «Умари Хайём» (1965),
- «Авҷи Зуҳал»-и Абӯалии Сино (бо ҳамқаламии Ш.Ҳусейнзода ва Худоӣ Шарифов, 1980),
яке аз таҳиягарони: Фарҳанги мухтасари «Шоҳнома» (1991, бо ҳамқаламии З.Аҳрорӣ), матни нӯҳҷилдаи илмии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ, тадвини осори мунтахаби панҷҷилдаи Абдураҳмони Ҷомӣ,
- нашри осори С.Айнӣ,
- «Ҷомӣ дар миниатюраҳои асри ХVI» (Москва, 1966)
- «Лавҳаҳои нигорин аз садаи чаҳордаҳ то ҳаждаҳ бар осори суханварони форс-тоҷик» (1974, таҳия ва таҳқиқи М.Ашрафӣ),
фароҳамоварандаи як силсила матни интиқодии осори классикони форсу-тоҷик бо замимаи таҳқиқи онҳо, ки бо ҳамкории Бунёди фарҳанги Эрон дар Теҳрон интишор ёфтаанд:
- «Ҳумоӣ ва Ҳумоюн» (1969),
- «Гул ва Наврӯз»-и Хоҷуи Кирмонӣ (1972),
- «Вис ва Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ (бо ҳамқаламии М.Тодуа ва А.Гварҳария, 1970),
- «Бадоеъ-ул вақоеъ»-и Восифӣ (бо ҳамқаламии А. Н. Болдирев, 1970) ва ғ.
- Инчунин муаллифи китоби «Корномаи Айнӣ» (Д., 1978) ва яке аз муаллифони китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 9 (1957—1970).
Аҳмади Наҷот ва Камол Айнӣ | Камол Айнӣ бо ҳамсараш |
Эзоҳ
Сарчашма
Пайвандҳо
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.