From Wikipedia, the free encyclopedia
Лутфия Айнӣ (13 майи соли 1934, шаҳри Самарқанд — 7 майи соли 2015, шаҳри Душанбе) — олим, санъатшинос, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон (1991). Духтари бунёдгузори адабиёти шӯравии тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ.
Хатмкардаи факултети санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов (1955). Ходими илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Муаллифи асарҳои бисёр дар бораи санъати классикии Шарқи Миёна (меъморӣ, суратгарии миниатюрӣ, ҳунармандӣ) ва санъати муосири Тоҷикистон. Асарҳои Лутфия ба бисёр забонҳои хориҷӣ нашр шудаанд. Аз соли 1964 узви ИР Тоҷикистон. Духтари хурдии устод Садриддин Айнӣ — асосгузори адабиёти навини тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон рӯзи 7 майи соли 2015, дар синни 81-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт.[1]
Падар — Садриддин Айнӣ, модар — Салоҳат, хоҳар — Холида Айнӣ, бародар — Камол Айнӣ
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.