«Намунаи адабиёти тоҷик» (форсӣ: نمونه ادبیات تاجیک) — нахустин асари бузурги адабиётшиносии Садриддин Айнӣ, ки байни 15 март — 12 октябри 1925 навишта шуда, соли 1926 дар Маскав дар Нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расидааст.

Бахшҳо

Китоб бо муқаддимаи Абулқосим Лоҳутӣ бо номи «Садриддин Ай­нӣ» ва «Сарсухан»-и мураттиб — Садриддин Айнӣ шурӯъ шуда, аа 3 қисм иборат аст. Қисми 1 солҳои 912/913 — 1785/86-ро дар бар мегирад ва дар он аз Рудакӣ то Сайидои Насафӣ 80 адиб бо тартиби хронологӣ дохил шудаанд. Қисми 2 солҳои 1785/86 — 1924/25-ро дар бар гирифта, дар он намунаи осори 132 адиб фароҳам омадааст. Муаллиф намунаҳои адабиеро, ки то вакти таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» ба равияи анъанаҳои адабиёти гузашта эҷод шудаанд, дар ҳамин қисм ҷой додааст. Тартиби ин қисм му­вофиқи алифбои арабист. Дар қисми 3 асарҳое, ки мавзӯи нав дошта, пас аз Револютсияи 1905 ва Револютсияи Октябр ба майдон омадаанд, дохил шудаанд. Садриддин Айнй дар ин қисм аз эҷодиёти 11 адиб намунаҳо оварда, дар бораи як қатор газетаву журналҳо низ маълумот медиҳад. Ин қисм боз ба ду ҳисса: якум — солҳои 1905—1917 ва дуюм — солҳои 1917—1925 ҷудо мешавад. Вобаста ба сабабнои объективӣ ва ҳудуди  чуғрофӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» танҳо адибоне, ки дар Мовароунваҳр ва Туркистон умр ба cap бурдаанд ё ки ба ин ҷойҳо муносибате доштаанд, дохил гардидаанд.

Ба вуҷуд омадани ин асар ба он дигаргуниҳои азиме, ки дар солҳои 20 дар ҳаёти сиёсӣ , иҷтимоӣ ва мадании халқи тоҷик рӯй додаанд, инчу­нин ба он муборизаҳои шадиде, ки дар ин давра дар тамоми соҳаҳо давом мекарданд, сахт алоқаманд аст. «Намунаи адабиёти тоҷик» дар масъалаҳои тарғиби сиёсати миллии Партияи коммунистӣ, исботи аз қадим дар ҳудуди Осиёи Миёна ва Мовароуннаҳр мавҷуд будани халқи тоҷик, омӯзиши мероси адабӣ, ташвиқи ҷавонон ба адабиёти нави тоҷик роли бузург бозид.

Дар шароите, ки боқимондаҳои ҷараёнҳои реаксионӣ пантуркизмро «идеали ягона ва бузург»-и худ қарор дода, бо мақсади дар Оси­ёи Миёна ташкил кардани «давлати ягонаи бузурги турк», ба вуҷуд овардани «миллати ягонаи озоди турк» ва ҷорӣ кардани «забони яго­наи туркӣ» бар зидди сиёсати мил­лии Партияи коммунистӣ иғво ме­карданд, дар вазъияте, ки пантуркистон бар хилофи ҳақиқати таърихӣ,— «дар Осиёи Миёна тоҷик ном як халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва Мад­раса забони худро гум кардаанд»-гуён ба муқобили ташкили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебаромаданд, Садриддин Айнӣ бо навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» ба ҳа­ма мункирони халқи тоҷик ва забону маданияти вай зарбаи ҳалокатоваре расонд ва ба «даҳони онҳо мӯҳри хомушӣ зад».

Дар асоси фактҳои таърихӣ ва адабӣ Садриддин Айнӣ ба таврв илмӣ собит кард, ки тоҷикон яке аа қадимтарин халқҳои Осиёи Миёна буда, таърих ва маданияти бостонӣ, забону адабиёти бой, урфу одати ба худ хос доранд; дар тули асрҳо бо халқҳои ҳамсоя  алока дошта ва ба халқҳои дигар низ таъсири муайяне расондаанд ва дар давраи советӣ қобилияти ташкилотию сиёсии ин халқ боз ҳам бештар зоҳир гаштааст. «Намунаи адабиёти тоҷик» бо мундариҷаи бой, ҳал­ли масъалаҳои муҳимтарини замон, дар тафаккур ва ҷаҳонбинии синфию сиёсии Садриддин Айнӣ табаддулоти ҷиддист. Садриддин Айнӣ дар адабиётшиносии тоҷик аввалин касест, ки дар ин асар таърихи адабиётро аз мавқеи марксизм тадқиқ, намуда, ба амалӣ гардонидани таълимоти ленинии омӯзиши мероси адабӣ қадами ҷиддӣ гузоштааст ва аз баҳри беканори адабиёти гузашта танҳо «унсурҳои демократӣ»-и онро (Владимир Илич Ленин) ба халқ пешкаш кардааст.

«Намунаи адабиёти тоҷик» зоҳиран ба тазкира шабоҳат дошта бошад ҳам, аз рӯи методологияи тадқиқ аз он комилан фарқ мекунад. Ин асар бо рӯҳи ҳизбияти коммунистӣ навишта шуда­аст ва «мундариҷоташ бо усули марксизм таҳлил ёфтааст» (Садриддин Ай­нӣ). Тамоми мазмуну ғояи ин асар ба як самти асосӣ — маърифатнок кардани оммаи меҳнаткаш, танкидан омӯхтани мероси адабӣ, бунёд кар­дан ва инкишоф додани маданияти сотсиалистии тоҷик нигаронида шу­дааст. Садриддин Айнӣ бо овардани намунаҳои барҷастаи адабӣ руҳи прогрес- сивӣ, тамоюлоти халқӣ, мазмуни аниқи иҷтимоӣ, афкори фалсафӣ, боигарии жанру намуд ва сабку услубҳои адабӣ, нафосати калом ва салосати баён, санъату бадеияти баланди адабиёти гузаштаро нишон дода, онро яке аз сарчашмаҳон адабиёти инқилобии тоҷик донист. Аз ин ҷост, ки Садриддин Айнӣ хаматарафа омӯхтани мероси адабиро аз вазифаҳои таъхирнопазири ояндагон мешуморад.

Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» се қисми адабиётшиносӣ: назарияи адабиёт, таърихи адабиёт ва танқиди адабиро дарёфт кардан мумкин аст. Садриддин Айнӣ дар нимаи аввали солҳои 20 як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла сиёсати Пар­тияи Коммунистӣ оид ба адабиёт, ха­рактери интернатсионалии адабиёти советӣ, партиявият, синфият ва халқияти адабиёт, озодии эҷоди бадеӣ, вааифаҳои адиб дар замони сотсиа­лизм ва ғайраро дуруст шарҳ додааст, ки барои ривоҷи минбаъдаи адабиётшиносии ҷавони тоҷик роли калои бозидаанд. Мулоҷизаҷои муаллиф оид ба омӯзиши мероси адабӣ, роли адабиёт дар ҷамъият, ҷаҳонбинии нависанда, ягонагии мазмун ва шакл, анъана ва навоварӣ, таносуби воқеият ва ҳақиқати бадеӣ, матншиносӣ, забони асари бадеӣ, маҳорати адабӣ, сабку услуб, хусусиятҳои жанру намудҳои адабӣ, санъатҳои бадеӣ аҳамияти назарӣ ва амалӣ до­ранд.

Садриддин Айнй дар адабиётшиносии то­ҷик нахустин касест, ки дар ин асар проблемаи таснифи давраҳои таъри­хи адабиётро мувофиқи «дастури марксизм» (Садриддин Айнй) ба миён гузошта, дар ин соҳа ба мухаққиқони оянда роҳ кушод. «Намунаи адабиёти тоҷик» инчунин беасосии ақидаи баъзе шарқшиносони хориҷиро, ки адабиёти асрҳои 16—19 тоҷикро такрори адабиёти асрҳои 10—15 меномиданд, исбот намуд. Ин асар дар солҳои 20—30 чун китоби дарсии таърихи адабиёт дар роҳи Инқилоби маданӣ хизмати босазое кард, «Намунаи адабиёти тоҷик» баҳои баланди шарқшиносони маъруфи советӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла В. Э. Бертелс, Бобоҷон Faфуров, Н. С. Брагинский, Саид Нафисӣ, Иржи Бечкаро сазовор гаштааст.

Эзоҳ

Адабиёт

Пайвандҳо

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.