From Wikipedia, the free encyclopedia
Мурғобиҳо (лот. Anatidae) — як оилаи паррандаҳои обиро гӯянд, ки ба қатори қозшаклҳо мансубанд.
Мурғобиҳо | ||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест. Параметрҳои parent ва rangро пур кунед.
|
||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||
Anatidae Vigors, 1825 | ||||||||||||
|
Дарозии танаашон 29—150 сантиметр. Панҷаҳои пояшон бо парда пайваст шудаанд. Парҳояшон зичи сафед, ҷигарӣ, бӯр ва сиёҳ аст. Аксари мурғобиҳо хеле хуб парвоз карда ва ба об ғута зада метавонанд. Ба мурғобиҳо қу, қоз, мурғобӣ ва казарка мансубанд. 147 намуди Мурғобиҳо (аз 43 ҷинс) дар ҳама ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 58 намудаш, аз ҷумла 8 намуди ғайримуқимӣ (аз 15 ҷинс) ва дар Тоҷикистон қариб 15 намуди мурғобиҳо (масалан, рози кӯҳӣ, мурғобӣ ва ғайра) дучор мешаванд. Мурғобиҳо дар замин, харсангҳо, ковокиҳои дарахт лона сохта, 2—16 тухми якранг (сафед, сабача ё зардча) мегузоранд. Хӯрокашон рустанӣ ва хайвонҳои обии бемуҳра мебошанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.