Зоҳидон
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Зоҳидон (форсӣ: زاهدان) — шаҳр, маркази маъмурии Шаҳристони Зоҳидон, Устони Систон ва Балучистон дар Эрон.; дар ҷанубу шарқи Эрон, дар наздики сарҳадди Покистону Афғонистон воқеъ аст.
Шаҳр | |
زاهدان | |
29°29′ с. ш. 60°52′ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Эрон |
Устон | Устони Систон ва Балучистон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Баландии марказ | 1 380 м[1] |
Минтақаи замонӣ | UTC+03:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 640 031 тан (2012) |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | 0541 |
zahedan.ir(форсӣ) | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Баландиаш аз сатҳи баҳр 1370 м. Аҳолиаш тақрибан 590 ҳазор нафар (2017), аксарият балучҳои ҳанафимазҳаб.
Иқлимаш дар тобистон гарм ва зимистон сард. Миқдори бориши солона 80 мм, мавсими боронӣ декабр – апрел.
Зоҳидон дар масофаи 1600 км ҷанубу шарқтари шаҳри Теҳрон ҷойгир буда, роҳи мошингарди № 84 шаҳрро дар ғарб бо Кирмон ва дар шарқ бо шаҳри Кветтаи Покистон, роҳи № 95 Зоҳидонро дар шимол бо Машҳад ва дар ҷануб бо Чобаҳор мепайвандад. Тавассути роҳи оҳан бо дохил ва хориҷи кишвар – Покистон пайванд аст. Фурудгоҳи байналмилалӣ дорад.
Мавзеи кунунии Зоҳидон дар гузашта минтақаи нисбатан сарсабз ва барои чорводорӣ мусоид буд. Соли 1898 Мурод ном шахсе дар ин ҷо корез бунёд кард ва дар атрофи он деҳаи Дуздоб ташкил ёфт. Соли 1903 дарбориёни белгиягии Қоҷориён дар Дуздоб гумрукхона сохтанд. Дар аҳди Ризошоҳи Паҳлавӣ номи Дуздоб ба Зоҳидон тағйир ёфт (1930). Зоҳидон дар шоҳроҳи иртиботии Покистон, Ҳинд, Хуросон, Кирмон ва Балучистон қарор дошта, аҳолиаш афзоиш меёбад. Зоҳидон ҳоло маркази қолинбофӣ, истеҳсоли маводди сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ ва сафолгарӣ мебошад. Дар Зоҳидон Донишгоҳи Сиистон ва Балучистон, Дорулулуми пизишкии Зоҳидон, Институти технологӣ ва ғайра фаъолият доранд. Зоҳидон ҳамчун ҳавзаи илмии аҳли суннати ҳанафимазҳаб машҳур буда, ҷавонони зиёди тоҷик дар он шаҳр таҳсил кардаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.