Гулрафтор Шаҳобова
Сарояндаи тоҷик From Wikipedia, the free encyclopedia
Сарояндаи тоҷик From Wikipedia, the free encyclopedia
Гулрафтор Шаҳобова (15 ноябри 1939, ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон — августи 2018[1], Тоҷикистон) — овозхони тоҷик.
Таърихи таваллуд | 15 ноябр 1939 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Орҷоникидзеобод, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2018 |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | овозхонӣ |
Гулрафтор Шаҳобова 15 ноябри соли 1939 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро чун коргари Комбинати бофандагии пойтахт оғоз намуда, баъдан дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси сароянда ҳунар озмудааст.
Беш аз даҳ сол сарояндаи Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд. Аз беҳтарин дуторнавозону овозхонони давронаш маҳсуб меёфт. Гӯиё оташи афсун дар садояш ҷилва мекард ва доғу дардро малҳамбандӣ менамуд, дил ва равзани роз сўяш боз меистод.
Монанди гули худруста решаашро бароварда, суруду таронаҳои зиёде аз қабили «Қади раъно», «Духтари деҳқон», «Тоҷикистон», «Рубоиёти халқӣ», «Сол», «Ба меҳнат», «Дӯстӣ», «Моҳи ман», «Хабар меояд», «Рӯҳи ҷонон», «Ватанам» ба хидмат овард, нолаҳои дутор ҷаҳонгашта намудандаш, ба тамоми ҷамоҳири шӯравӣ, Афғонистону Туркияю Сейлону Австрия ва дигар давлатҳо ҳамроҳи ҳунармандони тоҷик сафарҳо намуд[2].
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.