Ноҳияи Ваҳдат

From Wikipedia, the free encyclopedia

Ноҳияи Ваҳдатmap

Ноҳияи Ваҳдат — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 17 сентябри соли 1927 таъсис ёфтааст; то апрели 1936 ноҳияи Янгибозор, то 25.12.1991 ноҳияи Орҷоникидзеобод, то 07.04.2003 ноҳияи Кофарниҳон ном дошт. Аз 07.04.2003 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ваҳдат номгузорӣ шуд.[2]

Quick Facts Ноҳияи Ваҳдат, Кишвар ...
Ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Ваҳдат
Ноҳият Ваҳдат
38°33′11″ с. ш. 69°01′11″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи НТҶ
Шомили 1 шаҳр, 1 ҷамоати шаҳрак, 10 ҷамоати деҳот
Маркази маъмурӣ Ваҳдат
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 14 сентябри соли 1927
Масоҳат 3987,29 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 359 800[1] нафар (2022)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо, русҳо
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа KR
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.KR
Коди телефон +992 3136
Нишонаи почта 737450
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ08
Вебгоҳи расмӣ
Thumb
 Парвандаҳо дар Викианбор
Close

Мавқеи ҷуғрофӣ

Аз ҷануб бо ноҳияҳои Ёвону Норак, аз шимол бо ноҳияи Айнӣ, аз шарқ бо ноҳияҳои Файзободу Нуробод, аз ғарб бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад аст. Аз маркази шаҳр то шаҳри Душанбе 15 км. Масоҳаташ 3,7 ҳазор км².

Аҳолӣ

Аҳолиаш 300,4 ҳазор нафар (2013). Зичии аҳолӣ дар 1 км² – 81,2 нафар. Бисёре аз паноҳҷӯёни афғон дар ин шаҳр қарор доранд.

More information сол ...
сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
303 309,9 336,9 342,7
Close

Мавқеи табиӣ

Thumb
Муҷассамаи Модар
Thumb
Бустонсаро дар Ромит.

Ҳудуди шаҳр асосан дар болооби дарёи Кофарниҳон, ки нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор ва шимоли қаторкӯҳи Қа­ро­тегинро дар бар мегирад, ҷой гирифтааст. Сарҳадди ҷа­нубиаш то кӯҳҳои Рангону Қаратоғ, обанбори Норак ва ғарбиаш то канори шарқии водии Ҳисор кашол меёбад. Релйефаш асосан кӯҳист. Баландии мутлақ дар водии Кофарниҳон 800 м буда, дар қаторкӯҳи Қаротегин то ба 3925м ва қаторкӯҳи Ҳисор ба 4176 м мерасад. Қисми баландкӯҳи Ваҳдат то резишгоҳи дарёҳо доман паҳн кардааст. Табиат ва иқли­ми Ваҳдат барои сайёҳӣ мувофиқ буда, дар ҳудудаш мавзеъҳои сайёҳӣ бисёранд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри 2000 дараи Ромити Ваҳдат мин­тақаи истироҳат ва сайёҳии Тоҷикистон эълон шуд.

Тақсимоти марзию маъмурӣ

Ваҳдат дорои 10 ҷамоати деҳоти Баҳор, ба номи Абдулло Абдулвосиев (собиқ Кофарниҳон), ба номи Раҷаб Исмоилов (собиқ Худойқул), ба номи Карим Исмоилов (собиқ Эскигузар ва Дӯстӣ), ба номи Бозорбой Бурунов (собиқ Янгибозор), Ромит, Симиганҷ, Чорсӯ (собиқ Туғмазор), Чӯянгарон, Гулистон (собиқ Қаросу) ва ҷамоати шаҳрак (ба номи Нӯъмон Розиқ) мебошад.[3]

Мақомоти иҷроия

Thumb
Бинои Ҳукумат

Сарвари шаҳри Ваҳдат Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ваҳдат - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ваҳдат ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Таърих

Кофарниҳон (ҳозира Ваҳдат) таърихи 1500-сола дошта, ба ҳайати давлати Чағониён тааллуқ доштааст. Дар асрҳои 6–7 водии Кофарниҳон, ки Ваҳдат низ вобастаи он буд, дар ҳайати давлати Кушониён ва Ҳайтолиён буд. Дар асрҳои 9–10 ин мавзеъ ба ихтиёри давлати Сомониён гузашт. Зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар деҳаҳои Ваҳдат Қалъаи Шодмон (Симиганҷ), Қалъаи Ромит (Ромит), Чилтан (Чиртак), Андигон, марқади Холбойқара, Дашти Бед (ҷамоати деҳоти Абдулвосиев), Кӯҳи Ширбибӣ ва Қалъаи Тоҳир (ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов) кашф шудаанд. Дар маъхазҳои таърихӣ («Авесто»,«Ҳудуду-л-олам») оид ба шаҳрҳои Андигон ва Кофиёни водии Кофарниҳон, ки мавҷудияташон ба асрҳои 3–7 рост меояд, маълумот дода шудааст.

Сарватҳои табиӣ

Сарватҳои зеризаминии Ваҳдат ангиштсанг (кони ангишти Сайёд), гази сӯзанда, флюорит, сангҳои ороишӣ ва масо­ле­ҳи бинокорӣ (гаҷ, гил, регу шағал) мебошанд. Чашмаҳои маъдании обҳои гарму шифобахш ва хунук дорад.

Иқлим

Иқлими Ваҳдат вобаста ба баландӣ тағйир меёбад: то баландии 1500 м – тобистон гарм, зимистонаш начандон хунук (ҳарорати миёнаи июл 20–25ºС, январ аз 0 то –5ºС; бориши солона 700–900 мм); дар баландиҳои 1500–3000 м тобистон салқин, зимистон хунук (ҳарорати миёнаи июл 10–20ºС, январ аз –5 то –15ºС аст; бориши солона 900–1200 мм); аз 3000 м боло иқлими хунук ҳукмфармост (ҳарорати миёнаи июл аз 10ºС пасттар). Миқдори бориши солона 700–900 мм. Ваҳдат дарёи бисёр дорад. Калонтарин дарёҳо Кофарниҳон ва шохоби он Элок ба шумор мераванд. Дарёи Кофарниҳон аз ғарби шаҳр ҷорӣ гашта, онро дарёчаи кӯҳии Ромит ва дигар дарёчаву чашмаҳои сершумор, ки аз пиряхҳои бузург маҷро мегиранд, сероб гардондаанд. Хоки водӣ ва доманакӯҳҳо хокистарранги муқаррарӣ, хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо – ҷигарранг.

Наботот

Нишебии кӯҳҳоро то баландии 2000 м (минтақаи дашт­ҳои кӯҳӣ) алафзору буттазорҳо (бештар буттаҳои хордор), набототи даштӣ – гиёҳҳо ( гандумак, чағаз, типчак, чатргулҳо, лӯбиёиҳо, шибоғ, талха, тахач, коснӣ, ширинбӯя, субинак, ҷамилак, кокутӣ, пудина, ниёзбӯ, пиёзи кӯҳӣ, шулха, газарак, ғармаш (гули хайрӣ), чойкаҳак, раҳдавак, гӯсфандхорак, сафедхорак, сипанд, зира, чукрӣ, торон, чоқла, ров, рошак, карафшак, сири кӯҳӣ, пиёзи анзур, янтоқ) ва дар баландиҳои 2000–3000 м (минтақаи бешадаштҳои кӯҳӣ)-ро алафзор, бешаҳои сираки арча, фарқ, заранг, юған, мушол ва аз 3000 м баландтарро марғзорҳои субалпию алпӣ фаро гирифтаанд. Дар Ромит ва дараҳои Сорбо, Сардаи Миёна, Ёс, Мағов ва ғайра чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, себ, гелос, талхакбодом, санҷид, ноки худрӯй, чинор, бед, туғ, буттаҳои настаран, ангат, зирк ва ғайра бисёранд. Заминҳои корам асосан дар водиҳо ва доманаи кӯҳҳо воқеъ гаштаанд.

Ҳайвонот

Олами ҳайво­ноташ низ гуногун аст. Аз сумдорҳо нахчир, муфлон, гуроз, аз дарандаҳо хирс, паланг, гург, шағол, рӯ­боҳ, қоқум, савсор, вашақ, қашқалдоқ, аз хояндаҳо суғур, заргӯш, ҷайра, хорпушт, мири мушон, кӯрмуш, аз хазан­да­ҳо калтакалос ва ҳар гуна морҳо (кубро, мори чипор, гурза), аз парандаҳо кабк, мурғи ҳилол, уқоб, мурғи ҳумо, заргулдор, дурроҷ ва ғайра вомехӯранд. Дар дарёҳояш гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ мавҷуданд. Дар ҳавзаи дҳои Сорбою Сардаи Миёна (саргаҳи Кофарниҳон) мамнӯъгоҳи Ромит воқеъ гаштааст, ки дар ин ҷо манзараҳои табиӣ ва баъзе намуди ҳайвонҳои ваҳшӣ ҳифз карда мешаванд. Дар Ваҳдат моҳипарварӣ равнақ дошта, гулмоҳӣ, амурмоҳии сафед, суфмоҳӣ ва зағорамоҳӣ парвариш карда мешаванд. Соли 2013 дар хоҷагиҳои моҳипарварии Ваҳдат (ҶММ «Форел», ҶСП «Аква–Порс», ҶММ «Зафари Ориф», ҶММ «Ирам–Азия», хоҷагиҳои деҳқонии «Бобоҷон», «Са­мадов», «Фозилов», «Расулов Мустафо») 23,3 т моҳӣ истеҳсол шудааст.

Роҳҳо

Thumb
Ваҳдат. Сохтмони роҳ

Ваҳдат бо шаҳри Душанбе тариқи роҳи автомобилгард мепайвандад. Роҳ­ҳои автомобилгарди Душанбе – Нуробод – Рашт – Ҷиргатол, Душанбе – Норак – Кӯлоб – Хоруғ аз Ваҳдат мегузаранд.

Кишоварзӣ

Thumb
Ваҳдат. Саҳро

Соҳаи асосии хоҷагии Ваҳдат кишоварзӣ буда, пахтакорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, боғдорӣ ва замбӯрпарва­рӣ ривоҷ ёфтааст. Ваҳдат 3973 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 39 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, аз ҷумла, 10 хоҷагии ёрирасони ташкилотҳо дорад. Тамоми заминҳои кишоварзии Ваҳдат 141 858 га (2013), аз он 12078 га заминҳои обӣ, 13906 га заминҳои корам (аз он 10349 га заминҳои обӣ), 123786 га чарогоҳ, 959 га заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ, 956 га замини кишти пахта, 112 га кишти дигар зироатҳои техникӣ, 20 га сабзавоти тухмӣ, 213 га барои полезиҳо, 10290 га ғалладона, 1360 га кишти картошка, 2538 га кишти сабзавот, 1027 га зағир, 3871 га дарахтони бисёрсола, аз ҷумла, 2124 га боғот, 1415 га токзор, 313 га тутзор, 19 га дарахтони субтропикӣ, 1061 га зироатҳои хӯроки чорво мебошад. Соли 2013 дар Ваҳдат 39268 т ғалладона, 980 т зағир, 36666 т картошка, 9979 т мева, 7938 т ангур, 76683 т сабзавот, 1828 т полезӣ, 1015 т пахта, 260 т дигар зироатҳои техникӣ, 62063 т зироати хӯроки чорво, 4748 т гӯшт (бо вазни зинда), 23,3 т моҳӣ, 14203 т шир, 25208 ҳазор дона тухм, 30,4 т пила, 106,1 т асал, 50,4 т пашм истеҳсол шуд. Саршумори чорво – 77807 сар гов, 135896 сар гӯсфанду буз, 1095 сар асп, 403340 сар паранда, 14331 оилаи занбӯри асал.

Иқтисод

Thumb
Ваҳдат. Манзараи умумии шаҳр

Дар ҳудуди ноҳия 190 муассисаву ташкилоти буҷавӣ, 229 ҷамъияти саҳомии масъулияташон гуногун, 6 филиали бонк, 50 корхонаҳои хурди хусусӣ ва ширкату ҷамъиятҳо, 42 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, 1 корхонаи истеҳсоли ангишт, 3 корхонаи масолеҳи бинокорӣ, 3 корхонаи орд, саноати коркарди пахта, 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ, 26 ташкилоти сохтмонӣ, 6 муассисаи нақлиё­т фаъолият доранд. Дар Ваҳдат 67 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла шуъбаи фарҳанг, 11 хонаи маданият, 8 клуб, 1 қасри фарҳанг, 2 толори кино, 47 китобхона, 2 мактаби рассомӣ ва мусиқӣ мавҷуд аст, ки дар он зиёда аз 243 нафар корманд фаъолият дорад. Инчунин дар Ваҳдат шуъбаи маориф, шуъбаи корҳои дохилӣ, шуъбаи молия, шуъбаи омор, фонди нафақа, нозироти андоз, ҳифзи иҷтимоӣ, САҲШ, идораи суғурта, бойгонӣ, идораи оташнишонӣ, амволи давлатӣ, ҳифзи табиат, идораи захираҳои замин, идораи коммуналӣ, идораи зидди касалиҳои ҳайвонот, Бонки аграрӣ, Бонки амонатгузорӣ, Ҷамъияти матлуботи ноҳия, комиссариати ҳарбӣ, хоҷагии ҷангал, мактаби варзиш, Ташкилоти давлатии сохтмон ва таъмири роҳ, КВД сохтмон ва нақлиёт, комбинати таълимӣ, мактаби санъат, 22 шуъбаи алоқаи почтавӣ, бахшҳои алоқаи ҶС «Тоҷиктелеком», 1722 нуқтаи радио, 11 муассисаи хӯроки умумӣ, 65 нуқтаи савдо, 46 муассисаи хидмат­расонӣ ба аҳолӣ мавҷуд аст.

Варзиш

Дар Ваҳдат ба варзиш низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Варзишгоҳ, маҷмааи варзишӣ, 153 майдончаи оммавии варзишӣ, 29 толори варзиш, 2 ҳавзи шиноварӣ ( аз ҷумла 1 ҳавзи шиноварии пӯшида) дорад. Дар Ваҳдат мураббиён, аз ҷумла, 2 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 4 Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, 15 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 33 номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 мураббии хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. 2 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, 8 Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 27 номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, 52 нафар соҳиби унвони дараҷаи якуми варзиши Ҷумҳурии То­ҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолият доранд.

Маориф

Соли хониши 2013–14 дар шаҳри Ваҳдат 17 муассисаи томактабӣ, Коллеҷи омор, Омӯзишгоҳи тиббӣ, Литсейи касбҳои техникӣ, 147 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, 90 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 34 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 19 мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, Литсейи талабагони лаёқатманди ба номи Балъамӣ, мактаб-гимназияи ба номи Темур Собир, мактаб-интернати «Дӯстӣ», мактаби нобиноён, мактаби шабона, мактаби хусусӣ, маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон амал мекард, ки дар он 61076 нафар талабагон таҳсил мекард ва ба онҳо 2960 омӯзгор, 1896 нафар бо маълумоти олӣ, 114 нафар олии нопурра, 688 нафар миёнаи махсус, 262 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ таълим медоданд.

Тандурустӣ

Дар Ваҳдат 121 муассисаи тандурустӣ (сохтори госпи­та­лӣ), аз ҷумла беморхонаи марказӣ (бо 16 шуъба), маркази ҷарроҳӣ, 6 беморхонаи минтақавӣ, маркази ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, аз ҷумла, маркази саломатии шаҳрӣ, филиали маркази саломатии шаҳрӣ, 30 маркази саломатии деҳотӣ, 79 бунгоҳи саломатии деҳотӣ, маркази солимии насловарӣ, Беморхонаи ҷумҳурия­вии сил, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази эмгузаронӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ (СПИД), Маркази назорати давлатии беҳдошт (санитарию эпидемиологӣ), Маркази байниноҳиявии экспертизаи тиббию судӣ, Маркази стоматологӣ, 18 дорухона мавҷуд буда, дар он 336 табиби маълумоти олидор, 956 нафар корманди миёнаи тиббӣ, 543 нафар фаррош ва корманди хоҷагӣ хидмат мерасонанд.

Муассисаҳои динӣ

Дар Ваҳдат 159 ташкилоти динӣ, аз ҷумла 25 масҷиди ҷомеъ, 130 масҷиди панҷвақта ва мадраса, 4 ташкилоти ғайриисломӣ (калисои масеҳиён, калисои Ҳавориёни Нав (новоапостолские), ҷамъияти динии миссионерии «Грейс Сон Мин», маҳфили рӯҳонии маҳаллии «Баҳоиён») амал мекунад.

Рӯзномаҳо

Дар Ваҳдат рӯзномаи шаҳрӣ – «Шаҳриёр», маҷаллаи шаҳрии бонувон – «Бахтофарони Ваҳдат», рӯзномаи соҳавии «Шамъи ирфон» фаъолият доранд.

Адибон

Шоирон Нӯъмон Розиқ ва Мирзо Файзалӣ зодагони ноҳияи Ваҳдат мебошанд.

Эзоҳ

Адабиёт

Сарчашма

Wikiwand in your browser!

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.

Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.

Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.