Вилояти Витебск (беларусӣ: Віцебская вобласць) — яке аз вилоятҳои Белорус мебошад, ки дар Шимоли кишвар воқеъ аст. Маркази вилоят — шаҳри Витебск. Бо се кишвар ҳамсарҳад аст: Литва, Латвия ва Русия. 15 январи соли 1938 таъсис ёфтааст. Масоҳат — 40 049 км². Аҳолӣ — 1 187 983 нафар (2017), асосан белорусҳо, инчунин русҳо, укройниҳо ва яҳудиҳо. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 30,7 нафар. Аз с. б. дар баландии (кӯҳи Волчая) 210 м ҷойгир аст.
беларусӣ: Віцебская вобласць | |||||
|
|||||
Кишвар | Белорус | ||||
Маркази маъмурӣ | Витебск | ||||
Роҳбар | Aleksander Subbotin[d] | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таърихи таъсис | 15 январ 1938 | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландӣ | 137 м[1] | ||||
Вақти минтақавӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||
Рамзи ISO 3166-2 | BY-VI | ||||
Коди мошинҳо | 2 | ||||
Вебгоҳи расмӣ | |||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бахшбандии кишварӣ
Витебск 21 ноҳия, 19 шаҳр, 26 шаҳрак, 6480 деҳа дорад. Шаҳрҳои бузургтаринаш: Орша, Полоск, Новополск. Марказаш — ш. Витебск.
Иқлим
Сатҳаш асосан ҳамвор, 3/4 қисми ҳудудашро пастию баландиҳо ташкил медиҳанд. Атрофи Витебскро теппаҳо иҳота кардаанд. Теппаҳои бузургтарин: Городок, Витебск (баландиаш то 295 м), Орша; силсилатеппаҳои Бреслов ва Свентянск. Пастии бузургтаринаш — Полоск. Сарватҳои зеризаминӣ: масолеҳи бинокорӣ (доломит, оҳаксанг, рег, гил), торф. Иқлимаш континенталии муътадил. Ҳарорати миёнаи январ дар ғарб — 6,8°С, дар шимол — 8,3°С, июл мувофиқан 17,5-280С. Боришоти солона 550—650 мм. Дарёҳои бузургаш — Двинаи Ғарбӣ ва Днепр. Зиёда аз 2 ҳазор кӯл дорад; бузургтаринашон: Освея, Дривяти, Снуди, Лукомл ва Нешердо. Хокаш бештар хокистарӣ. 32 дарсади ҳудуди вилоят бешазор (дарахтони санавбар, коҷ, тӯс, осина ва ғ.) буда, асосан дар ғарб ва шимол ҷойгир аст. Қисми зиёди мамнӯъгоҳи давлатии Березинск дар ҳудуди вилоят воқеъ аст.
Иқтисод
Соҳаҳои асосии саноат: саноати сабук, мошинасозӣ, кимиё, хӯрокворӣ. Корхонаҳои бузургаш: комбинатҳои қолинбофӣ ва шоҳибофӣ, фабрикаҳои ҷӯробу кешбофӣ, либосдӯзӣ, заводи чарм (Витебск), комб. катони Орша, фабрикаи нахи катон ва кешбофии Орша, 20 заводи коркарди нахустини катон. Инчунин заводҳои мошинсозӣ, дастгоҳсозӣ, мошинасозии сабук ва таъмири трактор (Орша), асбобҳои барқченкунанда, қисмҳои соат, радио, қисмҳои эҳтиётии трактор, таъмири автомобил (Полоск) мавҷуданд. Саноати кимиё ҳам тараққӣ кардааст: з-ди коркарди нафт (Навополск), з-ди нахи шиша (Полск), биофабрика фаъолият доранд. Саноати хӯрокворӣ (парандапарварӣ, шир, гӯшт, панир, равған, шири хушк ва ғ.) ва саноати масолеҳи бинокорӣ (чӯбгарӣ, хонасозӣ, масолеҳи бинокорӣ, з-ди маснуоти оҳанубетонӣ, Комб. маснуоти силикатии Орша) низ ривоҷ ёфтааст. Дар неругоҳҳои барқи обии Белорусия, Лукомл, Дривяти нерӯи барқ истеҳсол шуда, пойгоҳҳои бузурги гармидиҳӣ (ТЭЦ) дар Полоск, Витебск ва Орша мавҷуданд. Дар иқтисодиёти Витебск соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дошта, чорводорӣ, истеҳсоли катон ва картошка, ғалладона (ҷав, ҷавдор, гандум, лубиё, хӯроки чорво ва ғ.) тараққӣ кардаанд. Дарозии р. о. 1200 км. Аз ҳудуди вилоят 2 шоҳроҳи муҳимтарини р. о. — Е 30 ва Е 95 ва ба воситаи Орша р. о.-и Маскав — Минск мегузарад. 58 дарсади истеҳсоли саноатиро сӯзишворӣ, 10,8 дарсадро неруи барқ, 8,8 дарсад ро хӯрокворӣ, 8,8 дарсадро саноати сабук ва 1,9 дарсадро кимиё ва нафту кимиё ташкил мекунанд.
Фарҳанг
Дар Витебск 2 расадхона, зиёда аз 40 осорхона, театри драма, омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ, донишгоҳҳои технологияи саноати сабук, ветеринарӣ, педагогӣ ва тиббӣ амал мекунанд. Рӯзномаи вилоятӣ — «Витебск». Олими соҳаи физика, дорандаи мукофоти Нобел Алфёров Ж. И., нависандаи машҳур Биков В. В. дар ҳамин вилоят таваллуд шудаанд.
Эзоҳ
Адабиёт
Wikiwand in your browser!
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.