From Wikipedia, the free encyclopedia
Бор (аломати кимиёӣ — B, аз лот. Borum) — унсури кимиёии гурӯҳи III ҷадвали даврии Менделеев; рақами тартибиаш 5, массаи атоомиаш 10,811. Дар ҷадвали даврии ҳозира замон, Бор дар блоки p ва дар 13-ум гурӯҳи элементҳо ҷойгир мебошад.[1]
5 | Бор |
10,811 | |
2s22p1 |
Бори табиӣ аз ду изотоп — 10В (19 %) ва 11В (81 %) иборат аст. Бор 3·10-4 дарсади массаи қишри заминро ташкил медиҳад. Моддаи беранги кристаллии сахт буда, хосияти нимноқилӣ дорад. Ҳарорати гудозишаш 2075°С, ҳарорати ҷӯшишаш 3700°С, зичиаш 2,31-2,35 г/см³. бор тақрибан дар таркиби 80 минерал, масалан, бура, кернит, боратсит, улексит, колеманит ва ғ. мавҷуд аст.
Бор дар аксари пайвастҳояш севалента буда, таҳти ҳарорат бо нитроген, оксиген, хлор, бром, сулфур ва дигар унсурҳо пайваст мешавад. Оксиди бор — В2О3 моддаи намкаш буда, бо об кислотаи сусти ортоборат ҳосил мекунад. Дар натиҷаи гудозиши бор бо филиззот боридҳо ба вуҷуд меоянд. Бориди филиззот дар ҳарорати 2000-3000°С устувор аст. Ин имкон медиҳад, ки онҳоро ҳангоми сохтани қисмҳои турбинаҳои газӣ, муҳаррики самолёт, асбобҳои электронӣ истифода баранд. Аз реаксияи кислотаҳо бо бориди филиззот пайвастҳои гидрогении бор, яъне, боранҳо ҳосил мешаванд. Боранҳо моддаҳои бадбӯй ва заҳрнок буда, аз ҷиҳати сахтӣ ба алмос наздиканд. Дар саноат барои дар муқобили соиш ва ҳарорат устувор намудани хӯлаҳои филиззоти ранга ва сиёҳ ба таркиби онҳо бор илова менамоянд. Кислотаи ортофосфат дар тиб, саноати консерв, рангу эмалҳо истифода мешавад. Бор дар саноати шиша, чармгарӣ, истеҳсоли матоъ ба кор меравад. Бор ҳамчун микроунсур барои рушди рустаниҳо аҳаммияти бузург дорад. Дар хоке, ки миқдори бор кам аст, ҳосил паст мешавад. Аз ин сабаб ҳангоми норасоии бор ба хок кислотаи ортоборат, суперфосфати бордошта ва ғайра илова мекунанд. Дар таркиби хок аз меъёр зиёд будани бор (беш аз 1·10-3 %) боиси бемориҳои ҳайвонот мегардад; меъёри ҷоизи бор дар таркиби рустаниҳо то 1·10-4 % аст.
Ҷойгиршавии бор дар замин бо ҳисоби миёна 4г/т ташкил медиҳад. Новобаста аз ин 100 маъдани бор мавҷуд аст. Конҳои маъдани бор дар Русия, Қазоқистон, ИМА, Перу, Аргентина ва Туркия воқеанд. Дар ҳолати кристаллӣ ва аморфӣ дучор меояд.
Нахустин маротиба дар соли 1808 аз тарафи кимиёгарони франсуз Ж. Гей-Люссак ва Л. Тенар тавассути гармкунии ангидриди B2O3 бо калии металлӣ ҳосил карда шуд. Чанде пас Х. Дэви борро тавассути усули электролизи гудохтаи B2O3 ҳосил намуд. Номи ин элемент аз калимаи арабии бурақ (арабор بورق) ё форсии бураҳ (форс. بوره) пайдо шудааст, ки барои ифодаи бура истифода мешуд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.