![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/3/3f/Mars_Helicopter_JPL_insignia.svg/langtg-640px-Mars_Helicopter_JPL_insignia.svg.png&w=640&q=50)
Ingenuity
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ingenuity (талаффузи амрикоӣ: [ɪndʒəˈnuːəti], дар тарҷума — «Ихтироъкорӣ»; пештар бо номи Mars Helicopter Scout машҳур буд, дар тарҷума — «Чархбол-кошифи Марс») — дастгоҳ-кошифи парвозкунандаи бесарнишини роботикшудаи навъи чархболӣ, ки бояд мақсадҳои эҳтимолиро дар рӯи Миррих барои роҳгардии минбаъдаи марсгузар «Персеверанс» (англ. Perseverance, «Истодагарӣ») аз рӯи миссияи «Марс-2020» омӯзад (кашф кунад)[16]. Ин аввалин дастгоҳи Замин мебошад, ки барои парвозҳои фаъол дар атмосфераи дигар сайёра пешбинӣ шудааст.
![]() | |
![]() | |
Таърихи таъсис | 2014 |
---|---|
Вазн | 1,8 кг[1][2] |
Кишвари созанда | |
Арзиш | 80 000 000 $[3][4] ва 5 000 000 $[3][4] |
Мабдаи сафар | Cape Canaveral Space Launch Complex 41[d][5] |
Ракетка-интиқолдиҳанда | Atlas V 541[d][5] |
Оператор | Jet Propulsion Laboratory[d] |
Васоити таҳқиқоти ҳамроҳ | inertial measurement unit[d], lidar[d] ва NavCam[d] |
Таърихи партоби фазопаймо | 30 июл 2020[5] |
Ихтироъкор | Jet Propulsion Laboratory[d][6], AeroVironment[d][7][8], Qualcomm[d][6][9] ва SolAero Technologies[d][6][10] |
Парвози аввал | 19 апрел 2021[11][12] |
Муҳаррик | spacecraft solar array[d][13][10][14] ва lithium-ion battery[d][13] |
Дарозии парвози мухтор | 300 м[13] |
Баландии максималӣ | 5 м[13] |
Cruise speed | 2 metre per second[14] |
Power consumed | 220 Вт |
Санаи оғози фаъолият | 18 феврал 2021 |
Дарозӣ |
|
Бар | 14 сантиметр |
Баландӣ | 0,49 м[15] |
Диаметр | 1,21 м[15][2] |
Вебгоҳи расмӣ | mars.nasa.gov/tec…(англ.) |
![]() | |
Суръат | 1 metre per second ва 3 metre per second |
![]() |
Барои озмоиш ва намоиши технологияи парвоз дар Миррих як дрони хурд дар шакли чархбол истифода хоҳад шуд. Дар асоси натиҷаҳои санҷиш, NASA дурнамои технологияро арзёбӣ мекунад. Ҳавопаймо бояд кашфи маҳалро барои марсгузар (марсоход, ровер) таъмин кунад [17][18][19]. Дар моҳи марти соли 2018, лоиҳа 23 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ кард. 11 майи соли 2018 эълон карда шуд, ки чархболи Mars Helicopter қисми миссияи Марс-2020 хоҳад буд.
19 апрели соли 2021 чархболи Ingenuity нахустин парвози озмоишии худро дар Миррих анҷом дод ва ба баландии 10 фут (3 метр) баромад ва тақрибан 30 сония дар болои сатҳ чарх зад ва сипас бомуваффақият ба сатҳи сайёра фаромад. Вақти умумии парвози аввал 39 сония буд. Ин аввалин парвози идорашаванда дар сайёраи дигар буд [20][21][22].