Фейсбук
From Wikipedia, the free encyclopedia
Фейсбук (англ. Facebook) — ширкати эҷодкунандаи вебгоҳи Фейсбук аст, ки дар 4 феврали соли 2004 ба вуҷуд омад. Аз шабакаҳои иҷтимоии маҷозӣ аст, ки ба воситаи он метавон бо дустоне, ки дорои ҳисоби корбарӣ дар Фейсбук ҳастанд акс, филм ё пайғом ба иштирок гузошт. Фейсбук ҳамакнун ба таври ройгон дар ихтиёри мардуми ҷаҳон қарор дорад.
Вебгоҳи Фейсбук беш аз як миллион корбар дорад ва ҳамакнун ба 40 забон аз ҷумла форсӣ, тоҷикӣ, қобили дастраси ва 80 дарсад аз корбарони он дар хориҷ аз ИМА ҳастанд. Мудири Фейсбук Марк Эллиот Тсукерберг мебошад.
Муҳити Фейсбук дар воқеъ маҷлисе аз дустони як корбар ба шумор меояд. Фейсбук бо ироаи имкон узвгирӣ дар теъдоди боло, ба корбарон иҷоза медиҳад то дар ҳар лаҳзаи дустони ҷадидро ба маҷмуаъи дустони худ изофа кунанд.
Корбарон дар Фейсбук дорои як саҳифаи шахсӣ ҳастанд. Метавонанд гурӯҳ таъсис кунанд ва ё дар гурӯҳҳои дигар узв шаванд. Корбарон метавонанд барои худ ва шояд ҳам барои колое, ки тавлид мекунанд сафҳае ҷудогона тароҳӣ кунанд то дигарон ҳам дар он сафҳот узв шаванд ва пешниҳодҳо ва интиқодҳои худро ироаъ диҳанд.
Корбарони Фейсбук барои Шумо ба панҷ гуруҳ табақабандӣ мешаванд;дустон, дустони дустон, аъзои ҳамшабака, ғарибаҳо ва корбароне, ки аҳёнан бастаанд (блок кардаед). Фейсбук нармафзорҳо, абзорҳои ҷониби хос ва бозиҳои бархати (онлайн) гуногуне дорад, ки корбар метавонад бо таваҷӯҳ ба ниёзи зуд аз онҳо истифода кунад. (Дар Фейсбук бо номи Apps ёд шудааст.)