Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
кишваре дар қураи Амрикои Шимолӣ / From Wikipedia, the free encyclopedia
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (англ. The United States of America [ðə juˌnaɪtɪd ˌsteɪts əv əˈmerɪkə]), ба шакли кӯтаҳ ИМА (англ. USA), ё Иёлоти Муттаҳида (англ. United States, U.S.), ё Амрико) — кишварест мустақил дар Амрикои Шимолӣ миёни кишварҳои Конодо, Мексика ва уқёнуси Атлантику Ором. Масоҳат — 9,5 млн км²[1] (4-умин дар ҷаҳон).
Шиор: «Ба Худо боварӣ дорем» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико|Суруди миллии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико | |
Рӯзи истиқлолият | (аз 4 июли 1776) |
Забони расмӣ | Инглисӣ |
Пойтахт | Вашингтон |
Шаҳри калонтарин | Ню-Йoрк |
Идораи давлат | Ҷумҳурии федеролӣ конститутсионӣ |
Президент Ноиб - Президент | Ҷо Байден Камала Ҳаррис |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 3-ум ҷой дар ҷaҳон 9,857,306 км² 2.23 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2019) • Зичӣ | 3-ум ҷой дар ҷaҳон 328 915 700 34,55 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ • Ба сари аҳолӣ | 1-ум ҷой дар ҷaҳон 16.768 трлн. $ 53,001 $ |
Пули миллӣ | Доллари ИМА |
Интернет-Домен | .us .gov .mil .edu |
Коди телефон | +1 |
Соат | UTC -5 to -10 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
| |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Аз се бахш иборат аст: асосӣ [массиви ягона дар қисмати мобайнии материки Амрикои Шимолӣ, ки 48 иёлат (иёлоти ҳамҳудуд) ва Округи федералии Колумбияро дар бар мегирад; 83,5 дарсади масоҳат ва 99,4 дарсади аҳолии мамлакат] ва 2 эксклав: иёлати Аляска (16,3 дарсади масоҳат ва 0,2 дарсади аҳолӣ, дар канори шимолу ғарбии материки Амрикои Шимолӣ) ва иёлати Гавайи (0,2 дарсади масоҳат ва 0,4 дарсади аҳолӣ; дар қисми марказии уқёнуси Ором). Иёлоти ҳамҳудуди ИМА-ро дар шарқ, ҷанубу шарқ ва ҷануб уқёнуси Атлантик (аз ҷумла дар ҷануб – хал. Мексика; гул. Флорида аз Куба ва ҷаз-ҳои Багам), дар ғарб уқёнуси Ором ҷудо мекунад. Иёлати Аляскаро дар шимол – уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ (б-ҳои Бофорт ва Чукот), дар ғарб – б. Беринг, дар ҷануб хал. Аляскаи уқёнуси Ором; иёлати Ҳавайиро – уқёнуси Ором (тӯли умумии хатти сарҳаддӣ 19924 км). Иёлоти ҳамҳудуди ИМА дар шимол ва иёлати Аляска дар шарқ дар хушкӣ бо Канада, иёлоти ҳамҳудуд дар ҷануб бо Мексика ҳамсарҳаданд. Масоҳаташ 9,5 млн км2 (ҷойи 4-ум дар ҷаҳон). Аҳолиаш 327,6 млн нафар (2018). Пойтахташ шаҳри Вашингтон. Забони расмӣ – инглисӣ. Воҳиди пулӣ – доллари ИМА.