27 май — 147-умин рӯзи сол (148-умин дар солҳои кабиса) дар тақвими григорӣ.
То поёни сол 218 рӯз боқӣ мемонад.
Бознигаред: Гурӯҳ:Ҷашнҳои 27 май
Бознигаред: Гурӯҳ:Рӯйдодҳои 27 май
- 2003 — Аввалин маротиба дар ноҳияи Исфара симпозиуми байналмиллалии “Шашмақом” баргузор шуд.
- 2013 — Бозор Собир бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт.
- 1703 — Асосгузории расмии қалъали Петропавловск ва шаҳри Санкт-Петербург.
- 1921 — Афғонистон давлати соҳибистиқлол шуд.
- 1937 — Дар шаҳри Сан-Франсиско бо тантана кӯпруки нав аз болои гулугӯҳи Дарвозаи зарин кушода шуд. Ин пул яке аз зеботарин пулҳо ба ҳисоб меравад. Дарозии он 1280 метр буда, 6 қатори ҳаракат барои мошинҳо ва 2 қатори ҳаракат барои пиёдагардон дорад. Пул тавассути 2 банди асоси, ки ғафсиашон 93 см мебошад, дар ду асоси пӯлодии баландиашон 227 метр овезон аст.
Бознигаред: Гурӯҳ: Зодагони 27 май
- 1332 — Ибни Халдун — таърихнигор, файласуф, ҷомеъашиноси араби мусалмон.
- 1925 — Григорий Воробоев — актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
- 1926 — Бекназар Аҳмадов — китобшинос, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон;
- 1938 — Ғаффор Каримов — актёри театру кино, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;
- 1936 — Аҳмадбек Қушқоров — профессор;
- 1938 — Зайниддин Наҷмиддинов — Устои халқии Тоҷикистон;
- 1945 — Бурҳон Маҳмадқулов — овозхони опера, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
- 1948 — Бурҳонҷон Ризоев — муаррих, доктори илми таърих, профессор.
- 1948 — Александр Волков — кайҳоннавардии шӯравӣ.
- 1949 — Ғуфрон Раҳимбоев — мутриб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон;
- 1950 — Душанбе Паллаев — Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Корманди шоистаи маданияти ҷумҳурӣ;
- 1954 — Марина Некрасова — шоира;
- 1955 — Неъмат Мирсаидов — публисист;
- 1965 — Нурулло Оқилов — нависанда;
Ҷавзо (21 Май — 21 Июн) яке аз бурҷҳои дувоздаҳгона аст ва баробар бо моҳи Хурдод дар тақвими Эронӣ аст.