Remove ads
From Wikipedia, the free encyclopedia
Соли кабиса (форсӣ: سال کبیسه) — соле ки тибқи қоидаи нуҷумӣ як рӯз ба моҳи охири он изофа шавад, ки ҳар чаҳор сол як бор иттифоқ меуфтад ва дар он фузунии 365 рӯзро, ки 5 соату 49 дақиқа аст ҷамъ карда ва як солро 366 рӯз мегиранд[1].
Вожаи арабии кабиса аз решаи «кабс» (феъли ар. کَبْس) ба маънии пур кардани чоҳ аз хок аст; Ва дар гоҳшуморӣ, кабиса иборат аст аз теъдоди рӯз ё рӯзҳое, ки барои рафъ нуқсони солҳои умумӣ (таъхир ба далел таҷмиъи касрии чанд сол) аз миқдори воқеии он ё рафъи нуқсони солҳои хос нисбат ба солҳои дигар, бар сол муайяне меафзоянд.
Дар гоҳшуморҳои мубтанӣ бар тақвими хуршедӣ, мисли тақвими григорӣ ва тақвими ҳиҷрии хуршедӣ, ки солҳои оди 365 рӯза ва солҳои кабисаи онҳо 366 рӯза аст, ба таври мутавассит дар ҳудуди ҳар сию се сол, ҳашт соли кабиса ва бисту панҷ соли одӣ вуҷуд дорад. Ин тақвимҳо маъмулан дар ҳар чаҳор сол як соли кабиса мешавад ва илова бар он барои таъдили дақиқтар дар давраҳои бузургтар, бо ҳазф ё афзудани фосилаи байни баъзе кабисаҳо, аз онҳо коста мешавад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.