From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳиндуия — яке аз динҳои сернуфузи миллӣ мебошад.
Ҳиндуия дар миёнаи ҳазораи яки солшумории мелодӣ, яъне асрҳои IV-VI дар империяи Гупта ба амал омадааст. Ҳиндуия арабишакли калимаи форси Ҳинду /дарёи Инд/ мебошад. Ҳиндуия дар асоси дини бараҳмания пайдо шудааст. Ва дини бараҳмания худои Браҳмаро, ки холиқи ҷаҳон аст, парастиш менамояд. Дар баробари Браҳма худоён: Вишну /муҳофизи олам/ ва Шива /харобкори олам/ парастида мешаванд, ки ба қавли муҳаққиқон салосаи муқаддаси ҳиндуия - тримуритиро ташкил медиҳанд.
Асоси таълимот ҳиндуия дар Ведаҳо баён шудааст. Он аз чор маҷмӯа иборат мебошад: Ригведа /маҷмӯаи сурудҳои асотирӣ/, Самаведа /маљмӯаи дастурот доир ба маросимҳо/, Яҷурведа /маҷмӯаи қоидаҳои қурбонӣ/ ва Атхарваведа /маҷмӯа дар бораи қоида ва дуоҳои сеҳрангез/. Яке аз аслҳои муҳими ҳиндуия таълимот дар бораи сапсара /аз санскрит саёҳат, кишваргардӣ/ аз нав тавалудшавӣ, таносухи руҳ мебошад. Руҳ метавонад аз инсон ба рустанӣ, ҳайвон ва баръакс мутобиқи қонуни карма /аз санскрит - амал, вазифа/ гузарад. Ҳар кас мувофиқи амалаш мукофот мегирад, вобаста ба он, ки то чӣ андоза талаботи ҳиндуияро иҷро мекунад. Мақсади асосии ҳаёти инсон аз рӯи таълимоти ҳиндуия дарёфти гузариш аз таносух гузариш ба васл бо Браҳма - руҳи ҷаҳонӣ, нафси кулл мебошад.
Ҳиндуия дар замони муосир дар Ҳиндустон, Непал, Бангладеш ва берун аз қитъаи Осиёи Ҷанубӣ: Африқои Шарқӣ ва Ҷанубӣ, Амрикои Ҷанубӣ ва Марказӣ, ИМА, Канада, Аврупо, Австралия, Зеландияи Нав, ҷазираҳои Бали ва Ява паҳн шудааст.
Муфассал нигаред:
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.