From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҳа́рриет Эли́забет Би́чер-Сто́у (англ. Harriet Elizabeth Beecher Stowe; 1 (14) июн 1811, Литчфилд, Коннектикут, ИМА — 1 (1) июли 1896, Ҳартфорд, Коннектикут, ИМА) — нависанда, педагоги амрикоӣ.
англ. Harriet Beecher | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | англ. Elizabeth Harriet Beecher |
Таърихи таваллуд: | 14 июн 1811[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1 июл 1896[1][2][3][…] (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | румоннавис, шоир, нависандаи кӯдакон, қиссанавис, нависанда, abolitionist, мақоланавис |
Жанр: | tale[d] |
Забони осор: | American English[d] ва инглисӣ[8][9][10] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
harrietbeecherstowecenter.org | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Аз оилаи рӯҳонӣ. Дар оилаашон ҳама мардон рӯҳонӣ буданд, худи Бичер-Стоу ҳам ба профессори. фиқҳу илоҳиёти насронӣ К. Стоу ба шавҳар баромад.
Масъалаи ғуломдорӣ дар Амрико ӯро мутаваҷҷеҳ сохта буд ва ба ҳар василае барои аз байн бурдани он мубориза мебурд. Махсусан, романаш «Кулбаи Томамак» (1982; тарҷ. тоҷикиаш 1959) барои аз байн бурдани ғуломдорӣ замина муҳайё кард. Дар ҳаёти ҷамъиятии Амрико ин асар таъсири зиёде дошт ва он дар тамоми ҷаҳон машҳур гардид. Президенти ИМА А. Линколн Бичер-Стоуро «зани хурди сабабгори ҷанги калон» (Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА 1861-65) ном бурдааст. Соли 1853 Бичер-Стоу ба романи «Кулбаи Томамак» тафсире бо номи «Калиди кулбаи Томамак» навишт, ки дар он санадҳои бисёреро оид ба ғуломдорӣ дастраси ҷомеа кард. Дар романи «Дред, қиссаи ботлоқи наҳс» (1856) боз ҳам ба масъалаи ғуломдорӣ таваққуф намудааст, вале ӯ нависандаест насиҳатгар, пандомӯз. Аз пешниҳоди роҳи зӯрӣ ва инқилобии ҳалли масъалаи ғуломдорӣ худдорӣ кардааст. Бичер-Стоу инчунин муаллифи якчанд романи дигар ва памфлети «Ба дастгирии леди Байрон» (1870) мебошад, ки дар он рафтори завҷаи Байронро, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, маъқул шуморидааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.