Шоҳаншоҳии Кушонӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Шоҳаншоҳии Кӯшониён[1] (бохт. Κυϸανο, Кушано) — давлати қадимест, ки тахминан дар асрҳои I—III милодӣ вуҷуд дошта сарзамини Осиёи Миёна, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустони Шимоливу Туркистони Шарқиро фаро мегирифт.
Шоҳаншоҳии Кӯшониён | ||||
шоҳанҳошӣ | ||||
| ||||
---|---|---|---|---|
Подшоҳии Кӯшониён ва мамлакатҳои зердасташ дар давраи ҳукмронии Канишка (асри II милодӣ) | ||||
Пойтахт | Ланьши (то 1 млн. нафар), Бохтар (200,000 - 1 млн. нафар) Пешовар (200,000) | |||
Забон(ҳо) | Бохтарӣ | |||
Воҳиди пул | Kushan coinage[d] | |||
Аҳолӣ | 60 000 000 (20 % аҳолии Замин) | |||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳӣ | |||
Давомнокӣ | ||||
← Давлати Юнону Бохтар Сатрапҳои Ғарбӣ → Давлати Сосониён → | ||||
Асосгузораш халқи бодиягарди ҳиндуэронии тахорӣ (хитоӣ — йуҷӣ)-ро ҳисоб мекунанд. Тахориҳо аз хуннҳо (с. 177 то милод) ва баъдтар аз қабилаи усунӣ (пас аз с. 155 то милод) шикаст хурда аз сарзамини Туркистони Шарқӣ ба Мувароуннаҳр муҳоҷират карданду подшоҳии Юнону Бохтарро барҳам доданд (с. 145 то милод). Соли 124 то милод тахориҳо зидди давлати Порт ҷанг карданду ба подшоҳи он — Артабони II (сс. 128—124 то милод) — ҷароҳати мӯҳлик расонданд. Пас аз он тахориҳо тамоми сарзамини Бохтарро забт карданд. Страбон дар «Ҷуғрофия»-и худ дар бораи он воқеаҳо ҳамин хел менависад: «Аксарияти скифҳо — аз баҳри Каспий сар карда — даҳҳо гуфта мешаванд. Қабилаҳоро, ки ба тарафи шарқ аз онҳо зиндагӣ мекунанд, массагетҳо ва сакоиҳо меноманд. Ҳамаи дигаронро скифҳо меноманд, ки он номи умумиашон ҳаст, лекин ҳар як қабилаашон низ номи махсус дорад. Ҳамаашон кӯчманчиён мебошанд. Аз ин кӯчманчиён махсусан онҳое машҳур гардиданд, ки аз юнониён Бохтарро кашида гирифтанд, яъне асиҳо, пасианҳо, тахориҳо ва сакараулҳо, ки аз ноҳияи соҳили дигари Яксарт кӯчида омаданд ва макони онҳо дар шафати сарзамини сакоиҳо ва инчунин хоки суғдиён ҷой дошт, ки дар дасти сакоиҳо буд».[2]