Омударё
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ому ё Омударё (форсӣ: آمودریا), Ҷайҳун (ар. جیحون), Оксус (лот. Oxus) — пуробтарин рӯд дар Осиёи Марказӣ аст, ки аз андарҳамомехтани рӯдҳои Панҷ ва Вахш падид меояд ва қаламравҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад.
Quick Facts Омударё, Мушаххасот ...
пушту د آمو سيند, тоҷ. Омударё, ӯзб. Amudaryo, туркм. Amyderýa | |
Мушаххасот | |
Тӯл | 1415 км |
Ҳавза | 309 000 км² |
Сарфи об | тақрибан 2 000 м³/с |
Ҷараёни об | |
Сарчашма (Т) (B) | дарёҳои якҷоя: Панҷ ва Вахш |
• Мавқеъ | Минтақаи кӯҳии Помир |
• Координатаҳо | 37°06′22″ с. ш. 68°18′23″ в. д.HGЯO |
Резишгоҳ (Т) (B) | Баҳри Арал |
• Координатаҳо | 44°06′30″ с. ш. 59°40′52″ в. д.HGЯO |
Мавқеъ | |
Тоҷикистон | Вилояти Хатлон |
Close
Омударё оби рӯдҳои Кофарниҳон, Сурхон, Кӯкча ва Қундуздарёро мегирад дар Баҳри Арал мерезад. Дарозиаш 1415 км, аз саргаҳи Панҷ — 2540 км. Масоҳати обгираш то шаҳри Каркӣ 309 ҳазор км2 (ғайр аз ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё). Майдони обҷамъшавӣ (якҷоя бо ҳавзаҳои Зарафшон ва Қашқадарё) 227 ҳазор км2.