From Wikipedia, the free encyclopedia
Сарзамини Суғд (суғдӣ swγδykstn [Səγʷδī́kstən]; юн.-қад. Σογδιανή; форсӣ: سغد — Sōġd; тоҷикӣ Суғд — Sughd; ӯзбекӣ: So`g`d - Сўғд: русӣ: Согдиана) — вилояти таърихӣ, ки дар Осиёи Миёна, байни ду дарё Амударё ва Сирдарё мавқеъ гирифта буд. Дар замони ҳозира байни ду давлат тақсим шудааст, яке Ӯзбекистон, ки дар дохилаш шаҳри Самарқанд, пойтахти Суғди бостонӣ ва дигаре вилояти Суғд, ки дар дохили Тоҷикистон аст.
Дар асрҳои бостонӣ, Сарзамини Суғд, яке аз қисми таркибии Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо (форсӣ: شاهنشاهی هخامنشیها) буд. Кишвари Суғдиён дар замони ҳукмронии шоҳ Дорои I ба ҳайати сатрапияи XVI дохил буд.
Сарзамини Суғд дар замони ҳукмронии шоҳ Дорои I ба ҳайати сатрапияи XVI дохил буд ва дар қисми Тоҷикистони ҳозира, (ба ғайр аз Бадахшон), қисми ҷанубии Ӯзбекистон (Самарқанд ва Бухоро) ва қисми шимолии Афғонистон ҷойгир шуда буд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.