саҳифаи феҳристӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Рутбаҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ» муқаррар карда мешаванд[1].
Дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва сохтори ҳарбӣ чунин ҳайати хидматчиёни ҳарбӣ муайян карда шуда, мувофиқан рутбаҳои ҳарбии зерин аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад[1]:
Афсарон | ||||||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон | Солорон | Сардорон | Саркардагон | |||||||||||||||||||||
Генерали артиш | Генерал-полковник | Генерал-лейтенант | Генерал-майор | Полковник | Подполковник | Майор | Капитан | Лейтенанти калон | Лейтенант | Лейтенанти хурд | ||||||||||||||
Дараҷаҳои пешниҳодӣ[2] | Артишсолор | Сипаҳсолор | Лашкарсолор | Гундсолор | Сарҳанг | Сарҳангёр | Саргурд | Сарвон | Таҳморо | Таҳмдор | Таҳмовар | |||||||||||||
Дараҷадорон ва сарбозон | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон | Размсозон | Размоварон | Сарбозон | |||||||||||||
Прапоршики калон | Прапоршик | Старшина | Сержанти калон | Сержант | Сержанти хурд | Ефрейтор | Аскар | |||||||||
Дараҷаҳои пешниҳодӣ[3] | Размсоз | Размпардоз | Размозмо | Разморо | Размдор | Размовар | Размюз | Сарбоз | ||||||||
Пас аз рутбаи ҳарбии хидматчии ҳарбие, ки дар қисми ҳарбии гвардия ё ҷузъу томи гвардиявӣ хидмат мекунанд, калимаи «гвардия» илова карда мешавад. Ба рутбаи ҳарбии хидматчии ҳарбие, ки ихтисоси қайди ҳарбии ҳуқуқӣ, тиббӣ дорад, мутобиқан калимаҳои «адлия», «хидмати тиббӣ», илова карда мешавад. Ба рутбаи ҳарбии шаҳванде, ки дар эҳтиёт ё дар истеъфо мебошад, мутобиқан калимаи «эҳтиёт» ё «мустаъфӣ» илова карда мешавад. Ҷорӣ намудани рутбаҳои хидматӣ, махсус ё дараҷаи ихтисосии ба рутбаҳои ҳарбӣ монанд барои шахсони мансабдор, кормандон ва хидматчиёни вазорату идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ манъ аст[1].
Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар соли 2018 хостори тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар шуд ва аз Кумитаи забону истилоҳоти Тоҷикистон дархост кард, ки баробарҳои тоҷикӣ барои дараҷаҳои низомии русӣ пешниҳод кунад. Умед Ҷайҳонӣ, узви коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъи Тоҷикистон, бо пайравӣ аз усули таърихгароӣ, пайвастагӣ, ҳамгунсозӣ ва стандартисозии истилоҳоти низомӣ дар миёни кишварҳои форсизабон, вожаҳои артиш, сипоҳ, лашкар, гунд, ҳанг, гурдон, вашт, таҳм, рада ва гурӯҳро ба тартиб ба ҷои истилоҳоти русии армия, корпус, дивизия, бригада, полк, баталион, рота, взвод, отделение ва звено пешниҳод кард. Вай ҳамчунин аз ин вожаҳо барои фармондеҳони ин ягонҳои артишӣ, ба тартиб, дараҷаҳои артишсолор, сипаҳсолор, лашкарсолор, гундсолор, сарҳанг, саргурд, сарвон, таҳмдор, размдор ва размюзро пешниҳод кард, ки аз истилоҳоту алқоб ва маносиби низомии даврони Ашкониён, Сосониён, Сомониён ва дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон баргирифта ва ё аз рӯи онҳо сохта шудаанд[4]. Кумитаи забону истилоҳот ин вожаҳоро барои ҷойгузин кардани рутбаҳои русӣ ба гурӯҳи кории Шурои амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъ пешниҳод кардааст[5].
номи ягонҳо | решашиносӣ | номи дараҷаҳо | решашиносӣ | ||
---|---|---|---|---|---|
кунунӣ | пешниҳодӣ | кунунӣ | пешниҳодӣ | ||
қаторӣ | сарбоз | ||||
ефрейтор | размюз | порсии миёна: razm-yōz ‘размҷӯй’ < паҳлавӣ: razmyōz ‘барангезанда ба разм, размангез’ < порсии миёна: razm < порсии бостон: *raźman- “ороиши ҷангӣ, рада” < эронии бостон: √*raź- “оростан; тартиб додан, идора кардан”) + порсии миёна: yōz < порсии бостон: *i̯auź- : i̯uź- “ангезондан; бар ангехтан; ҷустан”[6] | |||
отделение | рада | порсии миёна: radag ‘хурдтарин ягон дар сипоҳ’ < порсии бостон: ratak ‘рада, роста’ < эронии бостон: *rata-ka- ‘рада’[6] | сержанти хурд | размовар | форсӣ: رزمآور < разм + -овар : -вар ‘доранда’ < порсии миёна: -var < порсии бостон: *bara- ‘баранда’ < √*bar- ‘бурдан’ |
сержант | размдор | форсӣ: رزمدار < разм + -дор < форсӣ: دار < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- ‘доштан; доранда’[6] | |||
сержанти калон | разморо | форсӣ: رزمآرا ‘касе, ки дар саффороӣ ва кори ҷанг варзида аст ва амалиёти размиро хуб тарҳреҳӣ мекунад’[7] < разм + оро < порсии миёна: ārāy < порсии бостон: *ā-rāda- < √*rād- ‘омода кардан, оростан; тартиб додан’[6] | |||
старшина | размозмо | форсӣ: رزمآزما ‘касе, ки ҷангро хуб озмуда бошад ва биозмояд’[7] < разм + озмо < форсӣ: āzmāy < порсии миёна: uzmāy- < порсии бостон: *uz-māya- < √*māy- ‘андоза гирифтан, санҷидан’[6] | |||
прапоршик | размпардоз | форсӣ: رزمپرداز < разм + пардоз < форсӣ: پرداز < порсии миёна: pardāz : pardāxtan ‘пардохтан, анҷом додан’ < порсии бостон: *para-tāča- < √*tak- ‘тохтан’[6] | |||
прапоршики калон | размсоз | форсӣ: رزمساز ‘он ки нақшаву тарҳи ҷанг ё амалиёти размиро ба хубӣ бидонад ва нерӯро омодаи разм ё корзор кунад’[7] < разм + соз < форсӣ: ساز < порсии миёна: sāč : sāxtan ‘сохтан, омода кардан, тартиб додан’ < порсии бостон: *sāča- < √*sak- ‘омода будан, тавонистан’[6] | |||
взвод | таҳм | порсии миёна: taḥm ‘бахше аз вашт’ < паҳлавӣ: taḥmīh ‘нерӯ’ < эронии бостон: *taxma- < √*tak- ‘тохтан, давидан’[6] | лейтенанти хурд | таҳмовар | форсӣ: تهمآور ‘фармондеҳи таҳм’: таҳм + -овар : -вар ‘доранда’ < порсии миёна: -var < порсии бостон: *bara- ‘баранда’ < √*bar- ‘бурдан’ |
лейтенант | таҳмдор | форсӣ: تهمدار < паҳлавӣ: tahmdār ‘фармондеҳи таҳм’[8]: таҳм + -дор < порсии миёна: dār < порсии бостон: *dār(a)- < эронии бостон: *dārai̯a- ‘доштан; доранда’[6] | |||
лейтенанти калон | таҳморо | форсӣ: تهمآرا ‘фармондеҳи таҳм’: таҳм + оро < порсии миёна: ārāy < порсии бостон: *ā-rāda- < √*rād- ‘омода кардан, оростан; тартиб додан’[6] | |||
рота | вашт | форсӣ: وشت < порсии миёна: wašt ‘бахше аз drafš’ < паҳлавӣ: wast | капитан | сарвон | форсӣ: سروان ‘саркарда, сардор’[9][7] < сар < порсии миёна: sar- < порсии бостон: sarah-) + -вон < порсии миёна: -vān < паҳлавӣ: pāna- ‘нигаҳбон, посбон’ < эронии бостон: *√pā- ‘поидан, нигаҳбонӣ кардан’[6] |
баталион | гурдон | форсӣ: گردان ‘бахше аз ҳанг’[10] < порсии миёна: gurd ‘паҳлавон’ < *vr̥ta- < √*vr̥t- : *vart- ‘пойдорӣ кардан; посдорӣ кардан’[6] | майор | саргурд | форсӣ: سرگرد ‘сардори гурдон’[11][7] <сар + гурд |
подполковник | сарҳангёр | форсӣ: سرهنگیار ‘ёвари сарҳанг’ < сарҳанг + -ёр | |||
полк | ҳанг | форсӣ: هنگ ‘бахше аз гунд’[10] < порсии миёна: hang ‘нерӯ, зӯр’[6] | полковник | сарҳанг | форсӣ: سرهنگ ‘сардори ҳанг’[7] < порсии миёна: sarhang < порсии бостон: *sara- ‘сар; пеш’ + √θang- ‘кашидан; ҳанҷидан’[6] |
бригада | гунд | паҳлавӣ: gund ‘бахше аз лашкар’ < *vr̥nda-[6] | генерал-майор | гундсолор | форсӣ: گندسالار ‘фармондеҳи гунд’ < паҳлавӣ: gund-sālār < паҳлавӣ: gund + паҳлавӣ: sālār < паҳлавӣ: sarδār < эронии бостон: *sara-dāra-[6] |
дивизия | лашкар | форсӣ: لشکر ‘бахше аз сипоҳ’[10] < порсии бостон: *raxša-kara- ‘посдоранда; поянда’ < эронии бостон: *raxš- + *kar- ‘посдорӣ кардан’)[6] | генерал-лейтенант | лашкарсолор | форсӣ: لشکرسالار ‘фармондеҳи лашкар’ навсохта аз лашкар + солор |
корпус | сипоҳ | форсӣ: سپاه < порсии миёна: spāh < порсии бостон: spāda- < эронии бостон *spāda- < √spa-d- ‘андохтан, пеш андохтан; равона кардан; фиристодан’[6] | генерал-полковник | сипаҳсолор | форсӣ: سپهسالار ‘фармондеҳи сипоҳ’ < порсии миёна: spāh-sālār |
армия | артиш | форсӣ: ارتش ‘нерӯҳои мусаллаҳ’[10] < порсии миёна: artēštār ‘разманда’ < авестоӣ: raθaē-štar- ‘гардунасавор’ < raθa- ‘гардуна’ + štar- ‘истода’ [6] | генерали артиш | артишсолор | форсӣ: ارتشسالار ‘фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ’ < порсии миёна: artēštārān-sālār |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.