From Wikipedia, the free encyclopedia
Роберт Бёрнс (англ. Robert Burns; 25 январ 1759[1][2][3][…], Alloway[d], Шотландия[4] — 21 июл 1796[3][5][6][…], Dumfries[d][7]) — шоири шотландӣ. Иштиёқманди осори адибони давраи атиқа, Вилям Шекспир ва диг. буд.
англ. Robert Burns | |
Таърихи таваллуд: | 25 январ 1759[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 21 июл 1796[3][5][6][…] (37 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | таронасаро, шоир, нависанда, мусиқишинос, кишоварз |
Жанр: | байт, шеър[d], Тарона, баллада ва Кантата |
Забони осор: | Scots[d][3] ва инглисӣ[3][8] |
Имзо: | |
robertburns.org(англ.) | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аз 15-солагӣ шеър менавишт. Достонҳои ҳаҷвии «Ду чӯпон» (1784), «Дуои авлиётарош Вилли» (1785), шеърҳои «Муши даштӣ», «Гули минои кӯҳӣ» Бёрнсро ҳамчун шоири озодандеш шуҳратманд намуданд. Мавзӯъ ва шакли асарҳои Бёрнс ба фолклор монандӣ доранд, аз ин рӯ ҳамчун сурудҳои мардумӣ пазируфта шудаанд. Бёрнс Инқилоби кабири Фаронсаро бо хушнудӣ пешвоз гирифт (шеъри «Нахли озодӣ» ва ғайра). Дар сурудҳои «Макферсон пеш аз қатл» (1788), шеъри маҷозии «Ҷон — донаи гандум» (1782), балладаи «Қашшоқии бошарафона» (1794) андешаҳои пешқадами маорифпарварӣ баён карда шудаанд. Бёрнс ба Эдинбург (1786) рафт, чунки дар он ҷо шуҳрат дошт, вале қарордодҳои асоратбор бо ноширон ӯро қонеъ накунонд ва ӯ дубора ба меҳнати кишоварзӣ баргашт. Аз с. 1791 дар бандари шаҳри Дамфрис (1791) нозири аксизӣ шуд ва то лаҳзаҳои охири ҳаёт он ҷо буд. Баъди даъват ҷиҳати таҳияи сурудҳои шотландӣ барои китоби «Осорхонаи мусиқии Шотландия» (1787—1803), ба ҷамъоварии маводди фолклор машғул гашт. Асари «Мунтахаботи оҳангҳои шотландӣ»-ро (1792) нашр кард. Дар ашъораш Бёрнс инсонро ҳамчун махлуқи беназир васф кардааст. Ба ашъори Бёрнс озодандешӣ, драматизми дохилӣ, салосати баёну содагии ифода хос аст. Шеърҳои Бёрнс ба бисёр забонҳои олам тарҷума шудаанд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.