Палав (таом)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Палав (форсӣ: پلو) — хӯрокест тоҷикӣ, ки аз биринҷу гӯшту равғану сабзӣ, пиёз, зира, зирк ва дигар дегвораҳо мепазанд ва чандин гуна дорад[1].
Дар «Фарҳанги низом» шарҳи калимаи «палов» чунин омадааст:
Палов – исми таоме, ки аз биринҷу равған ва гӯшт пухта мешавад ва номи такаллумии имрӯз «палов» аст. |
Палав яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикон аст, ки дар саросари Осиёи Марказӣ ва фаротар аз он маъмул аст ва равишҳои гуногуни пухтупаз дорад.