From Wikipedia, the free encyclopedia
Носируддиншоҳи Қоҷор (форсӣ: ناصرالدین شاه قاجار, 16 июл 1831[1], Табрез — 1 май 1896[1][2], Теҳрон) — чаҳорумин шоҳ аз дудмони Қоҷори Эрон, ки бо наздик ба 50 соли подшоҳӣ, пас аз Шопури II Cоcонӣ ва Таҳмосби I Сафавӣ тӯлонитарин давраи подшоҳӣ дар миёни тамоми шоҳҳои таърихи Эронро дорост. Ӯ ба ифтихори ним қарни салтанат бар Эрон, худро Соҳибқирон номид. Ӯ ҳамчунин нахустин подшоҳи эронӣ буд, ки хотироти худро навишт[3].
Носируддинмирзо дар 17 июни 1831 (25 тири 1210) дар рустои Куҳанмӯ дар наздики Табрез[4] мутаваллид шуд. Ӯ севумин фарзанди Муҳаммадмирзо ва Маликҷаҳон Хонум буд. Муҳаммадмирзо ҳангоме ки дувоздаҳ сол дошт, дар 1198 ба дастури Фатҳалишоҳ бо духтари аммаи чаҳордаҳсолааш Маликҷаҳон Хонум издивоҷ кард.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.