Ноҳияи Шуғнон
From Wikipedia, the free encyclopedia
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Шуғнон (форсӣ: ناحیۀ شغنان, шуғ. Xuɣ̌nůn noiya) - яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст ва дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Шуғнон | |
37°21′00″ с. ш. 71°42′56″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
Шомили | 1 шаҳрак, 7 ҷамоати деҳот |
Маркази маъмурӣ | Ваҳдат |
Роҳбар | Ҷумъа Ҷумъазода |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 27 октябри 1932 |
Масоҳат | 5000 км² |
Баландӣ
|
|
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 39 500[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон |
Мазҳаб | мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ, забонҳои бадахшонӣ — шуғнӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | SH |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.BK.SH |
Коди телефон | +992 355 |
Нишонаи почта | 736100 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 04 TJ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфта аст. Маркази ноҳияи Шуғнон рустои Ваҳдат аст, ки 15 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ дар каронаи рӯди Панҷ дар марз бо Афғонистон ҷой дорад.
Ноҳияи Шуғнон дар миёни қаторкӯҳҳои Рӯшон ва Шуғнон воқеъ аст. Дар шимол бо ноҳияи Рӯшон, дар шарқ бо ноҳияи Мурғоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон ва дар ғарб бо рӯди Панҷ ва Ноҳияи Шиғнони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад.
Аз шарқи ноҳияи Шуғнон ба ғарби он рӯди Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.
Ноҳияи Шуғнон ҳудудан 5000 км² масоҳат дорад.
Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Шуғнон 35 800 нафар зиндагӣ мекунад.[2] Мардуми Шуғнон ба забони шуғнӣ сухан мегӯянд.
Сол | 1992 | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2016 | 2017 | 2018 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
32,6 | 34,8 | 35,1 | 35,4 | 35,8 | 36,2 | 36,6 | 37,1 | 37,7 | 38,0 | 39,2 | 39,5 |
Бино бар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна, Шуғнону Рӯшон дар гузашта як сарзамин буда Шуғнон (форсӣ: شغنان) ном доштаанд.[3]
Шуғнон аз замони Сомониён то соли 1895 ҳукумате мустақил дошта ва фармонравоёни онро шоҳ мехондаанд. Қаламрави подшоҳии Шуғнон сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои тоҷикии Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ва вулусволии афғонии Шуғнон (форсӣ: شغنان) дар ду канораи рӯди Панҷро дар бар мегирифтааст.
Соли 1895 подшоҳии Шуғнон, ки дар ҳар ду канораи рӯди Панҷ қарор дошт, дар паи ҷаҳонгириҳои Русия ва Британия дупора гардид ва канораи рост ба аморати Бухоро ва канораи чап ба Афғонистон дода шуд.[4]
Шуғнон дар солҳои 1878 – 1920 яке аз бекигариҳои аморати Бухоро буд ва бек дар рустои Поршинев менишаст ва мир хонда мешуд.
Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон дар соли 1924, Шуғнон бахше аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид, ки 2 январи соли 1925 таъсис дода шуд. Замоне ҳам Шуғнону Роштқалъа як ноҳия буданд.
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шуғнон 7 ҷамоат дорад[5]
Ҷамоатҳои ноҳияи Шуғнон | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | Деҳаҳо | |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Ванқалъа | 5165 | Ванқалъа (деҳа, н. Шуғнон), Абуалӣ Сино (деҳа), Баччор, Варшез, Миёнакӯҳ, Миёнашаҳр, Оқмамад, Патхур, Пиш (деҳа), Сардем, Шазуд, Ҷелондӣ, Кургантукуй, Морҷ, Оқталёқ, Роҳи нав | |||||||||
Вир | 4690 | Вир (деҳа, н. Шуғнон), Вуж, Гоз, Деҳмиёна, Зувор, Чарсем, Шитам | |||||||||
Дарморахт | 2588 | Нишусп, Барчадев, Гожак, Шичозг, Пиш | |||||||||
Навобод | 5772 | Навобод, Мун, Бугод, Вибист, Горҷвин, Ривак, Сижд, Турбат, Деҳбаста | |||||||||
Поршнев | 7430 | Ваҳдат, Бувед, Возм, Кушк (деҳа), Пашор, Сохчарв, Тем, Тишор, Хоса, Чируҷ | |||||||||
Сохчарв | 2452 | Сохчарв, Барёмҷ, Бунӣ, Дирёмҷ, Зевар Дашт, Чошткандез | |||||||||
Сучон | 7344 | Манем, Колхозобод, Барсем, Бидурд, Боғев, Вошневдашт, Питоб, Рож, Сангов, Спинз, Танг, Шивроҷ | |||||||||
Сарвари ноҳияи Шуғнон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шуғнон - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Шуғнон ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.