From Wikipedia, the free encyclopedia
Ноҳияи Панҷ (форсӣ: ناحیۀ پنج) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.
Ноҳияи Панҷ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Маркази маъмурӣ | Панҷ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 29 август 1930 |
Масоҳат |
|
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 124 100[1] нафар (2022) |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | 3552 |
Нишонаи почта | 735140 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Маркази ин ноҳия шаҳраки Панҷ (форсӣ: پنج) аст, ки 117 км ҷанубтар аз шаҳри Бохтар ва 2 км дуртар аз истгоҳи роҳи оҳан ҷойгир аст. Аз ин шаҳр то Душанбе 206 км роҳ аст.
Ноҳияи Панҷ бо сарзамине 880,6 км² дар дараи рӯди рӯди Панҷ ва марз бо Афғонистон ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Балхӣ, дар шарқ — бо ноҳияи Фархор, дар ғарб — бо ноҳияи Ҷайҳун аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя буда ва дар ҷануб бо ноҳияҳои Имомсоҳиб ва Арчӣ аз вилояти Қундӯз дар Афғонистон ҳаммарз аст.
Ин ноҳия 29 августи соли 1930 бо номи ноҳияи Саройкамар дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст. Дар солҳои 1931—1936 ин ноҳия Бауманобод ва дар солҳои 1936—1963 Кировобод номида мешуд.
Мардуми Панҷ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Панҷ 108,2 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[2]
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
121,8 | 124,1 |
Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Панҷ 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат[3]. дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Панҷ[4] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Панҷ, шаҳрак | 7 917 | ||||||||||
Кабут Сайфутдинов | 16 390 | ||||||||||
Меҳвар | 13 570 | ||||||||||
Намуна | 15 178 | ||||||||||
Озодагон | 15 524 | ||||||||||
Нури Ваҳдат | 10 119 | ||||||||||
Сарвари ноҳияи Панҷ Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Панҷ Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Панҷ барои 5 сол интихоб мекунанд.
Ин зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |

Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.