![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/f/f0/Map_of_Italy_blank.svg/langtg-640px-Map_of_Italy_blank.svg.png&w=640&q=50)
Музофотҳои Итолиё
From Wikipedia, the free encyclopedia
Музофоти Италия — номи воҳиди маъмурии сатҳи дуввум дар Италия аст.
итол. provincia d'Italia | |
Кишвар | |
---|---|
Дараҷаи болотар | минтақаҳои Итолиё[d] |
Дараҷаи пойинтар | коммуна дар Италия |
![]() | |
Шумораи объектҳо | 93 |
![]() |
Вилоятҳои Италия ба музофотҳо тақсим мешаванд, ки дар Италия ҳамагӣ 110 музофот мавҷуд аст.
Тибқи қонунҳои Италия, музофотҳо ва коммунаҳо ҳамзамон воҳидҳои ҳудудии тақсимоти ҳам минтақавӣ ва ҳам давлатӣ мебошанд. Функсияҳо ва ваколатҳои онҳо тибқи қонуни ягонаи 17 майи соли 1990, бо тартиби умумии давлатӣ танзим карда мешаванд.[1]
Сатҳи поёнӣ барои аҳолии музофот 200 ҳазор нафар муқаррар шудааст. Барои баланд бардоштани самарабахшии функсияҳои идоракунӣ дар минтақаҳо барои таъсиси ноҳияҳои маъмурӣ тадбирҳо андешида мешаванд. Мувофиқи барномаҳои вилоятии рушд, музофот барнома ва нақшаҳои бисёрсолаи худро барои рушди ҳудудҳояш қабул мекунад. Дар асоси барномаи дахлдор, музофот фаъолияти коммунаҳоро ҳамоҳанг месозад ва мустақилона дар соҳаҳои иқтисод, истеҳсолот, тиҷорат, сайёҳӣ ва иҷтимоӣ кор мекунад.