ҳунарпешаи ҳинд From Wikipedia, the free encyclopedia
Мадҳурӣ Дикшит (англ. Madhuri Dixit Nene,15 май 1967) - инчунин ӯро баъди ба шавҳар баромадан Мадҳурӣ Дикшит Нене мешиносанд[1], ҳунарпеша ва продюсери синамои ҳинд мебошад. Ӯ яке аз машҳуртарин ва баландпардохттарин ҳунарпешаи Болливуд ба шумор рафта,[2][3], дар соли 2001 ба Китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст. Мадҳурӣ бо ҳунари актёрӣ ва рақсаш дар ҷаҳон шинохта шудааст. Рассом М. Ф. Ҳусейн ӯро олиҳаи худ номид. Ғолиби шумораи зиёди ҷоизаи Filmfare дар номзадии "Ҳунарпешаи беҳтарин" мебошад, ки ӯ чор маротиба ғолиб омадааст. Соли 2008 ӯ бо ҷоизаи Падма Шрӣ чаҳорум ҷоизаи олии шаҳрвандӣ дар Ҳиндустон барои саҳмгузорӣ дар синамо қадрдонӣ шудааст.
Madhuri Dixit | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Madhuri Dixit |
Таърихи таваллуд: | 15 май 1967 (57 сол) |
Зодгоҳ: | Мумбай, Маҳороштра, Ҳиндустон |
Шаҳрвандӣ: | Ҳиндустон |
Касб: | бозигари синамо |
Корнома: | 1986 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | Filmfare Awards, Падма Шрӣ |
IMDb: | ID 0002043 |
madhuridixit-nene.com | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Мадҳурӣ Дикшит 15 майи соли 1967 дар Бомбай дар оилаи ҳиндуҳои кастаҳои баланддараҷа, ки бо забони маратҳӣ гап мезананд, таваллуд шудааст[4]. Номи модари ӯ Снеҳлата ва падараш Шанкар мебошад, илова бар ин Мадҳурӣ соҳиби ду хоҳар Рупа ва Бҳаратӣ ва як бародар Аҷит мебошад[5][6][7][8].
Дар кӯдакӣ, Мадҳурӣ орзуи ҳунарпеша ё раққосиро надошт[9][10]. Ӯ мактаб мерафт ва пас аз хатми таҳсил ба Коллеҷи Парле дар соҳаи микробиология дохил шудааст[11]. Ва танҳо баъд аз гирифтани дараҷаи бакалавр, Мадҳурӣ ниҳоят фикри ҳунарпеша шуданро кардааст[12].
Соли 1986, ӯро студияи Rajshri Productions барои нақшофарӣ дар филми Abodh даъват намуданд ва ӯ дар нақшҳои хурд иштирок намудааст, ин ҳам дар саҳнаҳои рақсӣ. Мадҳурӣ дар ин нақшҳо ноаён буд.
Яке аз чунин нақшҳоро ба ӯ коргардон Субҳаш Гҳаӣ дар филми Karma (1986) додааст. Ғайр аз он, ӯ таблиғоти Мадҳуриро дар як қатор маҷаллаҳо ҷой дод ва гуфт, ки Бонӣ Капур, Яш Чопра ва боз даҳҳо коргардонҳои дигар бо ӯ шартнома бастаанд, аммо чунин набуд. Мадҳурӣ дар филми дигари ин режиссёр Рам ва Лагҳан (1988) нақш бастааст ва ваъда медиҳад, ки аввалин филми муваффақи ӯ хоҳад шуд. Аммо ҳунарпеша тавонист каме пеш аз он дар филми " Tezaab" -и Н. Чандрас нақш баста ҳаводорони зиёдеро ба даст овард.
"Tezaab", ҳунари актрисаро якбора иваз кард. Ва акнун диққати коргардонҳои Болливудро воқеан истеъдоди Маҳима ҷалб кард. Солҳои 90-ум давраи муваффақтарин дар касби Мадҳурӣ буд. Соли 1990 филми “Дил” рӯи навор баромад ва ба ӯ ҷоизаи аввалини Filmfare барои беҳтарин актрисаро бурд намуд. Дуэт бо коргардон Индра Кумар дар филми "Писар" (1991) низ барояш бо муваффақият рӯи навор омад.
Соли 1996 муваффақияти Мадҳурӣ аз байн рафт. Филмҳои «Yaraana", "Rajkumar», «PremGranth», «Mahaanta:The film», — яке пас аз дигаре номуваффақ монданд, вале иҷрои ӯро хуб пазируфтанд. Пас аз шикастҳо ӯ бо Шоҳруххон дар филми « Муҳаббати безабон»-и коргардон Ракеш Рошан ҳунарнамоӣ намудааст, ки филм яке аз филмҳои бузургтарин дар таърихи синамои Ҳиндустон ворид гардид.
Соли 1997 якбора ду филм бароварда шуд, ки Мадҳуриро ба шуҳрати пешини худ ба пуррагӣ баргардонданд. Mrittyudand Пракаш Ҷа, эҳтимолан, хити олӣ нашуд, аммо ба таври возеҳ истеъдоди актрисаро нишон додааст. Сипас филми "Дили девона" -и Яш Чопра рӯи навор омад. Ин баландтарин филми даромаднок дар соли 1997 буд ва Мадҳурӣ боз ҷоизаи Filmfare гирифт. Ва дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҳунарпеша муҷассама тақдим карда шуд, ки онро Мадҳурӣ ба ҳама мунаққидонаш бахшидааст.
Филмое, ки солҳои 1998-1999 рӯи навор омадаанд - "Мавҷудият", "Асрори занон", "Даъват", "Муҳандис" - аз ҷониби мардум пазироӣ карда шуданд ва дар ниҳоят ӯро ҳамчун ситора Мадҳурӣ эътироф намуданд. Яке аз пешниҳодҳое, ки вай дар он вақт қабул карда буд, даъвати коргардон Санҷай Лила Бҳсалӣ барои нақши Чандрамукҳӣ дар филми Девдас буд. Филм дар озмуни ғайриконкусӣ дар Канн ба намоиш гузошта шудааст.
Дар соли 2007, аз тарафи продюсери Yash Raj Films, Адитя Чопра ба ҳунарпеша пешниҳоди нақш дар драмаи рақсии «Бигзор рақс кунем» карда шуд. Филм онқадар муваффақ нашуд, аммо ҳамаи мунаққидони синамо бо як овоз эълом карданд, ки пас аз танаффуси 5 сола, Дикшит маҳорат ва истеъдоди худро гум накардааст.
Соли 2010, Мадҳурӣ ба ҳайси узви ҳакамон дар мавсими чоруми намоиши рақсии Jhalak Dikhhla Jaa ба телевизион даъват карда шуд. Ва бо пайдоиши ҳунарпешаи афсонавӣ, вай муваффақиятҳои бебаҳо ва рейтингҳои баландтаринро дар телевизиони Ҳиндустон сарфи назар аз барномаҳои Шоҳруххон ва Амитабҳ Баччан ба даст овард. Мадҳурӣ 4 сол узви доимии доварон буд.
Дар моҳи феврали соли 2013, Мадҳурӣ бо ҳамроҳии шавҳараш Шрирам Нене студияи истеҳсолии худашонро кушоданд, RnM Moving Pictures, ки аввалин лоиҳаи онҳо барномаи рақсии "Dance with Madhuri" буд.
Соли 2014 Мадҳурӣ якбора дар ду филм рӯи навор баромад Gulaab Gang-и Соумик Сен ва Ҳафт зинаи муҳаббат (Dedh Ishqiya) -и Абҳишек Чаубей. "Gulaab gang"-и коргардон Соумик Сен даромади хуб ба даст наовард ва Ҳафт зинаи муҳаббат аз мунаққидони филм дар бораи ҳам Мадҳурӣ ва ҳам дар бораи филм ҷавобҳои таҳқиромез гирифт. Ҷасорати ҳунарпеша дар иҷрои нақш дар филми мавриди ҳомосексуалӣ асоснок карда шуд. Мунаққидони асоси хоҳиши Мадҳуриро барои сохтани филмҳои хуб ва нақшҳои далерона қадрдонӣ карданд, зеро вай барои бозгашт ба ҷаҳони синамо коргардонҳои ҷавон ва филмҳои каммасрафро интихоб кард.
Чор сол пас аз танаффус дар сабти филм, Мадҳурӣ аввалин бор дар филм бо забони модариаш маратҳӣ Bucket List ҳунарнамоӣ намуда, муваффақияти тиҷоратӣ ва таърифҳои мусбиро аз мунаққидон ба даст овард. Ин кӯшиши дуввуми ӯ дар синамои минтақавӣ мебошад, ки қабл аз он дар филми тамилӣ "Муҳандис" нақш офаридааст, ки 80%-и филм ба навор гирифта шудааст ва бинобар мушкилоти молиявӣ ба итмом нарасидааст. Дар 2019 ду филм бо иштироки ӯ Total Dhaamal ва Kalank, рӯи навор омадааст, ки дар Kalank Шридевиро бо сабаби марги ногаҳонияш иваз намудааст. Дар ин филм Варун Дҳаван ва Алия Бҳатт низ нақшҳои марказиро бозидаанд. Kalank баҳои манфӣ гирифт ва ноком шуд, дар ҳоле ки Total Dhaamal муваффақияти тиҷоратӣ ба даст овард.
Моҳи июни соли 1999, Мадҳурӣ бо Шрирам Нене, ҷарроҳи кардиологии ҳинду аз Маҳараштра, ки тамоми умри худро дар Иёлоти Муттаҳида гузарондааст шинос шудааст. Пас аз чанд моҳ, 17 октябр, пинҳонӣ аз хабарнигорон Мадҳурӣ ва Шрирам дар Лагуна Бич издивоҷ карданд. Ситораи калони синамои Ҳинд ба хонум Нене табдил ёфт ва дар шаҳри Денвери Амрико қарор гирифт.
Дар моҳи марти соли 2003, ҳунарпеша нахустин фарзандашро (Арин) таваллуд намуд. Мадҳурӣ ба матбуот гуфт, ки фарзандаш барои ӯ ҳоло чизи муҳимтарин дар зиндагияш буда ҳамчун зани хонашини одӣ зиндагӣ намуда истодааст. Дар моҳи марти соли 2005 ӯ писари дуюм - Райанро ба дунё овард.
Моҳи октябри соли 2011, ӯ ва оилааш аз нав ба Ҳиндустон кӯчиданд.
Сол | Филм | Нақш | Бо забони тоҷикӣ | Ҳамроҳон | Шарҳҳо |
---|---|---|---|---|---|
1984 | Abodh | Гаурӣ | Содаяк | Тапас Пал | |
1985 | Awara Baap | Барҳа | Раҷеш Кҳанна | ||
1986 | Swati | Анандӣ | Сватӣ | Шашӣ Капур | |
1986 | Maanav Hatya | Акшай Ананд | |||
1987 | Mohre | Мая | Нана Патекар, Анупам Кҳер | ||
1987 | Hifazat | Ҷанкӣ | Дом | Ашок Кумар, Нутан, Шактӣ Капур,Анил Капур | |
1987 | Uttar Dakshin | Чанда | Шимол ва ҷануб | Раҷникант, Ҷекӣ Шрофф | |
1988 | Khatron Ke Khiladi | Кавита | Пардохти ҳатмӣ | Дҳармендра, Санҷай Датт | |
1988 | Dayavan | Нила Велҳу | Ғамхор | Винод Кҳанна, Фероз Хон, Амриш Пурӣ | |
1988 | Tezaab | Моҳинӣ | Шавқи сӯзон | Анил Капур | |
1989 | Vardi | Ҷая | Либоси ягона | Дҳармендра, Саннӣ Деол, Ҷекӣ Шрофф | |
1989 | Ram Lakhan | Радҳа | Рам ва Лакҳан | Анил Капур, Ҷекӣ Шрофф, Димпл Кападия, Ракҳӣ Гулзор, Пареш Равал | |
1989 | Prem Pratigyaa | Лакшмӣ | Савганди ишқ | Митҳун Чакрабортӣ | |
1989 | Ilaaka | Видя | Маҳалла | Дҳармендра, Митҳун Чакрабортӣ | |
1989 | Mujrim | Сония | Гуноҳкор | Митҳун Чакрабортӣ, Нутан, Амриш Пурӣ | |
1989 | Tridev | Дивя Матҳур | Сегона | Насруддин Шоҳ, Саннӣ Деол, Ҷекӣ Шрофф | |
1989 | Kanoon Apna Apna | Бҳаратҳӣ | Қасос барои қонун | Дилип Кумар, Санҷай Кумар | |
1989 | Parinda | Паро | Парандаҳо | Анил Капур, Ҷекӣ Шрофф, Нана Патекар | |
1989 | Paap Ka Ant | Ҷиотӣ | Говинда | ||
1990 | Maha-Sangram | Ҷумру | Муҳорибаи бузург | Говинда , Винод Кҳанна | |
1990 | Kishen Kanhaiya | Анҷу | Кишен ва Канҳайя | Анил Капур | |
1990 | Izzatdaar | Моҳинӣ | Гиромиқадр | Дилип Кумар, Дҳармендра | |
1990 | Dil | Мадҳу Меҳра | Қалб | Амирхон | |
1990 | Deewana Mujh Sa Nahin | Анита | Ба мисли ман ошиқ касе нест | Амирхон | |
1990 | Jeevan Ek Sangharsh | Мадҳу Сен | Мушаввашӣ | Анил Капур, Ракҳӣ Гулзор | |
1990 | Sailaab | Сушма Малҳотра | Гардиш | Адитя Панчолӣ | |
1990 | Jamai Raja | Рекҳа | Домоди дӯстдошта | Ҳема Малинӣ, Анил Капур, Анупам Кҳер | |
1990 | Thanedaar | Чанда | Маъмури полис | Санҷай Датт, Ҷитендра, Ҷая Прада | |
1991 | Pyar Ka Devta | Девӣ | Худои ишқ | Митҳун Чакрабортӣ | |
1991 | Khilaaf | Света | Чанкӣ Пандей | ||
1991 | 100 Days | Девӣ | 100 рӯз | Ҷекӣ Шрофф | |
1991 | Pratikar | Мадҳу | Гунаҳкорӣ | Анил Капур | |
1991 | Saajan | Пуҷа | Салмонҳон, Санҷай Датт | ||
1991 | Prahaar | Ширлӣ | Нана Патекар, Димпл Кападия | ||
1992 | Beta | Сарасватӣ | Анил Капур | ||
1992 | Zindagi Ek Jua | Ҷуҳӣ | Анил Капур, Шактӣ Капур, Анупам Кҳер | ||
1992 | Prem Deewane | Шивангӣ Меҳра | Ҷекӣ Шрофф, Пуҷа Бҳатт, Вивек Мишран | ||
1992 | Khel | Сима/Ҷадӣ Бутӣ | Бозӣ | Анил Капур, Мала Синҳа, Виҷаендра Гҳатге | |
1992 | Sangeet | Нирмала & Сангита | Сангита | Ҷекӣ Шрофф | |
1993 | Dharavi | Дҳаравӣ | Шабана Азмӣ, Ом Пурӣ, Анил Капур | ||
1993 | Sahibaan | Саҳибан | Саҳибан | Санҷай Датт, Ришӣ Капур | |
1993 | Khal Nayak | Ганга (Ганготрӣ Девӣ) | Бадхоҳ | Санҷай Датт, Ҷекӣ Шрофф | |
1993 | Phool | Гуддӣ | Гул | Сунил Датт, Раҷендра Кумар | |
1993 | Dil Tera Aashiq | Сония Ханна/Савитрӣ Девӣ | Дили ошиқ | Салмонҳон | |
1993 | Aasoo Bane Angaarey | Уша | Бинду, Прем Чопра, Ҷитендра | ||
1994 | Anjaam | Шиванӣ Чопра | Натиҷа | Шоҳруххон | |
1994 | Hum Aapke Hain Koun..! | Ниша Чаудҳарӣ | Ман барои ту кистам | Салмонҳон | |
1995 | Raja | Мадҳу Гаревал | Раҷа | Санҷай Капур, Пареш Равал | |
1995 | Yaraana | Лалита/Шикҳа | Ришӣ Капур, Раҷ Баббар | ||
1995 | Paappi Devataa | Решма | Гунаҳкори муқаддас | Ҷитендра, Дҳармендра, Ҷая Прада, Амриш Пурӣ | |
1995 | Zameen | Замин | Ба намоиш гузошта нашудааст | ||
1996 | Prem Granth | Каҷрӣ | Китоби ишқ | Шаммӣ Капур, Ришӣ Капур, Анупам Кҳер, Ом Пурӣ | |
1996 | Raj Kumar | Раҷкумарӣ Вишака | Раҷ Кумар | Анил Капур | |
1997 | Koyla | Гаурӣ | Муҳаббати безабон | Шоҳруххон, Амриш Пурӣ | |
1997 | Mahaanta | Бузургӣ | Санҷай Датт | ||
1997 | Mrityudand | Кеткӣ | Шабана Азмӣ, Аюб Хон, Ом Пурӣ | ||
1997 | Mohabbat | Швета Шарма | Муҳаббат | Акшае Кҳанна, Санҷай Капур | |
1997 | Dil To Pagal Hai | Пуҷа | Дили девона | Шоҳруххон, Каришма Капур | |
1998 | Bade Miyan Chhote Miyan | Амитабҳ Баччан, Говинда, Равина Тандон | |||
1998 | Wajood | Апурва Чаудҳарӣ | Мавҷудият | Нана Патекар | |
1999 | Aarzoo | Пуҷа | Хоҳиш | Акшай Кумар, Сайф Алихон, Пареш Равал, Амриш Пурӣ | |
2000 | Pukar | Анҷалӣ | Анил Капур | ||
2000 | Gaja Gamini | Гаҷа Гаминӣ/Сангита/Шакунтала/Моника/Мона Лиза | Асрори занон | Шоҳруххон, Насруддин Шоҳ, Шабана Азмӣ, Фарида Ҷалол | |
2001 | Yeh Raaste Hain Pyaar Ke | Неҳа | Аҷай Девган, Притӣ Зинта | ||
2001 | Lajja | Ҷанкӣ | Гурезадухтар | Маниша Коирала, Анил Капур, Ҷекӣ Шрофф, Самир Сонӣ | |
2002 | Ягона | Радҳа | Шоҳруххон, Салмонҳон | ||
2002 | Devdas | Чандрамукҳӣ | Девдас | Шоҳруххон, Айшвария Рай, Ҷекӣ Шрофф | |
2007 | Aaja Nachle | Дия | Конкона Сен Шарма, Акшае Кҳанна, Кунал Капур, Ирфон Хон, Ранвир Шорӣ | ||
2013 | Bombay Talkies | Иштироки махсус дар суруд | |||
2013 | Yeh Jawaani Hai Deewani | Моҳинӣ | Иштироки махсус дар суруди "Ghagra" | ||
2014 | Dedh Ishqiya | Шоҳӣ Бегум | Ҳафт зинаи муҳаббат | Насруддин Шоҳ, Аршад Варсӣ, Ҳума Қурейшӣ | |
2014 | Gulaab Gang | Раҷҷо | Ҷуҳӣ Чавла, Маҳӣ Гил, Таништҳа Чаттерҷӣ | ||
2018 | Bucket List | Мадҳура | Сумедҳ Мудгалкар | [13] | |
2018 | Mowgli: Legend of the Jungle | Ниша (овоз) | [14] | ||
2019 | Total Dhamaal | Бинду Пател | Аҷай Девган, Аршад Варсӣ, Анил Капур, Ҷоннӣ Левер, Ритеш Дешмукҳ, Боман Иранӣ | [15] | |
2019 | 15 August | 15-уми август | [16] | ||
2019 | Kalank | Баҳор Бегум | Сонакшӣ Синҳа, Варун Дҳаван, Санҷай Датт, Алия Бҳатт, Адитя Рой Капур | [17] |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.