From Wikipedia, the free encyclopedia
Абулҳасан Алӣ ибни Саҳл Раббани Табарӣ (форсӣ: ابوالحسن علی ابن سهل ربن طبری; 838 ё тақрибан 808[1], Омул, Устони Мозандарон — 870, Бағдод) — ҳаким, пизишк, файласуф ва равоншиноси шаҳири форс.
Ӯ аз Табаристон ба Раӣ (Эрон) кӯчида, дар он ҷо нахустин муаллими ар-Розӣ шуд. Ат-Табарӣ соли 850 доир ба тиб асари калони «Фирдавс ул-Ҳикмат»-ро таълиф кард, ки он аз 7 фасли зерин иборат аст: дар бораи унсурҳо ва тағӣирёбии онҳо, дар бораи рӯзгор, масъалаҳои гигиенаи умумӣ; дар бораи мизоҷ, узвҳо, ақл, шавқу завқ, гигиена ва ғаӣра; дар бораи хӯрок, патологияи умумӣ ва ҷузъӣ, дар бораи хосиятҳои ҷисму бадан, мева, сабзавот, навъҳои мухталифи гӯшт, шир, бӯӣ, чорво, доруҳои одӣ ва мураккаб; дар бораи мащал, кишвар, об, бод; дар бораи эътимоднокии тиб; дар бораи ситораҳо; дар бораи илми тиб; дар бораи парҳези, аӣёми саломатӣ; дар бораи сабабҳои беморӣ. Ат-Табарӣ инчунин муаллифи асарҳои дигар, мисли «Оид ба истеъмоли хӯрок, нӯшокиҳо ва адвия», «Оид ба ҳифзи саломатӣ», «Оид ба маҳоҷим», «Оид ба таснифи адвият» ва ғаӣра буд. Ат-Табарӣ ба ҳаӣси олими бузурги замони худ шуҳрат ва обрӯю эътибори калон дошта, ба равнақи тиб саҳми босазое гузоштааст ва дар таърихи тиб осори муносибе дорад.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.