From Wikipedia, the free encyclopedia
Гулобод — деҳа дар ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдати ноҳияи Панҷ. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2392 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Панҷ |
Ҷамоат | Деҳоти Нури Ваҳдат |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2392 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3552 |
Нишонаи почта | 735140 |
Соли 1949 ташкил шуда, мардумаш асосан аз ноҳияҳои Файзобод ва Тавилдара кӯчидаанд.
Бунгоҳи тиббӣ, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 масҷиди панҷвақта дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Туғул таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 50 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Арбоби давлатӣ Болта Нидоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.