Вилояти мухтор
From Wikipedia, the free encyclopedia
Вилояти мухтор ё вилояти худмухтор, вилояти автономӣ (рус. Автономная область) — як шакли автономияи давлатӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар баъзе дигар давлатҳо (масалан, ВМ Боснияи Ғарбӣ, ВМ Кри). Аз кишварҳои пасошӯравӣ минтақаҳои мухтор айни замон дар Русия (ВМ Яҳудӣ) ва Тоҷикистон (ВМ Кӯҳистони Бадахшон) мавҷуданд. Баъзан минтақаҳои мухторро минтақаҳои мухтори Испания низ меноманд. Ғайр аз он, Вилоятҳои мухтори Сербистон(серб.)тҷк. дар қаламрави давлатҳои баъди суқути Югославия ташкил ёфтаанд.