From Wikipedia, the free encyclopedia
Автономия (аз юнонӣ autonomia – худидоракунӣ, мустақилият) — худидоракунии воҳиди сиёсию миллӣ дар доираи давлати ягона, ки он дар Конститутсия таҷассум ёфтааст.
Автономия шакли худидоракунии қисми ҳудуди давлати унитарӣ ё федеративӣ мебошад ва ҳамчун мухторияти ҳудудӣ шинохта мешавад. Он дар ҳудудҳои маскуншудаи халқҳое, ки дорои хусусиятҳои махсуси умумияти забонӣ, маишӣ ва ҳаёти иқтисодӣ мебошанд, ба амал бароварда мешавад. Воҳидҳои маъмурию миллӣ дар ҳайати давлати федеративӣ ҳамчун автономияи субъекти федератсия амал менамоянд. Воҳиди ҳудудии автономӣ дар ҳалли масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта, ки ҳокимияти марказӣ ба он вогузор намудааст, мустақил аст. Мақомоти интихобии воҳиди маъмурии автономӣ манфиатҳои хоси аҳолии онро таҷассум менамояд.
Чунин ҳолат дар конститутсияҳои ҳам давлатҳои федеративӣ ва ҳам давлатҳои унитарӣ ба таври махсус қайд карда мешавад. Масалан, дар Конститутсияи Федератсияи Русия моддаи 72 ваколатҳои якҷояи Федератсияи Русия ва субъектҳои онро ифода намудааст. Мувофиқи моддаи 73 ҳуқуқи автономии ҳамаи 89 субъекти федератсия эътироф карда мешавад. Вобаста ба сохтори давлатӣ ва раванди идораи сиёсӣ худидоракунӣ ва ё мухторияти воҳидҳои маъмурию сиёсӣ дар сатҳи мухталиф ба амал меояд.
Дар шароити Тоҷикистон чунин ҳолатро Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон касб намудааст. Боби 7-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми мухториятро дар ҳудудҳо ва салоҳиятҳои воҳиди сиёсию маъмурии мазкур муайян намудааст. Ҳамин тариқ, автономия аз як тараф шакли худидоракунии умумиятҳои миллӣ-этникӣ ва аз ҷониби дигар сатҳи муайяни ғайримарказонидани идораи ҳудудҳои муайян мебошад. Моҳиятро танзими муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва мувофиқгардонии манфиатҳои миллии умумиятҳои гуногун ташкил менамояд.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.