Вилояти Бадахшон (Афғонистон)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Вилояти Бадахшон (дарӣ: ولایت بدخشان) — яке аз вилоятҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст.
بدخشان | |
38° с. ш. 71° в. д.HGЯO | |
Кишвар | Афғонистон |
Шомили | 28 ноҳия |
Маркази маъмурӣ | Файзобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландӣ | 3 669 м |
Вақти минтақавӣ | UTC+04:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | |
Шиносаҳои ададӣ | |
Рамзи ISO 3166-2 | AF-BDS |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Бадахшон дар шеърҳои шоирон ба кайфияти лаъли худ маъруф будааст. Бадахшон дар шимолу шарқи Афғонистон воқеъ аст. Ин вилоят дар соли 1895 миёни ду импиротурии Русия ва Бритония ба ду бахш тақсим гардид. Як бахши ин вилоят бо номи Бадахшон ба Русия таъаллуқ гирифт, ки баъдан Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) бо марказияти шаҳри Хоруғ шуд ва бахши дувум бо марказияти шаҳри Файзобод ба Афғонистон паӣваст. Русия ва Бритония рӯди Панҷро чун марзи табиъӣ пазируфта ва бо сутунҳои марзӣ нишонагузорӣ карданд.
Маркази вилояти Бадахшон шаҳри Файзобод аст, ки 315 км шимолу шарқтар аз шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, дар канори рӯди Кӯкча ҷой гирифта аст ва 50 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.