Википедиа:Дидгоҳи бетараф
From Wikipedia, the free encyclopedia
«Дидгоҳи бетараф» — яъне ироаи тамоми дидгоҳҳои барҷастаи мунташиршуда дар манобеи муътабар, ба таври мунсифона, мутаносиб ва то ҷойи мумкин ба дур аз таассуб. Тамоми мақолаҳои Википедия ва куллияи муҳтавиёти донишномаии дигар бояд аз манзари дидгоҳ бетараф навишта шаванд. Дидгоҳи бетараф яке аз усули асосии Википедия ва дигар проектҳои Викимедиа мебошад. Ин сиёсат ғайри қобили муноқиша аст ва тамом виросторону мақолаҳо бояд аз он пайравӣ кунанд.
Ин саҳифа сиёсати расмии Википедияи Тоҷикӣ аст. Ин сиёсат мақбулияти густардаи дар миёни вироишгарон дорад ва як меъёр барои вироишгарон ба шумор меравад, ки ҳама бояд аз он пайрави кунанд. Замоне, ки саҳифаеро вироиш мекунед, талош кунед, ки вироиши шумо баёнгари иҷмоъ бошад ва агар мутмаъин нестед нахуст дар саҳифаи баҳс, онро баҳс кунед. |
![]() | Ин саҳифа дар як нигоҳ: Виросторон бояд мақолаҳоро аз дидгоҳи бетараф навишта ва дидгоҳҳои қобили таваҷҷуҳро бидуни ҷонибдорӣ, мутаносиб ва ба дур аз таассуб баён кунанд. |
«Дидгоҳи бетараф» яке аз се сиёсати муҳтавои аслии Википедия аст. Ду сиёсати дигар Википедиа:Норавоии тадқиқоти аслӣ ва Википедиа:Исботпазирӣ ҳастанд. Ин се сиёсати аслӣ бо таркиби ҳам навъ ва кайфият муҳтавои қобили қабул дар мақолаҳоро мушаххас мекунанд. Чун ин сиёсатҳо ба таври ҳамоҳанг ба кор мераванд, набояд ҷудо аз якдигар баррасӣ ва тафсир шаванд ва виросторон бояд саъй кунанд, ки худро бо ҳар сеи онҳо ошно кунанд. Усуле, ки ин сиёсат бар он устувор шуда тавассути иҷмоъи корбарон ё ҳеҷ сиёсат ва раҳнамуди дигаре наметавонд нақз шаванд.