Википедиа:Норавоии таҳқиқи аслӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Википедия таҳқиқ ё тафаккуроти дасти аввалро интишор намедиҳд ин шомили мавориди зер мешавад: ҳақиқатҳое, ки ҳанӯз чоп нашудаанд, истидлолҳо, гумоназаниҳо, идеяҳо, ҳаргуна таҳлили бачопнарсида аз додаҳои хом ва ҳамчунин канори ҳам гузоштани матолиб чопшуда ба гунае, ки дар канори ҳамдигар дидгоҳи хоссеро пеш бурда, ки ҳеч кадом аз он манобеъ ба танҳоӣ ва ба вузӯҳ аз он дидгоҳ ҳимоят накунанд. Ба ибораи дигар, Википедияи маҳаллӣ барои чопи назарҳо, таҷрибиёт, ё истидлолҳои шумо нест. Нақл аз манобеъ ва иҷтиноб аз таҳқиқи аслӣ пайванде ногусастанӣ бо ҳам доранд: барои нишон додани ин ки шумо машғули анҷом таҳқиқи аслӣ нестед, воҷиб аст, ки матлабтонро ба манобеъи муътабаре ирҷоъ диҳед, ки мустақиман дар бораи мавзӯъи маврид баҳс суҳбат бкунанд ва мустақиман ва бидуни ибҳом иттилоъоти ироашуда дар мақоларо онгуна, ки навишта шудааст таъйид кунанд.
Ин саҳифа сиёсати расмии Википедияи Тоҷикӣ аст. Ин сиёсат мақбулияти густардаи дар миёни вироишгарон дорад ва як меъёр барои вироишгарон ба шумор меравад, ки ҳама бояд аз он пайрави кунанд. Замоне, ки саҳифаеро вироиш мекунед, талош кунед, ки вироиши шумо баёнгари иҷмоъ бошад ва агар мутмаъин нестед нахуст дар саҳифаи баҳс, онро баҳс кунед. |
Ин саҳифа дар як нигоҳ:
|
Википедиа: Норавоии таҳқиқи аслӣ яке аз се сиёсати муҳтавоиии аслии Википедия аст. Ду сиёсати дигар Википедиа:Дидгоҳи бетараф ва Википедиа: Исботпазирианд. Ин се сиёсат ба кумаки ҳам навъ ва кайфияти матолиби қобили қабул дар фазои номи аслиро мушаххас мекунанд; Бинобарин, онҳоро набояд ҷудо аз якдигар баррасӣ ва тафсир кард. Виросторон бояд саъй кунанд, ки худро бо ҳарсеи онҳо ошно кунанд. Ин се сиёсат ғайриқобили муноқиша ва тағйиранд. Яъне иҷмоъи корбарон ё ҳеч сиёсати дигаре наметавонд онҳоро дар партави дигаре қарор диҳад ё бартар аз онҳо бинишинад.