From Wikipedia, the free encyclopedia
Аргенти́на (исп. Argentina), номи расмии пурра — Ҷумҳурии Аргентина (исп. República Argentina [reˈpuβlika aɾxenˈtina]) — дуюмин давлат (пас аз Бразилия) аз ҷиҳати масоҳат, сеюмин (пас Бразилия ва Колумбия) аз рӯи аҳолӣ дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад.
Шиор: «En Unión y Libertad» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Аргентина|Himno Nacional Argentino ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Испания) |
Забони расмӣ | Испанӣ |
Пойтахт | Буэнос-Айрес |
Шаҳри калонтарин | Буэнос-Айрес |
Идораи давлат | |
Президент Ноиби Президент Сарвазир | Алберто Фернандез Кристина Фернандез де Кирчнер Маркос Пеня |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. | 8-ум ҷой дар ҷaҳон 2 780 400 км² 1.57% % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2015) • Зичӣ | 32-ум ҷой дар ҷaҳон 43,417,000[1] 14.4 нафар/км² |
Пули миллӣ | Песои Аргентина |
Интернет-Домен | .ar |
Коди телефон | +54 |
Соат | UTC -3 |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Аргентина дар қисми ҷанубу шарқии Америкаи Ҷанубӣ ҷойгир шудааст. Масоҳаташ 2,8 млн км2 (ғайр аз ҷазираҳои Фолкленд – ҳудуди баҳсии байни Аргентина ва Британияи Кабир). Аҳолиаш 40,2 млн нафар (2009). Пойтахташ – Буэнос-Айрес (наздики 13 млн нафар). Қисми ҷанубу шарқии Америкаи Ҷанубӣ, қисми шарқии ҷазираи Замини Оташин, ҷазираҳои ба он наздики Эстадос ва ғайраро дар бар мегирад. Дар ғарб бо Чилӣ, дар шимол ва шарқ бо Боливия, Парагвай, Бразилия ва Уругвай ҳамсарҳад аст. Аргентина федератсияест иборат аз Округи федералӣ (маркази маъмуриаш Буэнос-Айрес) ва 22 музофот. Шаҳрҳои калонтаринаш: Санта-Фе, Кордова, Росарио, Тукуман, Ла-Плата ва ғайрасри Забони давлатӣ – испанӣ, дини ҳукмрон – католикӣ, пули миллӣ – песо. Иди миллӣ – Рӯзи Револютсия (25 май).
Аргентина – республикаи федеративӣ. Сардори давлат ва ҳукумат – Президент, ки ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад (ҳуқуқи ба давраи дуюм интихоб шуданро дорад) ва ҳамзамон Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ мебошад, Сарвазир ва Суди олиро таъйин мекунад. Мақоми олии қонунбарор – Конгресси миллӣ, ки аз Сенат (72 аъзо) ва Палатаи намояндагон (257 аъзо) иборат буда, ба муҳлати 4 сол интихоб мешаванд. Суди олӣ (иборат аз 9 аъзо)-ро Президент таъйин ва Сенат тасдиқ мекунад. Аз 20 ҳизби сиёсӣ Иттифоқи радикалии гражданӣ, Фронти ҳамраъйии Аргентина машҳуртаранд. Аргентина узви СММ, Хазинаи Байналмилалии Асъор, Иттиҳоди давлатҳои Америка ва наздики 70 ташкилоти дигари сиёсию иқтисодии ҷаҳон мебошад. Муносибатҳои дипломатиаш бо Тоҷикистон аз 3. 5. 2011 барқарор шудааст.
Сабаби гуногунии шароити табиии Аргентина ба масофаи хеле зиёд тӯл кашидани ҳудудаш аст (аз шимол ба ҷануб – 3700 км, аз ғарб ба шарқ – 1400 км). Аз ҷиҳати сохти геологӣ қисми ғарбии Аргентина ба геосинклинали чиндори Анд ва қисми шарқиаш ба платформаи Америкаи Ҷанубӣ мансуб аст. Пастии Чако-Пампа аслан бо зинаҳои баҳрии давраи девону перм ва вулқонии давраи триас пӯшида шудааст. Асоси плитаи Патагонияро зинаҳои метаморфии токембрий ташкил медиҳанд. Релйефи Аргентина дар шарқ ҳамвор, дар ғарб кӯҳсор аст. Тамоми шимолу шарқ онро пастии Ла-Плата ишғол кардааст, ки ин пастӣ аз ҳамвориҳои Гран-Чако, Энтре-Риос (байни дарёҳои Парана ва Уругвай) ва Пампа иборат мебошад. Дар ҷанубу ғарб Аргентина паҳнкӯҳи Патагония (то 2000 м) ва дар ғарб он паҳнкӯҳи Пуна (то 4000 м), дар ғарб кӯҳҳои Анд бо қуллаҳои баландтарини Америкаи Ҷанубӣ – Аконкагуа (6959 м), Тупунгато (6800 м) ва Мерседаро (6500 м) воқеъ гардидаанд.
Аргентина аз сарватҳои зеризаминӣ бой аст, захираҳои зиёди мис, руҳу сурб, сулфур, уран, волфрам, литий ва маъдани оҳан дорад. Аргентина аз ҷиҳати захираи уран аз ҷумлаи даҳ давлати ҷаҳон мебошад. Захираҳои калони нефту газ дар қисми соҳилии Патагония ва ҷазираи Замини Оташин, ангишти сиёҳтоб дар мавзеи Санта-Крус (Рио-Турбио) кашф шудаанд. Масолеҳи сохтмонии мармар ва хоро низ ҳаст.
Иқлими Аргентина аз се минтақаи иқлимӣ – тропикӣ, субтропикӣ ва мӯътадил иборат аст. Ҳарорати миёнаи солона аз 24°С дар шимол то 5°С дар ҷануб тағйир меёбад. Дар ҳамвориҳо – иқлим тропикӣ (ҳарорати миёнаи январ (тобистон) 30°С, июл (зимистон) 20°С, бориши солона то 900 мм), дар ноҳияҳои марказӣ – субтропикӣ (ҳарорат миёнаи январ 23°С, июл 9°С, бориш то 1000 мм), дар Патагония – мӯътадили нимбиёбонӣ (ҳарорат миёнаи январ аз 12 то 22°С, июл – аз 2 то 5°С, бориш 100 – 250 мм). Иқлими кӯҳистони Анд баландкӯҳи биёбонист. Обҳои дохилӣ дар ҳудуди Аргентина нобаробар тақсим шудаанд. Дарёҳои асосӣ: Парана бо шохобҳояш Парагвай, Рио-Саладо, Уругвай, силсиладарёҳои Рио Бармехо – Десагуа-деро – Чадилеуву-Курако; Рио-Колорадо, Чубут, Рио-Десеадо ва ғайра аҳамияти калони киштигардӣ ва энергетикӣ доранд. Дар кӯҳҳои Анд кӯлҳои калони пиряхӣ – Науэл-Уапи, Лаго-Архентино, Буэнос-Айрес, Сан-Мартин, Вйедма ва ғайра, дар маркази Энтре-Риос ва Пампа ботлоқзорҳои бисёре воқеанд. Қариб дар сеяки ҳудуди Аргентина аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Гуногунии муҳити табиӣ ба хусусият ва таркиби хоку наботот бетаъсир намондааст. Дар шимол Аргентина хок – сурхи ҷигарӣ, дар шарқ, ки намнокӣ бештар аст, хок марғзории ботлоқӣ, дар водиҳои Пампа – серҳосили сиёҳтоб, дар нимбиёбонҳои Пампа – хокистарии камҳосил.
Наботот асосан аз марғзори сернами дашту саванна ва ҷангали кӯҳсори субтропикӣ иборат аст. Аз дарахтони нодир кебрачо (дар таркибаш танин дорад) ва ягона дар ҷаҳон чакалакзори арраян (як намуди мирта) ҳастанд.
Дар олами ҳайвонот намудҳои эндемӣ – оҳу ва гурбаи пампаӣ, саги магелланӣ, хирси айнакдор, шиншилла, гуанако (як намуди лама) мавҷуданд. Намудҳои гуногуни оҳу ва маймун, рӯбоҳи хокистарранг, шафпушт, нутрия, зиёда аз 50 намуд мор, хояндаи калонтарин – карпинчо (вазнаш то 65 кг), мӯрчахӯр ва ғайра ҳастанд. Дарёҳояш аз моҳӣ бой аст. Парандагон, махсусан лаклак, нанду, намудҳои гуногуни тӯтӣ ва колибри зиёданд. Аргентина дорои зиёда аз 30 боғи миллӣ ва мамнӯъгоҳ буда, дар музофоти Энтре-Риос, дар соҳили дарёи Уругвай ҷангали ҷанубтарини ҷаҳон – иборат аз нахлҳои 15-метра ва дарозумр (то 500 сол), дар Патагония 13 пирях, дар нимҷазираи Валдес ягона дар ҷаҳон анклави табиӣ – макони зисти моржҳо (вазнашон то 4 т), дар димоғаи Томбо колонияи бузурги пингвинҳо (макони берун аз ҳудуди Антарктикаи зисташон) мавҷуданд. Заминҷунбӣ дар баъзе мавзеъҳои кӯҳҳои Анд, бӯронҳои шадид дар Пампа ва ноҳияҳои шимолу шарқӣ, обхезиҳо аз хатарҳои табиӣ; ифлосшавии об, ҳаво, биёбоншавӣ аз масоили экологии Аргентина мебошанд.
Аксарияти аҳолии Аргентина-ро аргентинагиҳо – авлоди муҳоҷирон аз Испания, Италия, Франсия ва Полша ташкил медиҳанд. 92 фоизи аҳолӣ муътақиди католисизм, 2% – ҷараёни протестантӣ, боқимонда 6% мусулмон, буддоӣ ва яҳудиён мебошанд. Сатҳи таваллуд пасттарин дар Америкаи Лотинӣ, дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 75,5 сол аст. Сокинони Аргентина бештар дар қисми соҳилии Пампа ҷойгир шуда, 89% аҳолӣ шаҳрнишинанд. Зичии аҳолӣ гарчанде дар Аргентина 13 нафар дар 1 км2 муайян шудааст, дар шаҳрҳо, махсусан Буэнос-Айрес ва Санта-Фе бештар аз 100 нафар дар 1 км2 мебошад. Аҳолии деҳот зиёд нест. Азбаски барои заминдории калони механиконидашуда ва чорводории махсусгардонидашуда ба қувваи кории дастӣ эҳтиёҷ нест, Аргентина-ро мамлакати аграрии бекишоварз (бедеҳқон) меноманд.
Аргентина – ҷумҳурии федеративӣ, ки ба вай 23 вилоятҳо ва ҳавзаи автономии пойтахти медароянд.
Пайдоиши инсонро дар ҳудуди Аргентина мансуби ҳазорсолаи 8 – 7 то милод медонанд. То аввали садаи XVI дар ин ҳудуд қабилаҳои гуногуни ҳиндиҳо (диагит, кечуа ва ғайра) сокин буданд, ки сатҳи баланди тамаддун, роҳу пулҳо, иншооти обёрӣ доштанд. Соли 1516 баҳрнавардони испанӣ ба соҳили дарёи Ла-Плата расида, пойгоҳи мустамликавии худро барқарор ва онро ба ҳайати шоҳигарии Перу дохил карданд. Қабилаҳои бумӣ ғулом шудаву қир мегардиданд, қисме дар кӯҳҳои Анд паноҳ мебурданд. Охири садаи XVI ин ҷо се вилояти мустамликавӣ – Тукуман, Буэнос-Айрес ва Куйо, соли 1776 шоҳигарии Рио-де-ла-Плата (мутааллиқи шоҳигарии Испания) – фарогири ҳудудҳои Аргентина-и кунунӣ (то Рио-Негро), Боливия, Парагвай ва Уругвай таъсис ёфт. Кишоварзӣ ва баъзе намудҳои истеҳсолот инкишоф ёфта, дар Кордова аввалин Донишгоҳ ташкил шуд. Солҳои 1806 – 1807 қӯшунҳои Британия кӯшиши ишғоли Буэнос-Айресро карданд, вале муваффақ нашуданд. Рушди иқтисод, таназзули империяи мустамликавии Испания ва болоравии ҳаракати миллӣ-озодихоҳӣ дар кишварҳои Америкаи Лотинӣ барои соҳиби истиқлол шудани Аргентина замина фароҳам меовард. Баъди ба Испания дохил шудани Наполеони I моҳи майи 1810 дар Буэнос-Айрес шӯриш ба амал омада, ноиб-шоҳи испанӣ сарнагун ва Хунтаи муваққатии ҳукумати Ла-Плата эълон шуд. Ин «инқилоби май» як қисми ҳаракати озодихоҳии тамоми Америкаи Лотинӣ барои раҳо ёфтан аз юғи Испания буд (сарвараш Х. де Сан-Мартин). Иттиҳоди вилоятҳои Америкаи Лотинӣ (баъдтар Иттиҳоди Рио-де-ла-Плата, Аргентина-и кунунӣ) июли 1816 худро соҳибистиқлол эълон кард, соли 1819 конститутсияи аввалин қабул шуд.
Таърихи минбаъдаи Аргентина муборизаи байни тарафдорони ҳокимияти ягонаи марказӣ ва ҷонибдорони сохти худидории маҳаллӣ буд. Соли 1826 конститутсияи нав қабул гардида, мамлакат Республикаи Федеративии Аргентина ном гирифт. Аввалин президент Б. Ривадавияро баъди се соли ҳокимияташ – соли 1829 ҳокими Буэнос-Айрес, заминдор Х. М. Росас ҷойгузин шуд, ки диктатурааш то соли 1852, то сарнагун гардиданаш идома ёфт. Соли 1853 конститутсияи нави ҳаммонанди Сарқонуни ШМА қабул гардид (шакли давлатдории федералӣ бо сарварии президент). Аммо Буэнос-Айрес ба ин федератсия дохил нашуд. Зиддият то соли 1860 идома ёфта, соли 1862 губернатори Буэнос-Айрес Б. Митрес Президент интихоб гардид. 70 соли минбаъдаи дар фазои оромии сиёсию иқтисодӣ басарбурдаи кишвар Аргентина-ро ба сатҳи давлатҳои мутараққӣ баровард (инкишофу тавсеаи роҳи оҳан, содироти ғалла, гӯшт ва пашм ба Аврупо). Ҳукумат воридшавии маблағҳои хориҷӣ ва қабули муҳоҷиронро дастгирӣ мекард. Дар натиҷа, аҳолии 800-ҳазораи Аргентина (дар соли 1852) то соли 1914 ба 8 млн расид, шаҳрсозӣ тараққӣ кард, системаи бисёрҳизбӣ ҷорӣ шуд, соли 1912 ҳуқуқи интихоботи умумӣ эълон гардид. Намояндаи ҳизби Иттиҳоди радикалии шаҳрвандӣ И. Кригойен соли 1916 Президент интихоб шуд. Ҳукумати Ҳизби радикалӣ дар роҳи ривоҷи саноати миллӣ чораҳо андешида, сиёсати мустақили беруна мебурд.
Дар ибтидои садаи XX Аргентина ба яке аз давлатҳои бойи ҷаҳон табдил ёфт. Ба ин ҷо аз мамлакатҳои дигар, махсусан Аврупо, ба миқдори зиёд муҳоҷирон меомаданд. То табаддулоти ҳарбии соли 1930 Аргентина ҳаёти осуда дошт ва тараққӣ мекард. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939 – 45) Аргентина худро бетараф эълон кард. Соли 1943 дар натиҷаи табаддулоти нав диктатураи ҳарбӣ барқарор шуд. Соли 1946 полковник Х. Д. Перон Президенти Аргентина интихоб гардид. Ҳамсари ӯ Эва бо барномаҳои иҷтимоии ҷоринамудааш эътибор пайдо кард. Баъди ноил гардидан ба пешравиҳои зиёд ва гузарондани якчанд ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ эътибори Перон бештар гашта, соли 1952 ба давраи дуюм аз нав Президент интихоб шуд. Баъди тезутунд шудани муносибати Перон бо калисои католикӣ (мехост заминҳои вақфро давлатӣ гардонад) соли 1955 табаддулоти навбатӣ рух дода, ӯро сарнагун ва бадарға карданд. То соли 1976 дар Аргентина боз се табаддулоти ҳарбӣ ба амал омада, ба ҷойи як ҳукумати ҳарбӣ ҳукумати дигари ҳарбӣ меомад (П. Э. Арамбуру, Аргентина Фрондиси, Аргентина Илйиа). Ҳукумати генерал Аргентина Аргентина Лануссе (1971 – 1973) мамлакатро аз бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ бароварданӣ шуда, барои барқарор кардани шакли конститутсионии идораи мамлакат тадбирҳо андешид, интихоботи президентро гузаронд. Ҳаммаслаки Перон Э. Кампора ба сари ҳокимият омада, тадбирҳои прогрессивӣ андешид, вале гурӯҳҳои мухолифи ростҳо ва радикалҳо Кампораро маҷбур карданд, ки соли 1973 ба истеъфо барояд. Перон боз ба сари ҳокимият омад, вале соли 1974 ногаҳон вафот кард. Солҳои 1976 – 1981 боз давраи табаддулот, ивазшавии ҳукуматҳои ҳарбӣ ва терроризм гардид.
Соли 1982 бо мақсади сабук кардани бӯҳрони иқтисодӣ сарвари онвақтаи Аргентина Л. Галтиерӣ хост ҷазираҳои Фолкленд (Малдив)-ро, ки аз соли 1883 мулки Британия буд, забт намояд, вале дар ин ҷанг шикаст хӯрд ва мустаъфӣ шуд. Соли 1983 дар натиҷаи гузарондани интихоботи демократӣ Р. Алфонсин – намояндаи Иттифоқи граждании радикалҳо, соли 1989 К. С. Менем – роҳбари Ҳизби хутсиалистӣ (истилоҳи ҷорикардаи Перон, ки маънояш барпо кардани давлати боадолат ё адолатпеша аст) сари қудрат омаданд. Ба Менем муяссар шуд, ки иқтисоди мамлакатро баланд бардорад ва вазъи муназзами сиёсиро пойдор намояд. Ин буд, ки ӯ соли 1995 дуюмбора Президент интихоб шуд. Ҳизби хутсиалистӣ ё перонистӣ, ки сарвараш Менем буд, ҳангоми интихобот ба Конгресс дар Палатаи намояндагон аксари ҷойҳоро ишғол кард.
Ислоҳоти иқтисодие, ки соли 2001 вазири иқтисод Кавалло гузаронд, боиси бӯҳрони шадиди молиявӣ гардид (дефолт, паст рафтани қурби песо; побанди доллар шудан – чун Аргентина бонки марказӣ надошт), Хазинаи Байналмилалии Асъор низ шартҳои вазнин гузошт. Дар ин давра миқдори бекорон ба 22 – 24% расида, бӯҳрони иқтисодӣ авҷ гирифт. Паймони (коалитсияи) «Алянс» – ғолиби интихоботи соли 1999 низ аз уҳдаи пешгирии ин вазъ баромада натавонист ва дек. 2001 истеъфо дод. Дар интихоботи соли 2003 губернатори музофоти Санта-Крус, пешвои ҳаракати «Фронти ғалаба» Н. Кричнер Президенти Аргентина интихоб шуд.
Аргентина мамлакати аграрию саноатӣ аст. Ҷиҳати фарқкунандаи соҳаи кишоварзии Аргентина аз дигар давлатҳои Америкаи Лотинӣ дар он аст, ки бо вуҷуди дар ин соҳа ҳамагӣ 1 фоизи аҳолӣ машғул будан, ӯ худро бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пурра таъмин карда, ба миқдори зиёд аз ин мавод содир мекунад (50%-и даромади содиротии Аргентинаро ташкил медиҳад).
Аз ҷиҳати саршумори чорвои калони шохдор (қариб 60 млн) Аргентина дар ҷаҳон ҷойи шашум, аз ҷиҳати истеъмоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва гӯшт ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад. Аргентина истеҳсолкунанда ва содиркунандаи намоёни гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ аст. Дар саноати хӯрокворӣ истеҳсоли соя, равғанҳои рустанӣ, орд, шароб низ бартарӣ дошта, аз ҷиҳати ҷамъоварии гандум дар ҷаҳон мавқеи калон дорад.
Саноати сабук бо соҳаҳои худ қариб дар ҳамаи музофотҳои Аргентина ҷойгир шудааст. Истеҳсол ва содир кардани чарму пойафзор соҳаи пешрафтаи он аст. Корхонаҳои саноати вазнин дар пастиҳои Парана, минтақаҳои саноатии байни Буэнос-Айрес ва Росарио ва асосан дар Буэнос-Айреси Калон (бо агломератсияаш) ҷойгир шудаанд. Аргентина аз ҷиҳати истихроҷи нефт дар Америкаи Лотинӣ ҷойи чорумро ишғол карда, аз рӯи захираҳои уран дар ҳайати даҳ давлати пешрафтаи ҷаҳон аст. Аргентина бо тадқиқоти илмии соҳаи энергетикаи ядроӣ ва саноати уран машҳур аст. Истеҳсоли сурбу руҳ, мис, алюминий соҳаҳои тараққикардаи металлургияи рангаи кишваранд.
Мошинсозӣ (ширкатҳои «Форд», «Крайслер», «Тойота», «Пэжо» дар Аргентина заводҳои худро доранд), электротехника (заводҳои IBM, Siemens), киштисозӣ (дар Буэнос-Айрес, Энсенада), самолётсозӣ (Кордова) низ аз соҳаҳои рушдкарда мебошанд.
Дар соҳаи саноати сӯзишворию энергетикӣ мавқеи асосиро истихроҷи нефту газ ва гидроэнергетика мегирад. Баъди кашфи кони газ дар музофоти Нуакен истеҳсоли солонаи он ба 50 млрд м3 расида, талаботи саноат ва аҳолиро пурра таъмин кард. Аргентина дар Америкаи Лотинӣ аввалин шуда ба энергияи атомӣ рӯ овард (зиёда аз 10%-и истеҳсоли барқи мамлакат): нерӯгоҳҳои атомии «Атуча» (1974), «Эмбалсё», «Атуча-II»; 61,3%-и қувваи барқ ба тавассути неругоҳҳои аловӣ, 29,6% дар НБО-ҳо тавлид мешавад. Истихроҷи ангишт, маъдани оҳан, алюминий, руҳ, мис, уран, тило, нуқра, сулфур, гипс, асбест, мармар; истеҳсоли чӯян ва пӯлод дар иқтисоди Аргентина мавқеи муҳим дорад. Корхонаҳои калонтарини коркарди маъдани кӯҳӣ дар Катамарка, Санта-Крус, Сан-Хуан, Мендоса, Жужуй ҷойгиранд. Металлургия ва мошинсозӣ низ аз соҳаҳои асосии саноати вазнини Аргентина мебошад. Дар байни кишварҳои тараққикарда Аргентина истеҳсол ва содиркунандаи намоёни дастгоҳҳо мебошад.
Корхонаҳои саноати химия, истеҳсоли кислотаи бор, дорусозӣ, чармгарӣ (аз ҷумла пойафзор ва либоси чармӣ) нассоҷӣ (матоъҳои пахтагӣ, пашмӣ, катонӣ), маҳсулоти бофандагии дастӣ ва ғайра фаъоланд. Аргентина дар минтақа бо неруи илмию техникӣ ва инкишоф додани технологияҳои нав фарқ мекунад. Шарикони асосии тиҷоратии Аргентина: Бразилия, ШМА, Хитой, Чилӣ, Голландия, Германия. Аргентина содиркунандаи машҳури маҳсулоти кишоварзӣ, автомошинаҳо, таҷҳизоти саноати хӯрокворӣ, коғаз, технология ва ғайра буда, узви Ассотсиатсияи интегратсияи Америкаи Лотинӣ аст. Соли 1991 байни Аргентина, Бразилия, Парагвай ва Уругвай оид ба таъсиси бозори ягона – Меркосур, ки барои додугирифти озод, ҳаракати бемамониати молу мавод ва хидматрасонӣ мусоидат мекунад, аҳднома ба имзо расидааст. Туризм низ дар Аргентина соҳаи тараққикарда аст.
Ғайр аз сайёҳони кишварҳои Америкаи Лотинӣ ба Аргентина аз Аврупои Ғарбӣ ва солҳои охир аз Япония барои тамошои ҷангалҳои тропикӣ, махсусан яке аз бузургтарин шаршараҳои олам – Игуасу, курортҳои лижаронии сатҳи байналмилалии Сан-Карлос-де-Барилоче, кӯлҳои зебои кӯҳӣ, ягона дар ҷаҳон пиряхи маскун – Перито-Морено, макони зисти колонияи бузурги пингвинҳо Уилуая ва ғайра ҳар сол наздики 3 млн одам меояд.
Дар Аргентина зиёда аз 7,5 ҳазор меҳмонсарой фаъолият мекунад. Комитети олимпии Аргентина соли 1927 таъсис ёфтааст. Ёрии тиббӣ аз ҷониби иттифоқҳои касаба, суғуртаи давлатӣ ва ихтиёрӣ, госпитал ва клиникаҳои давлатӣ расонда мешавад. Духтурон дар факултетҳои тиббии донишгоҳҳо таълим мегиранд. Дастгирии маблағии кооперативҳои тиббӣ аз ҷониби давлат ба пешравии соҳа мусоидат кард. Дар соҳаи тиб Аргентина духтурони машҳур, олимони навовар, аз ҷумла се нафар дорандаи Мукофоти Нобелро дорост, ки дар соҳаи бемориҳои дил, тоза кардани хуни лахтбастаи он, ихтирои асаби ангезандаи дил, такмили афзори ҷарроҳии дил ва дигар узвҳо, хунгузаронии безарар ва ғайра дастовардҳои нодирро соҳиб гаштаанд.
Сатҳи саводнокии аҳолӣ дар Аргентина ба 97% мерасад. Дар системаи маорифи мамлакат таълимоти томактабӣ, маълумоти ибтидоӣ, миёна, касбию техникӣ ва олӣ ҷорист. Дар Аргентина маълумотгирӣ дар тамоми сатҳҳо ройгон аст (аз соли 1984). Зиёда аз 90%-и мактабҳо давлатӣ, боқимонда хусусианд (аз ҷумла мактабҳои католикӣ). Аз 85 донишгоҳ 38-тоаш давлатӣ мебошад. Мактабҳои олии намоёни мамлакат: Донишгоҳи Буэнос-Айрес, Донишгоҳи католикии Аргентина (хусусӣ), донишгоҳҳои миллӣ дар Ла-Плата, Кордова, Росарио, Тукуман, Мендоса, Санта-Фе (ҳама давлатӣ); донишгоҳҳои Эл-Салвадор, Маймонидес, Сан-Андрес, Палермо ва ғайра (хусусӣ).
Дар замони мустамлика будани Аргентина таҳқиқоти илмӣ аз ҷониби олимони муҳоҷир дар маъбадҳои католикӣ бурда мешуд. Аз садаи XIX донишгоҳҳо, лабораторияҳо ва музейҳо марказҳои илм гардиданд. Муассисаҳои илмии куҳантарин: Академияи миллии тиб (1822, Буэнос-Айрес), Академияи илмҳо (1873, Кордова), Академияи миллии илмҳои дақиқ, физика ва табиатшиносӣ (1874), Лабораторияи электротехникии назди Донишгоҳи Буэнос-Айрес, Музейи ботаникӣ (1870, Буэнос-Айрес), Расадхона (1871, Кордова) ва ғайра Соҳаи илмро дар мамлакат Котиботи федералӣ оид ба илм ва техника ва Шӯрои давлатӣ оид ба илм муттаҳид ва танзим мекунанд. Аз ибтидои садаи XX дар Аргентина зиёда аз 1000 институти илмию тадқиқотӣ ва лабораторияҳо фаъолият доранд, зиёда аз 400 номгӯи нашрияҳои илмию информатсионӣ ба табъ мерасанд. Аргентина барномаи хусусии ядроӣ дошта, соли 1957 реактори таҳқиқотӣ ва соли 1974 аввалин дар Америкаи Лотинӣ реактори тиҷоратиро сохта ба истифода дод. Объектҳои ядроӣ бо истифода аз технологияҳои аргентинӣ дар Перу, Алҷазоир, Австралия, Миср сохта шудаанд. Аргентина узви Шӯрои мудирони МАГАТЭ буда, паҳн нагардидани яроқи ядроиро пуштибонӣ ва таъмини бехатарии глобалии ядроиро дастгирӣ менамояд. Аргентина якчанд ҳамсафари маснуии заминро ба мадор бароварда (1990, 1996, 2007), Агентии кайҳонии CONAE ва расадхонаи таҳқиқкунандаи шуоъҳои кайҳониро дар музофоти Мендоса дорост.
Ҷиҳати фарқкунандаи адабиёти Аргентина мувоҷеҳ будани ӯ ба адабиёти ғарб аст. Чунки таърихан аҳолии он аз ҳисоби муҳоҷирони кишварҳои гуногуни Аврупо пурра шуда, ҳар қавм ин ҷо «адабиёти худро» меовард. Дар асарҳо ба ҳам омадани анъанаҳои маҳаллӣ бо анъанаҳои аврупоӣ (бештар метрополияи испанӣ) ва умумиҷаҳонӣ мушоҳида мешавад. Солҳои 1810 – 80 класситсизми инқилобии ватандӯстона (Б. де Монтеагудо, П. Риварола, Э. де Лука), баъди эълон шудани истиқлол ҷараёни романтизм ҳукмрон шуд (Э. Эчеверриа, Х. М. Гутеррес, Д. Сарменто). Адабиёт ва назми «гуачо» – инъикоскунандаи ҳаёти чӯпонон ва чорводорони калон – падидаи хоси адабӣ шуд (Б. Идалго, Э. дел Кампо, И. Аскасубӣ). Дар нимаи 2-юми садаи XIX адабиёти «костумбристӣ» (панду ахлоқӣ) тараққӣ кард (Х. М. Эстрада, Ф. Сикардӣ, К. М. Окантос). Солҳои 1900 – 1940 дар адабиёти Аргентина ду иттиҳодия: гурӯҳи «Флорида» (Лугонес, О. Хорондо, Х. Л. Борхес) – шиораш «санъат барои санъат» ва «Боэдо» (Р. Арлт, С. Тйемпо, Аргентина Юнке) – бо шиори «санъат барои ҳаёт» ба майдон омаданд. Борхес ва Кортасарро «сутуни» адабиёти аргентинӣ меҳисобанд. Адибони солҳои 1940 – 60 бештар ба лирика рӯй меоварданд (В. Варберӣ, О. Ороско). Дар қатори асарҳои дар рӯҳи реализм эҷодшуда (Э. Л. Кастро, Э. Сабато) осори мавҳуми даркаш ба хонанда ҳаволашуда ба табъ мерасиданд (Аргентина Биой Касарес, Кортасар). Баъди солҳои 70 ва 90 садаи XX адибони ҷараёни «навтарин» падид омаданд, ки бештар ба кушодани характери миллии қаҳрамонон ва талқини ғояҳои реализми нав мекӯшиданд (Аргентина Кастило, М. Пуиг, Х. Салас). Шоирони гуманизми нав зери таъсири адабиёти замони охири англис ва италиявӣ қарор доранд. Дар байни адибони имрӯза Аргентина Поссе, Т. Элой Мартинес, Ф. Андахазӣ мавқеи намоён доранд.
То истилои Аргентина аз ҷониби испаниҳо дар ҳудуди мамлакат осори маданияти бадеии қабилаҳои кӯчманчии чако ва араукан, аз қабили матоъҳои мунаққаш, ҳайкалчаҳо, ашёи сафолии сирдодашудаи тасвирдор ва ғайра маҳфуз мондаанд. Баъди истилои испаниҳо маданияти ҳиндиёни Аргентина таназзул кард. Дар давраи мустамлика биноҳо шакли одӣ дошта, аз лойкулӯлаҳои коҳдор ва похса сохта мешуданд, сохтмони хиштӣ танҳо дар Буэнос-Айрес вомехӯрд (бештар дар шакли испанӣ ва мавританӣ). Шаҳрҳои Буэнос-Айрес, Кордова, Салта, Санта-Фе дар аҳди Карли V дар шакли росткунҷа (бо шабакаи кӯчаҳои баробар тақсимшуда), ки дар мобайн майдони марказӣ ва калисои ҷомеъро ҷой медоданд, сохта шудаанд (биноҳои садаи XVII ва бештар садаи XVIII маҳфуз мондаанд). Биноҳои динӣ асосан бо кӯшиши ордени иэзуитҳо (меъморон Ф. Лемер, Х. Краус, Аргентина Бланкӣ, Х. Б. Примолӣ, тарҳашон салибшакл) сохта мешуданд – дайрҳои Сан-Франсиско дар Санта-Фе (1680), калисо дар Кордова (1646 – 90, бо гунбази қутраш 10-метра, меъмор Лемер). Биноҳои ҷамъиятӣ дар услуби барокко (асри 18) ва класситсизм (асри 19), қасрҳои хусусӣ дар услуби модерн сохта шуда, минбаъд сохтмони корхонаҳои саноатӣ авҷ гирифт. Аз ибтидои садаи XX сохтани биноҳои бисёртабақа (меъморон Аргентина Вирасоро, Аргентина Вилямс, дар услуби конструктивизм) маъмул гашт. Гурӯҳи эҷодии «Аустрал» дар ҷустҷӯи шаклҳои меъмории одиву шинам буда, ба шаҳрсозии кишвар лоиҳаҳои ҷолиб пешкаш мекунад. Дар санъати тасвирии давраи мустамлика анъанаи аз Парагвай омадаи санъати кандакорӣ ва заргарии намояндагони қабилаи гуаранӣ мақоми махсус дошт. Нимаи садаи XIX иртиботи маданию фарҳангии Аргентина бо Аврупо фаъолтар шуда, дар санъати тасвирӣ анъанаҳои романтизми франсавӣ (рассом Р. Монвуазен, ҳайкалтарош аз Италия К. Ромайроне) бештар зоҳир мешуд. Ҳамзамон анъанаҳои тасвиргарии маҳаллӣ ривоҷ меёфт (литографияи К. Морел, мусаввараҳои П. Пуэйредон, пайкараҳои Л. Корреа Моралес). Солҳои 1900 – 20 импрессионизм (Ф. Фадер, Р. Ируртия), примитивизм (Р. Солдӣ), кубизм (Э. Петторутӣ), абстраксионизм (Аргентина Сибеллино), чоряки аввали садаи XX анъанаҳои неореализм (реализми нав – зодаи монументализми Мексика; Аргентина Берни, Л. Э. Спилимберго); дар давраи охир – поп-арт (Аргентина Бернӣ, М. Минухин), «санъати кинетикӣ» (Х. ля Парк), хулоса, тамоми ҷараёнҳои санъат дар осори эҷодкорони Аргентина инъикос гардидааст.
Дар маданияти мусиқии аргентинагиҳо жанрҳо ва шаклҳои хоси креолҳо (аввалин испаниҳо ва португалиҳои дар Аргентина маскуншуда) ва ҳиндиёни таҳҷоӣ инъикос ёфтааст: оҳанг ва рақсҳои анъанавии видала, сафра, тоно, эстило; аз жанрҳои замони нав – милонга, маламбо маъмуланд. Танго аз шакли нимфолклорӣ ба жанри мусиқии касбӣ табдил ёфт. Сози асосӣ гитара буда, аккордеон ва арфа низ дар истифодаанд. Аввалин намояндагони мусиқии касбӣ дар капеллаи Калисои ҷомеи кафедралии Буэнос-Айрес ва калисои «Ла Компания»-и Кордова таълим мегирифтанд. Дар меҳмонхонаҳо ва бошишгоҳҳои аристократияи маҳаллӣ беҳтарин асарҳои мусиқии Аврупо иҷро мешуданд. Аввалин театрҳои мусиқӣ нимаи дуюми садаи XVIII кушода шуда, то охири садаи XIX дар саҳнаҳои Буэнос-Айрес операи италиявӣ мавқеъ пайдо кард ва дар он қариб тамоми операҳои классикии Аврупо гузошта шуданд. Дар охири садаи XIX Буэнос-Айрес маркази ҷаҳонии дараҷаи аввали опера ҳисоб мешуд. Танҳо нимаи дуюми садаи XIX аввалин композиторони касбии маҳаллӣ пайдо шуда (Ф. Харгрейвс намоёнтарини онҳо), дар мусиқиашон унсурҳои фолклори буниро бо шаклҳои академии аврупоӣ омезиш медоданд. Композиторони Аргентина солҳои 30 садаи XX ба ду гурӯҳ – ҷонибдорони равияи сирф миллӣ ва равияи модернистию космополитӣ ҷудо шуданд. Асарҳои дар охири садаи XX дар жанри танго эҷодкардаи Аргентина Пятссала (Пьяццала) машҳури ҷаҳон гардидаанд. Аргентина Хинастера бузургтарин композитори садаи XXI-и Аргентина ба ҳисоб меравад.
Аргентина 18 дар театри Аргентина дастаҳои балети ба сафари ҳунарӣ омада баромад мекарданд (масоли, «Жизел»-и Аргентина Адан, басаҳнагузорандагон Ж. Кораллӣ ва Ж. Перро). Гурӯҳи балетии соли 1925 ташаккулёфтаи таҳҷоӣ (роҳбараш Аргентина Р. Болма) дар бинои театри «Колон» машқ ва баромад мекард. Ҳунарпешагони санъати балети Россия аз соли 1910 дар саҳнаи ин театр зиёд баромад карда, ин ҳамкориро то имрӯз идома медиҳанд. Солҳои 1980 – 90 бисёре аз артистони балети Аргентина шуҳратманд шуда, дар бузургтарин театрҳои ҷаҳон баромад мекунанд. Иҷрокунандагони «рақси модерн» ва рақсҳои миллии аргентинӣ, махсусан танго дар тамоми олам эътироф шудаанд. Аввалин пйесаҳои миллӣ – трагедияҳо, сайнетҳо (мазҳакаҳои мусиқии миллӣ) охири садаи XVIII навишта шудаанд. Репертуари театрҳои он давр асосан аз пйесаҳои испанӣ иборат буда, ҳамзамон асарҳои муаллифони миллӣ (Аргентина Моранте) ба саҳна гузошта мешуданд. Драматургони аргентинӣ дар замони диктатураи Х. Росан асосан дар муҳоҷират эҷод мекарданд. Нимаи дуюми садаи XIX, бо вуҷуди ба кор даромадани театрҳои зиёд, дар саҳна асосан ҳунарпешаҳои хориҷӣ ҳунармандӣ менамуданд. Солҳои 80 садаи XIX театрҳои Аргентина ба романтизм ва тасвири ҳаёти табақаҳои поёни ҷамъият рӯ овардаанд. Шакли намоиши ба ном «театри гучо» (як навъи мелодраммаи романтикӣ) тараққӣ кард. Дар садаи XX санъати театрии Аргентина низ ба ду равия – реалистӣ ва авангардӣ тақсим шуда, бештар моҳияти тиҷоратӣ гирифт. «Театрҳои мустақил» ба анъанаҳои ҳаққонии театр, ба мавзӯъҳои миллӣ рӯ оварда аз таҷрибаи бойи театрҳои аврупоӣ ва системаи К. С. Станиславский бархурдор шуданд. Солҳои 60 дар театри Аргентина тамоюлҳои реализми нав ва «театри абсурд» (театри мавҳум) зоҳир гашта, минбаъд ин соҳаи санъати Аргентина ба ҳаракати «Эҷодиёти дастҷамъӣ»-и Америкаи Лотинӣ, «Театри кушод»-и таъсисдодаи О. Драгун, умуман ба раванди демократикунонии театр пайваст. Машҳуртарин режиссёрон ва актёрони садаи XX-и театри Аргентина: Аргентина Боэро, П. Аскинӣ, К. Горастис, Ф. Петронӣ, О. Грассо, Х. Гарсиа, Х. Сибериан, М. Лусиано ва дигарон. Театри Аргентина дар сафи пеши ин намуди санъати Америкаи Лотинӣ қарор дошта, Буэнос-Айресро «пойтахти театр» ва ҳаракати фестивалии ҷаҳон мешуморанд.
Аввалин филми кӯтоҳметражи «Байрақи Аргентина»-ро соли 1897 оператори франсавӣ Э. Пӣ ба навор гирифт. Филми «Парондани Доррего» (1908, реж. М. Галйо) аввалин таҷриба буд дар соҳаи кинематорграфияи бадеӣ. Соли 1930 бори аввал филми овоздор рӯйи навор омад. Соли 1933 филми «Танго» (реж. Х. Моля Барт) бо иштироки ҳунармандони машҳур Либертад Ламарк, Т. Морелйо, Л. Сандрини ва К. Гардел ба навор гирифта шуд. Соли 1956 Институти кинои миллӣ таъсис ёфт. Режиссёрони насли калонсол дар рӯҳияи реалистӣ фаъолияти хешро идома дода, филмҳои Демаре («Баъди сукут», 1956, «Сафра», 1959), Дел Каррил («Ин замини ман», 1960), Ф. Аяла («Пешво», 1958) эҷод шуданд. Аз миёнаҳои солҳои 80 санъати кинои миллии Аргентина рӯ ба тараққӣ ниҳод ва бештар филмҳои таърихӣ рӯи навор омаданд. Дар офаридани филмҳо доир ба тақдири занон нақши М. Луиса Бемберг бо филмҳои «Камила» (1984), «Хонум Мэрӣ» (1986), «Бадтарин зан» (1990) калон аст. М. Пинейро («Аспони ваҳшӣ», 1996), Аргентина Аристарайн («Мартини хурдӣ», 1997), «Ҷойи умумӣ», 2002), Х. Хосе Кампанеля («Писари арӯс», 2001) режиссёрони машҳури Аргентина ба ҳисоб мераванд. Дар Мар-дел Плата солҳои 1954 – 70 кинофестивалҳои байналхалқӣ гузаронда мешуданд (охиринаш соли 1996). Аз соли 1998 кинофестивалҳои байналхалқӣ дар Буэнос-Айрес баргузор мегарданд. Силсилафилмҳои телевизионии Аргентина дар шабакаҳои телевизиони Россия ва Тоҷикистон (дар тарҷума) намоиш дода мешаванд.
Дар Аргентина матбуоти даврӣ хеле инкишоф ёфта, бештар мустақил аст. Рӯзе наздики 2 млн нусха рӯзнома (зиёда аз 349 номгӯй) нашр мешавад; машҳуртаринашон: «Clarin» (аз соли 1945), «La Nacion» (1879), «Cronica» (1963), «Financiero» (1976), «La Prensa» (1869).
Дар Аргентина 260 радиостансияи давлатӣ ва хусусӣ мавҷуд аст.
Намоишҳои телевизиониро панҷ шабакаи умумимиллӣ нишон медиҳанд. 22 музофот ва шаҳрҳои бузурги Аргентина пойгоҳҳои телевизионии худро доранд. Барномаҳои телевизионии Аргентина барои тамоми сокинони Америкаи Лотинӣ ва испанизабонони тамоми қитъаи Америка дастрас аст.
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.