![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/5/53/Abdus_Salam_1987.jpg/640px-Abdus_Salam_1987.jpg&w=640&q=50)
Абдуссалом
From Wikipedia, the free encyclopedia
Муҳаммад Абдусалом (форсӣ: محمد عبدالسلام; 29 январ 1926[1][2][3][…], Jhang[d], Роҷи Бритониё — 21 ноябр 1996[1][2][3][…], Оксфорд, Бритониёи Кабир) — физикидони пуровозаи аҳли Покистон. Ӯ дар соли 1979 Ҷоизаи Нобели физикро ба хотири ироаи формулабандии воҳидӣ барои нерӯи электрумиғнотис ва нерӯи ҳастаии заъиф, ки барҳамкуниши электрузаъиф номида мешавад, дарёфт кард. Вай нахустин покистонӣ ва дувумин мусалмон пас аз Анвари Содот буд, ки барандаи Ҷоизаи Нобел шуд.
англ. Abdus Salam, урду: عبد السلام | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 29 январ 1926(1926-01-29) |
Зодгоҳ | Панҷоб (Покистон) Покистон |
Таърихи даргузашт | 21 ноябр 1996(1996-11-21) (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | Шаблон:МС, Британияи Кабир |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | физика |
Ҷойҳои кор |
|
Дараҷаи илмӣ: | профессор |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер |
Government High School, Jhang Sanatan Dharma College, Lahore Government College University Lahore (BA) University of Mumbai Punjab University (MA) St. John's College, Cambridge (PhD) |
Роҳбари илмӣ |
Николас Кеммер Paul Taunton Matthews[en] |
Шогирдон | Fayyazuddin[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо |
![]() |
![]() |
Аз соли 1980 то соли 2017 ба далели пешгирӣ аз даргириҳои мазҳабӣ ҳамвора аз бурдани номи вай дар миёни мардум ҷилавгирӣ шудааст, зеро ба ҷои дастовардҳои бисёри ӯ, ҳамеша бовари мазҳабиаш меъёри доварӣ дар бораи ӯ буд. Дар соли 2018 торнамои Netflix филми мустанаде бо номи «Абдусалом, нахустин барандаи ҷоизаи Нобел»-ро дар бораи ӯ сохт, ки ишорае ба ҳазфи вожаи «мусалмон» аз санги қабри ӯ низ дорад.
Муҳаммад Абдусалом дидгоҳи зиддиистеъморӣ дошт. Ва ба чашми ҷаҳониён аввалин мусалмоне буд, ки барандаи Ҷоизаи Нобели физик мешуд, вале дар кишвари худаш, Покистон, ӯро мусалмон намешумориданд.