Ҷӯроб
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷӯроб, ҷураб — як навъ пойпуши маъмулан пашмин (ё пахтагин)-и халқҳои Осиёи Миёнаро гӯянд, ки барои пойҳо ва нигоҳ доштани онҳо аз сардӣ пӯшида мешавад. Ҷӯроб бештар аз пахта, пашм ва ё нейлон тайёр карда мешавад.
Ҷӯробро аз қадимулайём тоҷикони кӯҳистон аз ҷумла Помир дар рӯзҳои тӯй, ид ба меҳмон туҳфа мекарданд, ки ин анъана то имрӯз давом дорад. Ҷӯроб аз қисми соқ, пошна ва пешпанҷа иборат аст. Ҷӯробро ҳар бофанда мувофиқи завқу маҳораташ гулпарто карда мебофад. Инкишофи санъати амалии халқ хелҳои гуногуни ҷӯробро ба вуҷуд овардааст: гули садбарг, ситора, байрақ, ракета, рах-рах, баргак ва ғайра.
Сохти ҷӯроб ду хел аст: Мӯзаҷуроб (дароз) ва ҷуробак (кӯтоҳ, асосан бо туфлӣй мепӯшанд). Бофанда пеш аз он ки ба кор сар кунад, пешакӣ нусхаи дилхоҳашро ба рӯи коғаз кашида, ҳисобу китоб карда баъд аз рӯи он нусха ба бофтан шурӯъ менамояд.