Ҷоизаи Нобел
From Wikipedia, the free encyclopedia
Ҷоизаи Нобел (швед. Nobelpriset, англ. Nobel Prize) — яке аз бонуфузтарин ҷоизаи байналхалқӣ мебошад, ки ҳар сол барои тадқиқотҳои барҷастаи илмӣ, ихтирокориҳои револютсионӣ, саҳми бузург дар фарҳанг, рушди ҷомеа супорида мешавад.
швед. Nobelpriset | |
Таърихи таъсис | 1901 |
---|---|
Овонигошти АОБ | noˈbɛl |
Номида ба шарафи | Алфред Нобел |
Бунёнгузор | Алфред Нобел |
Кишвар | |
Макони кунунӣ | |
Ҷоиза аз | Norwegian Nobel Committee[d], Royal Swedish Academy of Sciences[d], Swedish Academy[d], Nobel Assembly at the Karolinska Institute[d] ва Алфред Нобел |
Баҳои мунаққидон | 5[1] ва 0.8[2] |
Замони баргузорӣ | 10 декабр |
Вебгоҳи расмӣ | nobelprize.org(англ.) |
Шумори пайгирон | 1 028 488 ва 589 000 ± 999[3] |
Ҳисоб мешавад танҳо ва танҳо яке аз қисми | нигаред ба рӯихати[d] |
Гурӯҳи барандагони ҷоизаҳо | Гурӯҳ:Барандагони Ҷоизаи Нобел |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷоизаи Нобел мувофиқи меросномаи Алфред Нобел (соли 1895) таъсис ёфтааст. Дар соли 1901, нахустин ҷоизаҳои ин бунёд эҳдо шуд. Тибқи васияти ӯ, панҷ ҷоиза ба таври солона дар риштаҳои физик, химия, физиология ва пизишкӣ, адабиёт ва сулҳ ба афроде дода мешавад, ки бештарин хидматро ба мардум карда бошанд[4][5][6]. Шашумин ҷоиза яъне ҷоизаи ёдбуди Нобели илмҳои иқтисодӣ низ соли 1968, тавассути Бонки марказии Шветсия поягузорӣ шуд, ки албатта дар феҳристи ҷоизаҳои марбут ба бунёди Нобел ҷой надорад[7].
Ҳоло андозаи Ҷоизаи Нобел 10 млн кронаи шведӣ (қариб 1,05 млн евро ё 1,5$ млн доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.