Қасида
From Wikipedia, the free encyclopedia
Қасида (арабӣ: قصيده) яке аз шаклҳои шеър, ки камтар аз понздаҳ байт намебошад ва ҳар ду мисраи байти аввал бо мисраъҳои дуюми байтҳои дигар ҳамқофия меояд; қасидаи баҳория қасидае, ки тамоми он ва ё нисбаш дар тасвири баҳор гуфта шудааст; қасидаи мадҳия қасидае, ки дар мадҳи шахсе гуфта шудааст; қасидаи фахрия қасидае, ки тамоми он ва ё нисбаш иборат аз баёни сифатҳои худи шоир ва ифтихори ӯ аз илму ҳунараш мебошад; қасидаи хазония қасидае, ки тамоми он ва ё нисбаш ба тасвири фасли тирамоҳ бахшида шудааст; қасидаи ҳаҷвия қасидае, ки дар ҳаҷви касе гуфта шудааст.