ҳунарпешаи латиноамрикоӣ From Wikipedia, the free encyclopedia
Элизабет Гутеррес Неварес (англ. Elizabeth Gutierrez Nevarez ; тав. 1 апрел 1979, Лос Анҷелес, Калифорния, ИМА) — ҳунарпешаи теленовела ва модели латиноамрикоӣ. Ҳамсари ҳунарпеша Вилям Левӣ мебошад.
англ. Elizabeth Gutiérrez | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Elizabeth Gutiérrez Nevárez |
Таърихи таваллуд: | 1 апрел 1979 (45 сол) |
Зодгоҳ: | Лос Анҷелес, Калифорния, ИМА |
Шаҳрвандӣ: | ИМА |
Касб: |
ҳунарпеша модел |
Корнома: | 2003-то ҳол |
IMDb: | ID 1868445 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Элизабет дар оилаи мексикоиҳо дар Лос Анҷелеси ИМА таваллуд шудааст. Падараш аз Халиско ва модараш аз Дуранго мебошанд. Элизабет духтари хурди буда, панҷ хоҳар ва як бародар дорад. Вақте ӯ панҷсола буд, ӯ ба Халиско баргаштааст ва онҷо дар мактаби миёнаи монахӣ таҳсил намудааст. Ҳангоми даҳсола буданаш ӯ бо волидонаш ба ИМА баргаштанд.
Фаъолияти Элизабет бо моделӣ оғоз шудааст. Ӯ аввал ҳамчун модел дар бозӣ-шоуи амрикоӣ The Price Is Right баъдан дар мавсими дуввуми реалити шоуи Protagonistas de Novela иштирок намудаааст[1].
Оғози ҳунарнамоӣ дар силсилафилмҳо бошад соли 2006 дар сериоли ширкати телевизионии Cisneros Media Ҳеҷгоҳ фаромӯшат нахоҳам кард (исп. Olvidarte jamás) мебошад, ки нақши Изобели золимро бозидааст. Ӯ сериолро бо сабаби аввалин ҳомиладорияш дар қисмати 100-ум тарк намуд[2]. Дар соли оянда бо шавҳараш Вилям Левӣ дар сериоли Acorralada нақши Паоларо иҷро намудааст[3] ва ин сериолро низ барои иҷрои нақши асосӣ дар силсилафилми Муҳаббати харида (исп. Amor comprado, 2007), тарк намудааст. Соли 2007 ӯ инчунин дар минисериоли Isla paraíso нақши марказиро бозидааст, ки сериол аз 15 қисми 2 дақиқаӣ иборат мебошад. Ин сериолро шабакаи Venevisión ба намоиш гузоштааст. Соли 2008 ба Элизабет боз як пешниҳоди аз тарафи ширкати филмистеҳсолкунии Telemundo барои иҷрои нақши марказӣ дар силсилафилми Ниқоби Онолиё (исп. El rostro de Analía) шуд, ки ӯро машҳури ҷаҳон намуд. Ин сериол зиёда дар 50 кишвари ҷаҳон ба намоиш гузошта шудааст, ки дар Тоҷикистон низ тариқи фиттаҳо бо тарҷумаи забони форсӣ дастраси мардум гашт. Ҷуфти ӯро дар сериол Мартин Карпан бозидааст.
Соли 2009 ба ӯ ду пешниҳод дар нақшҳои дуввумдараҷа шуд, ки яке иҷрои нақши Пересило дар силсилафилми "Тилисми зебо" (исп. Bella calamidades) буд,ки ӯ рад намуд? (Адриана Кампос бозидааст), ва дигаре иҷрои нақши Росендаи золим дар сериоли Дили сангин (исп. Corazón salvaje) буд, ки қабул намуда бо ҳунарпешаҳои маъруф Араселӣ Арамбула ва Эдуардо Янез ҳунарнамоӣ намудааст ва аз тарафи мунаққидон иҷрои ӯро баҳои мусбӣ доданд[4].
Сеюмин нақши марказии ӯ дар сериоли машҳури Рӯҳи Ҳелено (исп. El fantasma de Elena) мебошад, ки ин силсилафилм зиёда дар 70 кишвар ба намоиш гузошта шудааст. Сериол машҳурияти зиёде ба ӯ овард. Нақши марказии писаронаро Сегундо Сернадас иҷро намудааст [5]. Ӯ инчунин дар қисмати аввали сериоли "La Mala, La Buena y La Tonta" нақш бозидааст, аммо лоиҳаро тарк намудааст. Элизабет соли 2010 дар реалити шоуи Mira quién baila иштирок намудаааст. Соли 2012 дар сериоли "Роҳи қасос" (исп. El rostro de la venganza), нақши дуввумдараҷаро бозидааст. Қаҳрамони ӯ Морионо Сан Лукос модели пулпараст буда, дӯстдухтари падару писар мебошад. Ин сериолро низ тарк намудааст.
Ҳангоми банаворгирии Protagonistas de Novela соли 2003, ки шарики ӯ Вилям Левӣ буд, ошноӣ пайдо намуд[6]. Ва миёни онҳо муносибатҳои ошиқона оғоз шуда, ҳоло бо никоҳи шаҳрвандӣ якҷоя зиндагӣ менамоянд. Соли 2006 онҳо соҳиби писарбачае Кристофер Александра гардиданд. Ва 6 марти 2010 Элизабет духтарчае Кейли Александра таваллуд намуд[7].
Сол | Номи филм | Бо забони тоҷикӣ | Нақш | Шарҳ |
---|---|---|---|---|
2003 | Protagonistas de Novela | Худаш | Реалити-шоу | |
2004 | Lingerie Bowl | Худаш | Реалити-шоу | |
2005 | The Price Is Right | Худаш | Бозӣ-шоу | |
2006 | Olvidarte jamás | Ҳеҷгоҳ фаромӯшат нахоҳам кард | Изобел Нойро | |
2007 | Acorralada | Паола | ||
2008 | Amor comprado | Муҳаббати харида | Морионо Гомез | |
2008 | Fotonovela | Мелони / Вонилло | Филм | |
2008–2009 | El rostro de Analía | Ниқоби Онолиё | Оно Лусиё "Онолиё" Монкадо / Морионо Ондроде | 178 қисм |
2009–2010 | Corazón salvaje | Дили сангин | Росенда Монтес де Ока | 102 қисм |
2010–2011 | El fantasma de Elena | Руҳи Ҳелено | Ҳелено Лейф | 117 қисм |
2011 | Mira quién baila | Худаш | Реалити-шоу | |
2012 | El rostro de la venganza[9][10] | Роҳи қасос | Морионо Сан Лукос | 173 қисм |
2017 | Milagros de Navidad | Милагрос ва Навидод | Лолито Мортинез | Қисмати: "Лолито"[11] |
2018 | El fantasma de mi novia | Ҳелено | Филм[12] | |
Seamless Wikipedia browsing. On steroids.
Every time you click a link to Wikipedia, Wiktionary or Wikiquote in your browser's search results, it will show the modern Wikiwand interface.
Wikiwand extension is a five stars, simple, with minimum permission required to keep your browsing private, safe and transparent.