Хун
From Wikipedia, the free encyclopedia
Хун, дам (лот. sanguis, юн. αἷμα) — бофтаи моеъи организм аст, ки дар рагҳои хунгард пайваста дар ҳаракат буда, ба ҳамаи узвҳо ва бофтаҳо ворид мешавад ва гӯё онҳоро бо ҳам мепайвандад.
Хун дар организм вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад: оксигенро аз шуш ба бофтаҳо, гази карбонатро аз бофтаҳо ба шуш, моддаҳои ғизоиро ба ҷои ҷаббиш, маҳсули мубодилаи моддаҳоро, ки ихроҷашон зарур аст, ба узвҳои ихроҷ, гормонҳо ва ферментҳоро аз ҷои истеҳсол ба ҷои корӣ мебарад. Хун барои дар ҳолати доимӣ нигоҳ доштани муҳити дохилии организм (фишори осмосӣ, миқдори об, намакҳои маъданӣ ва устувории ҳарорати бадан) иштирок мекунад. Аҳамияти хун дар ҳифзи организм аз омилҳои бегонаи зараровар калон аст.
Меъёри мӯътадили хун дар мардҳо ба ҳисоби миёна 5,200 мл, дар занҳо 3,900 мл мебошад. Хун аз қисми моеъ — плазма (55 — 65 %) ва ҳуҷайраҳои дар он муаллақи хун (35 — 45 %) иборат аст. Ҳуҷайраҳои хун дар узвҳои хунофар ташаккул меёбанд; ҳуҷайраҳои хун ва узвҳое, ки дар онҳо ин ҳуҷайраҳо ба вуҷуд меоянд ва нобуд мешаванд, системаи хун ном дорад.