![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/2/22/Tajikistan_rel_location_map.svg/langtg-640px-Tajikistan_rel_location_map.svg.png&w=640&q=50)
Хонақоҳ (дарё)
From Wikipedia, the free encyclopedia
Хонақоҳ — дарёест дар Тоҷикистон, шохоби рости дарёи Кофарниҳон. Дарё аз нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ибтидо меёбад. Тӯлаш 61 км, масоҳати ҳафзаш 362 км мурабаъ. Болооб ва миёнаоби дарё аз дараи танг, поёнобаш аз водии васеъ ҷорист. Манбаи дарё барфу пирях. Давраи пуробиаш аз охири феврал то миёнаи сентябр давом мекунад. Дарё ширмоҳӣ ва дар болообаш гулмоҳӣ дорад.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Quick Facts Хонақоҳ (дарё), Ҷараёни об ...
Ҷараёни об | |
---|---|
Резишгоҳ (Т) (B) | Кофарниҳон |
• Координатаҳо | 38°26′39″ с. ш. 68°35′32″ в. д.HGЯO |
Мавқеъ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Close