![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/09/Photosynthesis_ru.svg/langtg-640px-Photosynthesis_ru.svg.png&w=640&q=50)
Фотосинтез
From Wikipedia, the free encyclopedia
Фотосинтез (аз юн.-қад. φῶς — нур ва σύνθεσις — пайвастшавӣ, алоқаманд шудан, синтез) — ҷараёни мураккаби кимиёвии табдили неруи рушноӣ (дар баъзе ҳолатҳо афканишоти инфрасурх) ба неруи пайвастшавии кимиёвии моддаҳои органикӣ бо ҳамроҳии хлорофиллҳо дар рустаниҳо ва бактериохлорофиллҳо дар бактерияҳо. Дар физиологияи рустаниҳо фотосинтез аксаран функсияи автотрофӣ ҳисобида мешавад, ки ин маҷмуи ҷараёнҳои азхудкунӣ, табдилдиҳӣ ва истифодаи неруи квантҳои рушноӣ дар реаксияҳои гуногуни эндергонӣ, аз ҷумла табдили гази карбонат ба моддаҳои органикӣ мебошад.
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/09/Photosynthesis_ru.svg/320px-Photosynthesis_ru.svg.png)
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/1/1f/Photosynthesis_equation-ru.svg/640px-Photosynthesis_equation-ru.svg.png)