![cover image](https://wikiwandv2-19431.kxcdn.com/_next/image?url=https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/f/f5/Ubuntu_9.04_Jaunty_Jackalope.png/640px-Ubuntu_9.04_Jaunty_Jackalope.png&w=640&q=50)
Системомил
From Wikipedia, the free encyclopedia
Системаи омил, СО (англ. Operating system, OS) маҷмӯи барномаҳое мебошад, ки таҷҳизоту нармафзори компютерро идора ва ба ҳам ҷӯр месозад. Системаи оператсионӣ раванди воридкунии ахборро аз тарафи истифодабаранда ва система коркард карда, ҷудо кардану идора кардани вазифаҳоро ба истифодабарандагон ва барномаҳо назорат мекунад. Microsoft Windows, Linux ва Mac OS машҳуртарин системаҳои оператсионӣ мебошанд.
![Thumb image](http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/f/f5/Ubuntu_9.04_Jaunty_Jackalope.png/640px-Ubuntu_9.04_Jaunty_Jackalope.png)
Системаи оператсионӣ — маҷмӯи барномаҳои бо ҳам алоқаманд, ки барои идораи захираҳои компютер ва ташкили якҷоя амалкунӣ бо истифодабаранда мебошад. Системаи оператсиониро ба ду гурӯҳ муайянкунанда ҷудо мекунанд: “маҷмӯи барномаҳое, ки таҷҳизотро идора мекунанд” ва “маҷмӯи барномаҳое, ки дигар барномаҳоро идора мекунанд”. Ҳар дуи онҳо вобаста ба ҳолати даркоршавии системаи оператсионӣ, маънои техникии дурусти худро доранд.