Рӯзноманигорӣ
From Wikipedia, the free encyclopedia
Рӯзноманигорӣ, журналистика (франс. journal — рӯзнома, jor — рӯз; асоси лот. diuria — рӯзбайъ) — ниҳоди махсуси иҷтимоӣ, сиёсӣ ва эҷодие, ки вазифаи асосиаш ҷамъ овардан, омода кардан ва пахши ахбори иҷтимоӣ тавассути воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, ТВ, интернет, кино ва ғайра) аст. Зери мафҳуми Журналистика ҳамчунин маҷмӯи фаъолияти ҳамаи субъектҳои ин соҳа — касбҳои гуногун, фанҳои илмиро низ мефаҳманд.